Аз дуоҳои ҳазрати Фотимаи Заҳро (р)

Пешниҳоди сардабир
Аз дуоҳои ҳазрати Фотимаи Заҳро (р)
Худовандо, маро бар он чи рӯзиам намудаӣ, қонеам соз.
Худоё, маро бипӯшон ва мастур бидор ва маро биёмурз.
Худоё, чун умрам ба поён расад ва ба дидори ту мулҳақ гардам, гуноҳонамро бибахшой ва маро мавриди раҳмати хеш қарор деҳ.
Худоё, маро дар ҷустуҷӯи ончи рӯзиам қарор надодаӣ, ба ранҷ маяндоз ва талаби ончи рӯзиам қарор додаӣ, бароям саҳлу осон бигардон.
Парвардигоро, падару модарам ва ҳамаи касоне, ки бар гарданам ҳақ доранд, подоши хайр инояташон фармо.
Ҷаҳонофарино, маро барои анҷоми ибодати хеш аз умури дунё фориғ гардон ва умрамро дар талаби рӯзие, ки ту худ онро кафолат ва замонат намудаӣ, табоҳ магардон. Маро дар миёни дӯзахиён қарор мадеҳ, ки ман акнун дар пешгоҳи ту аз ҳамаи гуноҳонам узр металабам ва маро аз раҳмати хеш маҳрум магардон, ки ман соили даргоҳи туам.
Худовандо, нафси маро дар пешгоҳи виҷдонам залил гардон ва шаъни худро бар ман бинамоён. Ибодат ва итоати худ ва амал бар тибқи ризоятро рӯзиам гардон ва маро аз ончи туро ба хашм меоварад, дур бидор, эй меҳрубонтарини меҳрубонон!
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бахшиш
Лаззат ва ширинии зиндагиро дар чӣ мебинед?

Матолиби пурбоздид