Асабонияти шадиди Тромп аз садри аъзами Олмон

Асабонияти шадиди Тромп аз садри аъзами Олмон

Ахбори байналмилал

Дунолд Тромп – раиси ҷумҳури Омрико, дар вокуниш ба суханони Фридриш Мертс, садри аъзами Олмон, ки гуфтааст, Омрико тавассути Эрон дар ҳоли таҳқир шудан аст, дар шабакаи Trut Social навишт:

“Фридриш Мертс, садри аъзами Олмон, фикр карда Эрон силоҳи ҳастаӣ дошта бошад мушкиле нест. Ин мардак аслан намедонад, чӣ мегӯяд!

Агар дасти Эрон ба силоҳи ҳастаӣ бирасад, кулли дунёро гаравгон мегирад. Ман алъон, як ҳаракате ба Эрон мезанам, ки бақияи кишварҳо ё раиси ҷумҳурҳо бояд хеле вақт пеш анҷом медоданд.

Аслан ҷойи тааҷҷуб надорад, зеро авзои Олмон, ҳам аз назари иқтисодӣ ва ҳам чизҳои дигар, хеле хароб шудааст!”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

New York Times: Бо поёни ин ҳафта, ҷанги Тромп ба як ҷанги ғайриқонунӣ табдил хоҳад шуд
Таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон

Матолиби пурбоздид