Асолати зан ва мард дар Қуръони Карим

Асолати зан ва мард дар Қуръони Карим

Маорифи исломӣ

“Қуръон вақте достони Одам ва шайтонро зикр мекунад, барои Одам асолат ва барои Ҳавво табаъият қоил намешавад. Аввал, ки мефармояд мо гуфтем; мегӯяд: мо ба ин ду нафар гуфтем, ки сокини биҳишт шавед, на фақат ба Одам:

وَلَا تَقْرَبَا هَذِهِ الشَّجَرَةَ

(Сураи Аъроф, ояти 19) Ба ин дарахт наздик нашавед! (Ҳоло он дарахт ҳар чи ҳаст). Баъд мефармояд:

فَوَسْوَسَ لَهُمَا الشَّيْطَانُ

(Сураи Аъроф, ояти 20) Шайтон ин дуро васваса кард. Намегӯяд, ки якеро васваса кард ва ӯ дигареро васваса кард.

فَدَلَّاهُمَا بِغُرُورٍ

(Сураи Аъроф, ояти 22) Боз “ҳумо” замири тасния аст.

وَقَاسَمَهُمَا إِنِّي لَكُمَا لَمِنَ النَّاصِحِينَ

(Сураи Аъроф, ояти 21) Онҷо, ки хост фиреб бидиҳад, ҷилави ҳар дуи онҳо қасами дурӯғ хӯрд. Одам ҳамон миқдор лағзиш кард, ки Ҳавво ва Ҳавво ҳамон миқдор лағзиш кард, ки Одам. Ислом ин фикрро, ин дурӯғеро, ки ба таърихи динҳо баста буданд, зудуд ва баён дошт, ки ҷараёни исёни инсон чунин нест, ки шайтон занро васваса мекунад ва зан мардро ва бинобар ин, зан яъне унсури гуноҳ. Ва шояд барои ҳамин аст, ки Қуръон гӯӣ иноят дорад, ки дар канори қиддисин аз қиддисоти бузург ёд кунад, ки тамомашон дар мавориде бар он қиддисин улувв ва бартарӣ доштаанд…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳамосаи ҳусайнӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳафтаи бузургдошти Саъдӣ дар Шероз
Андешаҳо

Матолиби пурбоздид