Афроди дорои душаҳрвандӣ дар ҷанги Русия ширкат хоҳанд кард
Ахбори минтақа
Дар Русия, хидмати иҷборӣ барои шахсони душаҳрвандӣ тасвиб шуд.
Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия фармонеро дар мавриди ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба нируҳои мусаллаҳи Русия имзо кард. Барасоси ин санад, ки дар сайти Кремл мунташир шудааст, хидмати иҷборӣ барои шахсони дорои душаҳрвандӣ низ тасвиб шуд.
Қаблан фақат афроде, ки шаҳрванди Русия буданд, метавонистанд ба хидмати иҷборӣ ҷалб шаванд.
Бар асоси ин фармони Путин, ба хидмати сарбозии иҷборӣ сарбозон, малавонон, гурӯҳбонҳо ва саргурӯҳбонҳое, ки шаҳрванди Русия ҳастанд, аз ҷумла касоне, ки тобеияти як кишвари хориҷиро доранд, ҷалб мешавад. Фармон ҳамчунин дар мавриди касоне иҷроӣ мешавад, ки дорои ҳуҷҷати иқомати муваққат ё санади дигаре ҳастанд, ки ҳаққи иқомати доимии як шаҳрванд дар қаламрави Русияро таъйид мекунад.
Ин санад хидмати хориҷиҳо ҳам дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва ҳам дар нерӯҳои Горди миллӣ ва дигар ташкилотҳои низомиро дарбар мегирад.
Бо ин ҳол, аз назари таҳлилгарон, Русия дар ҷанг бо Украина на танҳо ҳеҷ пешравие надорад, балки ҳар рӯз қисмате аз манотиқи забткардаашро низ аз даст медиҳад. Тибқи додаҳои мақомоти украинӣ ва хадамоти ҷосусии Бритониё, Русия сарбозонро бо камтарин силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ба майдони набард мефиристад, ки дар натиҷа ҳар рӯз садҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн