Бархе таърихро воруна менависанд
Байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Бархе таърихро воруна менависанд”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) дар остонаи рӯзи 13 обон ва ҳамчунин “Рӯзи донишомӯз ва рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ”, бо ҳазорон тан аз донишомӯзон ва донишҷӯён ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҷанги таҳмилии 12-рӯза дидор ва гуфтгӯ дошт ва дар суханоне дар ин дидор, изҳороти афроде, ки сар додани шиори “Марг бар Омрико!”-ро иллати хусумати Омрико бо миллат Эрон медонанд, ворунанависии таърихӣ хонд ва афзуд: “Ин шиор масъалае нест, ки Омрико ба хотири он ин гуна бо миллати мо муъориза кунад. Масаълаи Омрико бо Ҷумҳурии Исломӣ, носозгории зотӣ ва тақобули манофеъ аст.”
Вай, бо ишора ба суоли бархе афрод мабнӣ бар ин ки “мо дар баробари Омрико таслим нашудем, аммо оё то абад ҳам бо он робита нахоҳем дошт”, гуфт: “Аввалан зоти истикбории Омрико чизе ҷуз таслимро қабул намекунад, ки инро ҳамаи руасои ҷумҳури Омрико мехостанд, аммо ба забон намеовараданд, вале раисиҷумҳури феълӣ онро ба забон овард ва дар воқеъ ботини Омрикоро зоҳир кард.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ таваққӯъи таслими миллати Эрон бо ин сатҳ аз тавоноӣ, сарват, собиқаи фикрӣ ва маърифатӣ ва ҷавонони ҳушёр ва пурангезаро амре бемаънӣ хонд ва гуфт: “Дар хусуси ояндаи дур наметавон ҳадс зад, аммо дар ҳоли ҳозир ҳама бидонанд, ки илоҷи бисёре аз мушкилот дар қавӣ шудан аст.”
qalamonline.net
Қаламонлайн













