Берунӣ ҳангоми марг

Таърих

Берунӣ ҳангоми марг

Маъруф аст, ки Абурайҳони Берунӣ дар таҳсили илм бисёр кӯшо буд.

Ӯ бисёр марди донишманде буда, аз ҷумлаи нобиғаҳои башарият аст ва марди бисёр мусалмону мутадайине ҳам буд.

Абурайҳон дар охирҳои умр мариз буд ва ҳамин беморӣ боиси марги ӯ шуд. Дар ҳоли эҳтизор, яъне ҷон додан буд. Ҳамсояе дошт, ки аз фуқаҳо буд. Вақте дид, Абурайҳон мариз аст, ба аёдати ӯ омад. Абурайҳон дар бистар афтода буд, вале ҳушаш баҷо буд. То чашмаш ба он фақеҳ афтод, як масъалаи фиқҳиро дар боби ирс (мерос) аз ӯ суол кард.

Марди фақеҳ ба ӯ гуфт:

— Ин мавқеият (ки дар ҳоли мурдан ҳастӣ) оё вақти масъала пурсидан аст?

Абурайҳон гуфт:

— Ман медонам, ки дар ҳоли эҳтизорам, вале оё бимирам ва бидонам беҳтар аст, ё бимирам ва надонам? Билохира хоҳам мурд, пас бидонам ва бимирам беҳтар аст.

Он фақеҳ ҷавоби он масъаларо дод.

Фақеҳ мегӯяд, ҳанӯз ба хонаи худ нарасида будам, ки садои гиряву нола аз манзили Абурайҳон бархост.

Гуфтанд, Абурайҳон вафот кард!

Қаламонлайн 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайидҷамолуддини Асадободӣ
Ибни Сино ва мансаби вазорат

Матолиби пурбоздид