Бозии бузург; талоши Амрико барои хориҷ кардани кишварҳои Осиёи Миёна аз мадори Русия

Таҳлили хабарӣ

Бозии бузург; талоши Амрико барои хориҷ кардани кишварҳои Осиёи Миёна аз мадори Русия

Таҳлил

Осиёи Миёна пайваста аз аҳдофи Амрико барои нуфуз дар ҳамсоягии Русия будааст; ҳадафе, ки бо ҷанги Украина аҳамияти бештаре пайдо кардааст.

Ба гуфтаи Жоу Ҳуошанг (устоди Муассисаи мутолиотии байналмилалии Шонгҳой), Осиёи Миёна ба далели мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва жеополитикии хосси худ, ҳамеша чаҳорроҳе барои манофеи қудратҳои бузург будааст.

Ҷое ки тамоми қудратҳои бузур, аз ҷумла Чин, Русия, Амрико, Аврупо, Ҳинд ва Жопун ҳузур доранд.

Ба гуфтаи вай, агар қудратҳои бузург бо якдигар равобити хубе дошта бошанд, ин фаъолиятҳои байналмилалӣ мушкиле барои Осиёи Миёна эҷод намекунад, аммо ҳақиқат ин аст, ки равобити байни ин қудратҳо печида аст ва ғолибан ба рақобати жеополитикӣ дар робита бо муносибатҳои Амрико ва Русия дар ин минтақа, таъбир мешавад.

Албатта рақобати жеополитикии хасмона дар Осиёи Миёна байни Чин ва Русия мушоҳида намешавад, ба тавре ки ду кишвар дар ин минтақа аз соли 1998 дар заминаи масоили амниятӣ ва иқтисодӣ бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд ва агарчи рақобат байни онҳо вуҷуд дорад, аммо шохиси аслии таомулоти Чин ва Русия, ҳамкории стротежик аст, ки умдатан дар таъсиси Созмони ҳамкории Шонгҳой дар соли 2001 худро нишон дод.

Жоу Ҳуошанг ҳамчунин равобити Чин ва Амрико дар Осиёи Миёнаро печидатар тавсиф карда ва гуфтааст, ҳарчанд ду кишвар назароти муштаракеро баён мекунанд, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ҳимоят аз танаввуи равобити иқтисодии хориҷӣ, ҳимоят аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Миёна, тақвияти вобастагии мутақобили минтақаӣ ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва тиҷорат; бо ин ҳол, аз манзари амалӣ, ҳеч ҳамкории муҳимме дар ин заминаҳо байни Амрико ва Чин вуҷуд надорад ва ҳамчунин танишҳои жеополитикӣ миёни ду тараф дар кишварҳое, ки Амрико талош дорад дар онҳо нуфуз кунад, дида мешавад, ҳарчанд ин танишҳо наметавонад ба даргириҳои умда мунҷар шавад.

Амрико ҳарчанд дар Осиёи Миёна пойгоҳи низомӣ надорад ва охирин пойгоҳи ин кишвар дар Узбекистон дар соли 2005, ба дархости мақомоти ин кишвар барчида шуд, аммо Вашингтон тарҳи ҳузури дубораи низомӣ дар ин минтақаро ба таври куллӣ канор нагузоштааст.

Дар ҷиҳати даст ёфтан ба аҳдофи мавриди назар, Амрико илова бар тамосҳои байнидавлатӣ, ҳамчунин аз меконизмҳои мухталифи қудрати нарм истифода мекунад. Аз тариқи расонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатии ғарбгаро ва ҳамчунин барномаҳои мухталифе, ки тавассути Амрико ва ғарб таъмини молӣ мешавад, Вашингтон муваффақ ба ташкили гурӯҳҳо ва ҷараёноти на чандон мутааддид, аммо фаъол ва таъсиргузор шуд, ки дар ҳавзаҳои мухталиф, аз низоми омӯзишӣ гирифта то ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ҳузури ҷиддӣ доранд. Шоёни зикр аст, ки гурӯҳҳои нуфузии Амрико бавижа дар Қирғизистон ва Қазоқистон дорои решаҳои қавие аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Узбекистон ба кишваре муносиб барои гардишгарӣ ва туризми хориҷӣ табдил шудааст
Ислоҳи зеҳн ё ислоҳи зоиқа

Матолиби пурбоздид