Вазири хориҷаи Туркия: Мо равобити тиҷории худро бо Исроил қатъ кардем

Вазири хориҷаи Туркия: Мо равобити тиҷории худро бо Исроил қатъ кардем

Ахбори байналмилал

Ҳакан Фидан, вазири умури хориҷаи Тқркия бо ишора ба ҷиноятҳои бисёр вазнини ҷангӣ ва инсонӣ ва наслкушӣ дар Ғазза аз ҷониби Исроил, эълом кард: Туркия иртиботи иқтисодӣ ва раҷобити тиҷории худро бо Исроил қатъ кардааст.

Вай афзуд, Исроил бо дастгирӣ ва ҳимоятҳои бепоёни Амрико, талош дорад роҳи ҳалли масъалаи Ғаззаро нодида гирифта ва мардумро аз сарзамини худ фирор диҳад. Сиёсатҳои Исроил аз ҷумла гуруснагӣ ва эҷоди шароити сахти зиндагӣ дар Ғазза барои маҷбур кардани мардум барои тарки минтақа мебошад.

Фидан инчунин хабар дод, ки Туркия равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии худро бо Исроил қатъ кардааст ва фазои ҳавоии худро ба парвозҳои ин режим бастааст. Ӯ таъкид намуд, ки кӯшишҳои Туркия бо ҳамкории Қатар ва Миср барои пайдо кардани роҳи ҳалли бӯҳрони Фаластин идома дорад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исроил барои ташдиди ҳамлаҳо ба Ғазза кобинаи амниятӣ ташкил дод
Эъломи расмии Туркия дар мавриди қатъи робита бо Исроил

Матолиби пурбоздид