Вақте футбол ин ҳама тағйирот эҷод мекунад ҳатто дар даруни инсонҳо (1)

Таҳлили хабарӣ

Вақте футбол ин ҳама тағйирот эҷод мекунад ҳатто дар даруни инсонҳо (1)

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши аввал

Се чаҳор нукта ҳаст, ки мехоҳам ёдовар шавам; нукоте, ки ба назарам, донистани онҳо барои ҳар тоҷике дар ин рӯзҳо лозим аст:

1) Тоҷикҳо дар 30 соли ахир, ба ин андоза, ки имрӯзҳо хушҳол дида мешаванд ва ба тоҷик будани худ ифтихор ва эҳсоси ғурур мекунанд, дида нашудаанд; ҳамаи тоҷикҳо бидуни истисно, мувофиқу мухолиф. Ва сабаби ин хушҳолӣ футбол аст.

Дар 30 соли ахир, тоҷик рӯзгореро сипарӣ кард ва бо ҳодисаҳое рӯ шуд, ки ҳама манфӣ буданд; аз ҷанги дохилӣ ва хонумонсӯз бигир, ки дар он даҳҳо ҳазор тоҷик ҷон бохтанд ва садҳо ҳазор овора шуданд то сари қудрат омадани афроде дар кишвар, ки анбӯҳе аз мардуми худро “душмани миллат” мешумурданд (ва ҳанӯз мешуморанд) ва бо онҳо ҷангиданд ва то қалъу қамъи бузургтарин ҳизби сиёсӣ дар дохили кишвар ва зиндонӣ кардани раҳбарон ва овора сохтани даҳҳо ҳазор аз аъзо ва фаъолонаш. Дар хилоли ин муддат, тоҷик ба ҷуз бадбахтӣ ва сарафкандагӣ, бо чизе рӯ ба рӯ намешуд ва ҳатто кор ба ҷойе расид, ки гумон мекард, як миллати паст ва ақибмонда аст ва гӯӣ дасгоҳи офариниш дар пешонии ӯ чунон навишта. Ва “болои сӯхта намакоб”, дар яке ду соли ахир, ҳар ҷо дар дунё амалиёти теруристӣ иттифоқ афтод, омилаш тоҷикистонӣ аз об даромад.

Дар якчунин шароит ва вазъе, якдафъа тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои осиёӣ ва дар аввалин ҳузураш, гул мекорад; коре мекунад, ки на танҳо боиси ифтихор ва боландагии тамоми тоҷикон ва тоҷикистониҳо мешавад, балки дар зеҳни ҷаҳониён, аз тоҷик як тасаввури комилан дигаре эҷод мекунад.

Чанд нуктаи дигар ҳаст, ки дар ёддоштҳои баъдӣ арз хоҳам кард.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон дар байни 20 кишвари фасодзадаи дунё қарор гирифт
Пешнависи табодули асирон бо Телавив дар интизори посухи муқовамат

Матолиби пурбоздид