Ваҳдати исломӣ аз дидгоҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ
Ба муносибати ҳафтаи Ваҳдат
Имом Хумайнӣ ва пас аз эшон, Оятуллоҳ Хоманаӣ, ба унвони ду раҳбари ҳуқуқӣ ва маънавии миллати Эрон, мубтанӣ бар сираи набавӣ, масири ваҳдатро паймуданд.
Эшон тайи ин муддат зимни ташреҳи мафҳуми ваҳдат, ба баёни иллати тафриқа байни муслимин, роҳбурдҳо ва роҳкорҳои ҳалли он пардохтанд ва тамоми ҷавомеи исломиро даъват ба ваҳдат карданд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ:
“Даъвати Ҷумҳурии Исломӣ ба ин нест, ки шиаён ё сунниён аз мазҳаби худ даст бикашанд ва ба он мазҳаби дигар рӯ биёваранд; даъвати Ҷумҳурии Исломӣ ин аст, ки муштаракоти миёни мазоҳиби исломӣ барҷаста шавад ва деворҳои сохтаи дасти душманони ислом ва инодҳо ва кинаварзиҳо бардошта шавад.
Амрико ва саҳюнистҳо ва мустакбирони олам, на ба шиа алоқаманданд ва на ба аҳли суннат; бо ҳарду душмананд; онҷое ки мусалмон – бо номи Худо ва бо имони исломӣ – дар муқобили зӯргӯии онҳо меистад, душманӣ мекунанд”.
Қаламонлайн