Гузоришгари вежаи СММ: “Иқдомоти Исроил дар Ғазза наслкушӣ аст”
Ахбори байналмилал
Франческа Албанезе, гузоришгари вежаи Созмони Милал гуфт: “Мадорик собит мекунад, ки иқдомоти Исроил дар Ғазза, як ҷанги наслкушӣ аст”.
Ба гузориши Yahoo.news, Албанезе изҳор дошт: “Бархе ширкатҳо аз ин ҷанг суд мебаранд ва ин фақат масъулияти давлатҳо нест, балки ширкатҳо низ дар ин замина муқассиранд. Дигар масъала ба роҳи ҳаллҳои сиёсӣ маҳдуд намешавад, балки бояд хушунат дар Ғазза, кӯчи иҷбории ҷамъият ва илҳоқи Қудси шарқӣ мутаваққиф шавад”.
Гузоришгари вежаи Созмони Милал идома дод: “Он чи дар Ғазза мегузарад кӯмакрасонии башардӯстона нест, балки як дом аст”.
Қаламонлайн