Густариши равобити Тоҷикистон ва Олмон

Густариши равобити Тоҷикистон ва Олмон

Ахбори байналмилал

Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Олмон дар Берлин баргузор гардид, ки дар ҷараёни он вазъияти кунунӣ ва дурнамои густариши равобит байни ду кишвар баррасӣ шуд.

Муовини вазири умури хориҷа, Музаффар Ҳусейнзода раёсати ҳайати тоҷикӣ дар ин музокиротро бар ӯҳда дошт ва тарафи олмониро М. Лутенберг, масъули равобит бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Олмон  раҳбарӣ мекард.

Дар ҷараёни ин нишаст ҳамчунин Балмон, мудири сиёсии Вазорати умури хориҷаи Олмон ва Имомиддин Сатторзода, сафири Тоҷикистон дар Берлин ширкат намуданд.

Дар ҷараёни ин музокирот дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози густариши ҳамкориҳои дутарафа байни Тоҷикистон ва Олмон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ табодули назар сурат гирифт.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қоҳир Расулзода бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо мулоқот намуд
Нақши паҳбодҳои исроилӣ дар ҳамла ба Кремл

Матолиби пурбоздид