Даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон

Даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон

Ахбори байналмилал

Тавре ки дар гузоришҳо оварда будем, дар ҳафтаи гузаштаи рӯзи ҷумъа, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон баргузор шуд ва дар он давра, ҳеч як аз номзадҳо раъйи болои панҷоҳ дарсадро касб накарданд ва интихобот ба даври дуввум кашида шуд.

Имрӯз, 5/07/2024, аз соати ҳашти субҳ, ба вақти Теҳрон, даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон оғоз гардид.

Дар ин давра, Саъиди Ҷалилӣ (номзади усулгароён) ва Масъуди Пизишкиён (номзади ислоҳталабон) – ду номзаде ҳастанд, ки раъйдиҳандагон аз ин ду нафар, раиси ҷумҳурии Эронро бармегузинанд.

Шумориши оро билофосила пас аз раъйгирӣ оғоз мешавад ва дар ин марҳала, ҳар як аз номзадҳо, ҳатто як раъй бештар касб кунад, пирӯзи интихобот хоҳад буд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Худнобоварӣ ё адами эътимод ба нафс
Озмоиши илоҳӣ

Матолиби пурбоздид