Даҳ гуфтор – 28
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши бисту ҳаштум
Навоқис
Навоқисе ҳам (дар дастгоҳи руҳоният) ҳаст, ки бояд гуфта шавад. Туллоби улуми динӣ имтиҳони вурудӣ надоранд ва аз ин рӯ мумкин аст касе, ки салоҳияти вуруд дар ин муассисаи муқаддасро надорад ворид шавад ва чун имтиҳоне дар кор нест, туллоб дар боло рафтан аз китоби пойинтар ба китоби болотар озоданд ва бадеҳӣ аст, ки бисёр иттифоқ меафтад, ки афроде пеш аз он ки маротиби пойинтарро тай кунанд, гом ба боло мегузоранд ва таҳсилоташон мутаваққиф ва худашон дилсард мегарданд.
Туллоб, истеъдодёбӣ намешванд ва дар натиҷа мумкин аст касе, ки истеъдоди фақоҳат ё фалсафа ё калом ё адабиёт ё таърих ё тафсир ва ғайра дорад, дар ғайри риштае, ки истеъдод дорад биафтад ва истифодаи комил аз вуҷудаш нашавад.
Риштаҳои таҳсили улуми динӣ ахиран бисёр ба маҳдудият гароида ва ҳамаи риштаҳо дар фақоҳат ҳазм шуда ва худи риштаи фиқҳ ҳам дар маҷрое афтода, ки аз сад сол пеш ба ин тараф аз такомул бозистодааст.
Яке аз навоқиси дастгоҳи руҳоният озодии беҳадду ҳасри либоси руҳоният аст.
Тадриҷан руҳониҳо аз лиҳози либос бо дигарон мутафовит шудаанд ва либоси махсус пайдо кардаанд ҳамчунон ки сипоҳён ва низомиён ва бархе аснофи дигар низ либоси махсус доранд.
Дар ташкилоти руҳонӣ — бар хилофи соири ташкилот — ҳар касе бидуни монеъ метавонад аз либоси махсуси он истифода кунад. Бисёр дида мешавад, ки афроде, ки на илм доранд ва на имон, ба манзури истифода аз имтиёзҳои ин либос ба ин сурат дармеоянд ва мӯҷиби обрӯрезӣ мегарданд. Дар ҳавзаҳои улуми динӣ адабиёти араб хонда мешавад, аммо бо методи ғалате. Натиҷа, туллоби улуми динӣ пас аз солҳо таҳсили адабиёти араб бо он ки қоъидаҳои забони арабро ёд мегиранд, худи забони арабро ёд намегиранд; на метавонанд бо он такаллум кунанд ва на метавонанд аз арабии фасеҳ истифода кунанд ё ба арабии фасеҳ бинависанд.
Ифрот дар мубоҳиса ва шуюъи илми усул, дар айни ин ки як навъ қудрат ва ҳушёрӣ дар андешаи туллоб эҷод мекунад, як нақс дорад. Ва он ин аст, ки тарзи тафаккури туллобро аз воқеъбинӣ дар масоили иҷтимоӣ дур мекунад ва ба восита ин ки ҳатто мантиқи таъаққулии арастуӣ низ ба қадри кофӣ таҳсилу тадрис намешавад, равиши фикрии туллоб бештар ҷанбаи ҷадалӣ ва баҳсӣ дорад. Ва ин бузургтарин омиле аст, ки сабаб мешавад туллоб дар масоили иҷтимоӣ воқеъбинӣ надошта бошанд.
Муҳимтарин нақсе, ки дар дастгоҳи раҳбарии динии мо феълан ба вуҷуд омада марбут ба будҷа ва маъош ва низоми молӣ ва тарзи иртизоқи руҳониҳост.
Масъалаи будҷа
Дар ин ки маъоши руҳониҳо беҳтар аст аз чӣ роҳ таъмин шавад, чанд наҳв метавон назар дод:
а) Ақидаи баъзе ин аст, ки руҳоният будҷаи махсус намехоҳад, афроди руҳонӣ бояд монанди соири табақоти мардум кору шуғл ва манбаъи даромаде аз барои худ дошта бошанд, аз дастранҷи шахсии худ зиндагӣ кунанд, қисмате аз вақти худро сарфи таҳияи амри маъош ва қисмати дигарро сарфи шуъуни руҳонӣ аз таҳсилу таҳқиқу таълифу тадрису ифтоъ ва иршод ва таблиғ бинамоянд.
Ин идда мӯътақиданд, ки руҳоният ва шуъуни руҳоният дар ислом як шуғл ва ҳирфаи махсус нест, ки бишавад барои ӯ будҷаи махсусе дар назар гирифт; ҳар кас, ки қодир аст зимни таъмини амри маъоши худ ӯҳдадори шуъуни руҳонӣ бишавад, ҳақ дорад ворид бишавад. Ва агар касе мехоҳад ин шуъунро ба ӯҳда бигирад ва он гоҳ калл бар иҷтимоъ гардад, беҳтар ин аст, ки аз аввал вориди чунин муҷоҳидае нашавад.
Истидлоли ин идда ин аст, ки дар садри ислом яъне замони Расули Акрам (с) ва замони имомони атҳор (а) ашхосе буданд, ки ҳамин вазоифро ба ӯҳда доштанд, ҳалолу ҳаром таълим мекарданд, насиҳат ва мавъиза мекарданд, дар ҳавзаҳои дарс ширкат мекарданд ва худашон ҳавзаи дарс доштанд, дар айни ҳол, ҳар кадом аз онҳо шуғлу ҳирфае барои зиндагӣ доштанд. Бисёре аз онҳо бо унвони шуғлу ҳирфаи худ аз қабили таммор, аттор, баззоз, хаззоз, таҳҳон, саммон, ҳаззоъ ва ғайра дар китобҳои ҳадис ва фиқҳ ва таърих шинохта мешаванд. Ҳеч дида нашуда, ки Расули Худо ё имомони атҳор як ё чанд нафарро дастур дода бошанд, аз ҳама корҳо даст бикашанд ва мунҳасиран ба машоғиле, ки имрӯз машоғили руҳонӣ номида мешавад аз қабили ифто ва тадрис ва имомати ҷамоат ва ваъзу таблиғ ва ғайра бипардозанд. Ин аст назари иддае.
Ҳақиқат ин аст, ки агар афроде зиндагии худро аз роҳи дигар таъмин ва бо ин ҳол мутасаддии шуъуни руҳонӣ бишаванд бисёр хуб аст, ҳамеша афроди каме аз ин қабил буда ва ҳастанд, аммо наметавон гуфт, ҳамаи афрод бояд инчунин бошанд ва дар ғайри ин сурат ворид нашаванд, зеро бо тағйироте, ки дар вазъи зиндагии мардум нисбат ба садри ислом пайдо шуда ва бо тавсиъаи рӯзафзуни улум ва эҳтиёҷот, зарурат дорад гурӯҳе ҳамаи умр мумаҳҳаз бошанд барои таҳсил ва идораи шуъуни динии мардум ва ночор будҷаи махсусе лозим аст, ки бо тарзи саҳеҳе дар ин роҳ масраф шавад. Дар садри ислом эҳтиёҷ ин қадр набуда, уқдаҳо ва шубҳаҳо ва ҳамчунин муъондин ва душманони ислом ин қадр набудаанд. Зарурат дорад ҳамеша гурӯҳе мумаҳҳаз барои дифоъ аз ислом ва ҷавобгӯӣ ба эҳтиёҷоти динии мардум буда бошанд.
Оре, инсоф ин аст, ки бархе шуъуни руҳонӣ, ки феълан маъмул аст аз қабили имомати ҷамоат, на як шаъни махсуси руҳонӣ аст ва на касе ҳақ дорад онро баҳона қарор дода ва даст аз ҳар кору шуғл ва хидмате бикашад ва дар интизори мавқеъи намоз бимонад ва масҷиде биравад ва баргардад ва зинати маҷолиси хатм бошад ва инҳоро шуғли шоғили худ қарор диҳад ва умре калл бар иҷтимоъ буда бошад.
Ба ҳар ҳол, ин ҷумуди фикрӣ аст, ки сирфан ба ҳукми ин ки як чизе дар садри ислом набуда, акнун ҳам, ки эҳтиёҷ ва зарурат эҷоб мекунад набошад.
б) Фарзи дигар ин аст, ки руҳоният будҷаи махсуси худро аз авқоф ва садақоти ҷория истифода кунад. Шояд ҳамаи дастгоҳҳои руҳонии ҷаҳон — ғайр аз шиъа — будҷаашон мунҳасиран аз роҳи мавқуфот ва садақоти ҷория бошад.
Дар аксари шаҳристонҳои Эрон мадориси улуми динӣ сохта шуда ва амлоки зиёд бо оидот саршори вақфи он мадорис шуда. Дар гузашта мавқуфоти он мадорис дар Теҳрон ва Исфаҳон ва Машҳад ва Табрез ва Шероз ва соири шаҳристонҳо кӯмаки бузурге ба таҳсили улуми динӣ будааст. Аммо мутаассифона феълан ба иллатҳое, ки наметавон шарҳ дод, бисёре аз ин мавқуфот ба сурати милки шахсӣ даромада ва баъзе дигар, ки ба номи вақф боқӣ аст, дар ихтиёри руҳонинамоёне аст, ки ба нафъи дастгоҳҳо алайҳи масолеҳи олии ислом ва мусалмонон фаъолият мекунанд ва баъзе ҳам дар ихтиёри авқоф аст ва ба шакли дигаре тазйеъ мегардад.
Фақат мавориди каме боқӣ монда, ки ба масрафи ҳақиқӣ ва шаръӣ мерасад. Мавқуфоте, ки мумкин аст ё лозим аст дар ихтиёри созмони руҳоният қарор бигирад, мунҳасир ба мавқуфоти мадорис нест, қаламҳо ва рақамҳои дурушттаре ҳаст, ки шаръан ҷоиз ё лозим аст дар ихтиёри созмони руҳоният қарор бигирад.
То кунун борҳо ин масъала байни мақомоти олии руҳонӣ ва мақомоти давлатӣ матраҳ шуда, ки ин будҷа дар ихтиёри созмони руҳоният қарор бигирад, вале ба иллатҳое, ки бар мо маҷҳул аст, ба натиҷа нарасидааст. Агар вазъи авқоф сару сурате пайдо кунад ва созмони маъқул ва муназзаме пайдо намояд, на танҳо будҷаи оддии руҳониятро таъмин хоҳад кард, балки ба таври куллӣ кӯмаки бузурге ба дин ва фарҳанг ва тарбият ва ахлоқи умумӣ хоҳад буд. Ва аммо агар ба шакле бошад, ки ҳаст, мояи бузурге аст барои фосидпарварӣ ва тақвияти афроде, ки амалан ҳамеша монеъи ҳар ислоҳ ва садди роҳи пешрафти ҷомеаи исломӣ мебошанд.
в) Фарз ва сурати дигар, истифода аз саҳми Имом алайҳис-салом аст. Аз адёни дигар иттилоъе надорам, ки оё дар матни он адён, қонуни молӣ вазъ шуда, ки бо зиндагии руҳониҳо ва идораи созмони раҳбарии динии онҳо қобили интибоқ бошад ё на? Аммо дар ислом тибқи назари шиъа аз ояти муборакаи (мабут ба) “хумс” чунин қонуне истифода мешавад.
Хумс таъаллуқ мегирад ба ғаноими ҷангӣ ва маъодин ва фоидаҳои холиси солона ва баъзе чизҳои дигар, ки як панҷуми онҳоро ҳар касе бояд баъд аз вазъи ҳазинаи шахсӣ, дар ихтиёри дастгоҳи имомат ва раҳбарии динӣ қарор диҳад. Ниме аз хумс, саҳми Имом номида мешавад, ки ба ҳасби назари фуқаҳои шиъа, масрафаш ҳифз ва ибқои дин аст.
Дар ҳоли ҳозир ягона будҷае, ки амалан созмони руҳонияти моро мечархонад ва низоми руҳонии мо рӯйи он бино шуда ва руҳонияти мо тарзу сабки созмонии худро аз он дарёфта ва таъсири зиёде дар ҳамаи шуъуни динии мо дорад, “саҳми Имом” аст. Руҳониҳо ва муҷтаҳидин барои вусули ин будҷа, ки навъе молиёт аст, ҳеч гуна илзом ва иҷборе ба вуҷуд намеоваранд, ин худи мардуми мӯъмини мусалмонанд, ки бо камоли ризоят ва тиби хотир, ба руҳониҳое, ки мавриди эътимод ва итминонашон ҳаст, муроҷеа мекунанд ва ин молиёти шаръиро мепардозанд.
Руҳониҳо, созмони мумайизе барои ин молиёт надоранд, худи мардум ба ҳукми виҷдон ва имон, вуҷуҳе, ки ба молашон таъаллуқ мегирад, чӣ кам ва чӣ зиёд, аз рақамҳои кӯчак гирифта то рақамҳои сад ҳазортумонӣ ва чандсад ҳазор тумонӣ мепардозанд. Имтиёзи руҳии саҳми Имом бар будҷаи авқоф, замима шудани авотиф ва тавозӯъ ва изҳори иродати пардохткунандагон аст. Таваҷҷӯҳи саҳми Имом аз тарафи оммаи мардум ба касе, тобеъи ташхис ва ҳусни занни онҳост. Ва аммо ин ки тараф воқеан салоҳият дорад ё надорад, тобеъи ин аст, ки оммаи мардум то чӣ андоза дар ташхиси худ иштибоҳ накарда бошанд ва омилҳое ғайр аз салоҳияти воқеии тараф дахолат накарда бошанд.
Ба ҳар ҳол, барандаи ниҳоӣ, саҳми Имом аст. Як силсила илалу маълули муназзам байни муаррифӣ шудани касе ва сипас ҳусни занни мардум ва баъд расидани саҳми Имом ва он гоҳ дар даст гирифтани заъомат ва риёсат барқарор аст.
Идома дорад…
Қаламонлайн