Даҳ гуфтор – III

Адаб

Даҳ гуфтор – III

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши севвум

Тақво (3)

Арзиш ва асари тақво

Мавзӯъи дигар, арзиш ва осори тақвост. Гузашта аз осори мусалламе, ки тақво дар зиндагии ухравии башар дорад ва ягона роҳи наҷот аз шақовати абадӣ аст, дар зиндаги дунявии инсон ҳам арзиш ва осори зиёде дорад. Амирулмӯъминин (Саломуллоҳи алайҳ!), ки беш аз ҳар каси дигар дар таълимоти худ рӯйи маънои тақво такя карда ва ба он тарғиб фармуда, осори зиёде барои он зикр мекунад ва гоҳе як умумияти аҷибе ба фавоиди тақво медиҳад, мисли ин ки мефармояд:

عِتْقٌ مِنْ كُلِّ مَلَكَةٍ وَنَجَاةٌ مِنْ كُلِّ هَلَكَةٍ

Яъне озодӣ аст аз ҳар риққияте ва наҷот аст аз ҳар гуна бадбахтӣ. Ё ин ки мефармояд:

دَوَاءُ دَاءِ قُلُوبِكُمْ وَبَصَرُ عَمَى أَفْئِدَتِكُمْ وَشِفَاءُ مَرَضِ أَجْسَادِكُمْ وَصَلَاحُ فَسَادِ صُدُورِكُمْ وَطُهُورُ دَنَسِ أَنْفُسِكُمْ

(“Наҳҷул-балоға”, хутбаи 196) Тақво давои бемории дилҳои шумо (ва рӯшноии ботини шумо) ва шифои марази баданҳои шумо, дурустии харобии синаҳои шумо ва мояи пок шудани нуфуси шумост.

Алӣ (а) ҳамаи дардҳо ва ибтилоъоти башарро як коса мекунад ва тақворо барои ҳамаи онҳо муфид медонад. Ҳаққо ҳам агар ба тақво сирфан ҷанбаи манфӣ ва иҷтиноб ва паҳлӯ тиҳӣ кардан надиҳем ва он тавр бишносем, ки Алӣ шинохта, бояд эътироф кунем, ки яке аз аркони зиндагии башар аст (чӣ дар зиндагии фардӣ ва чӣ дар зиндагии иҷтимоӣ), агар набошад, асоси зиндагӣ мутазалзил аст.

Арзиши як чиз он вақт маълум мешавад, ки бибинем оё чизи дигар метавонад ҷойи ӯро бигирад ё на? Тақво яке аз ҳақоиқи зиндагӣ аст, ба далели ин ки чизи дигар наметавонад ҷойи онро бигирад, на зӯр ва на пул ва на таксири қонун ва на ҳеч чизи дигар.

Аз ибтилоъоти рӯзи мо, мавзӯъи зиёдии қонунҳо ва муқаррарот ва тағйиру табдилҳои пушти сар ҳам аст. Барои мавзӯъот билхусус ҳай қонун вазъ мешавад, муқаррарот муайян мегардад, ойиннома месозанд, боз мебинанд манзур ҳосил нашуд. Қонунҳоро тағйиру табдил медиҳанд, бар муқаррарот ва ойинномаҳо афзуда мешавад ва боз матлуб ҳосил намегардад. Албатта шак нест, ки қонун низ ба навбаи худ яке аз ҳақоиқи зиндагӣ аст. Гузашта аз қонунҳои куллии илоҳӣ, мардум эҳтиёҷ доранд ба як силсила қонунҳо ва муқаррароти маданӣ, вале оё метавон танҳо бо вазъу таксири қонун, ҷомеаро ислоҳ кард? Қонун ҳадду марз муайян мекунад, пас бояд қувва ва нерӯе дар худи мардум бошад, ки ин ҳудуду марзҳоро мӯҳтарам бишуморад ва он ҳамон аст, ки ба он ном тақво додаанд. Мегӯянд, бояд қонун мӯҳтарам бошад. Ин саҳеҳ аст, вале оё то усули тақво мӯҳтарам набошад, метавон номи эҳтироми қонунро бурд?

Ба унвони намуна, ду се мисол аз мавзӯъоти рӯз меоварам:

Ҳамон тавре, ки медонед, ин рӯзҳо дар зиндагии мо чандин мушкил аст, ки расман матраҳ аст ва дар рӯзномаҳо аз мардум тақозо мекунанд, ки изҳори назар кунанд ва роҳи чораро нишон бидиҳанд. Аз ҷумлаи он масоил, ки алъон матраҳ аст, яке афзоиши рӯзафзуни талоқ аст. Масъалаи дигар масъалаи ислоҳи интихобот аст. Масъалаи дигар масъалаи ронандагӣ аст.

Ман намехоҳам иддаъо кунам ба иллатҳои афзоиши талоқ иҳота дорам ва метавонам ҳамаро баён кунам. Бидуни шак омилҳои иҷтимоии гуногуне дахолат дорад. Вале ин қадр медонам, ки омили аслии афзоиши талоқҳо, аз байн рафтани унсури тақво аст. Агар тақво аз миёни мардум кам нашуда буд ва мардону занон бебандубор нашуда буданд, ин қадр талоқ зиёд намешуд. Дар зиндагии қадим навоқис ва мушкилоти бештаре вуҷуд дошт. Ҳатман мушкилоте, ки дар зиндагии хонаводагии имрӯзӣ аст, дар гузашта зиёдтар буд, вале дар айни ҳол унсури имон ва тақво бисёре аз он мушкилотро ҳал мекард, вале мо имрӯз ин унсурро аз даст додаем ва бо ин ки васоили зиндагӣ беҳтар аст, бо мушкилоти бештаре мувоҷеҳ ҳастем. Ва ҳоло мехоҳем дар ҳамин масъалаи афзоиши талоқ масалан, ба зӯри афзудани қайду банди қонун барои мардон ва ё занон, ба зӯри муқаррарот, ба зӯри додгустарӣ, ба зӯри қувваи муҷрия, бо тағйири қонунҳо ва муқаррарот, аз адади талоқҳо бикоҳем. Ва ин шуданӣ нест.

Дар мавзӯъи интихобот мебинем, ки баъзеҳо исрор доранд, ки иллати харобии интихобот нақси қонуни интихобот аст, ки дар ним қарн пеш вазъ шуда ва бо муқатазаёти имрӯз вифқ намедиҳад. Намехоҳам аз қонуни феълии интихобот дифоъ кунам, ҳатман навоқисе дорад, вале оё мардум тибқи ҳамон қонун рафтор мекунанд ва фасод пайдо мешавад? Ва ё иллати фасод ин аст, ки ҳатто ба ҳамон қонун ҳам амал намешавад; касе барои худ ҳадде ва барои дигарон ҳаққе қоил нест. Оё қонуни феълӣ иҷоза медиҳад, ки як нафар вориди шаҳре бишавад, ки мардуми он шаҳр на ӯро дидаанд ва на мешиносанд ва на қабл аз он вақт номашро шунидаанд ва ба иттикоъи зӯру қудрат бигӯяд, ман намояндаи шумо ҳастам, чӣ бихоҳед ва чӣ нахоҳед?! Ин гуна мафосидро бо таксир ё табдили қонун наметавон аз байн бурд, роҳаш мунҳасир аст ба ин ки дар худи мардум огоҳие ва имоне ва тақвое вуҷуд дошта бошад.

Оё воқеан дар амри ронандагӣ ва мавзӯъи суръату сибқат ва риоят накардани муқаррароти убуру мурур, айб дар камбуди муқаррарот аст ё дар ҷойи дигар? Имрӯз мо масоили иҷтимоии зиёде дорем, ки афкор каму беш мутаваҷҷеҳи онҳост. Доиман гуфта мешавад, ки масалан чаро талоқ рӯ ба афзоиш аст? Чаро қатл ва ҷиноят ва дуздӣ зиёд аст? Чаро ғишшу тақаллуб дар аҷнос умумият пайдо карда? Чаро фаҳшо зиёд шуда ва амсоли инҳо.

Бидуни тардид заъфи нерӯи имон ва харобии ҳисори тақворо як омили муҳимми ин мафосид бояд шумурд. Аҷибтар ин ки баъзеҳо мураттабан ин чароҳоро мегӯянд ва менависанд, аз тарафи дигар чун худи онҳо ба унсури тақво имон надоранд, бо сабабҳову омилҳои мухталиф решаи ин чароҳоро аз руҳи мардум мекананд ва мардумро ба тарафи ҳарҷу марҷи ахлоқӣ ва мунҳадим кардани бунёни тақво ва аз байн бурдани масунияти тақвоӣ савқ медиҳанд. Агар имоне набошад ва тақвои илоҳӣ — Наъузу биллоҳ! — ҳақиқат надошта бошад, мумкин аст тараф бигӯяд, чаро дуздӣ накунам?! Чаро ҷиноят накунам?! Чаро тақаллуб накунам?! Чаро? Чаро? Чаро?

Тақво ва беҳдошт

Амирулмӯъминин дар бораи тақво фармуд:

وَشِفَاءُ مَرَضِ أَجْسَادِكُمْ

Беҳбуди бемории тани шумост. Ва шояд бихоҳед бипурсед, чӣ робитае аст байни тақво, ки амре руҳӣ ва маънавӣ аст, бо саломати бадан? Мегӯям, албатта тақво гард ё сӯзандору нест, аммо агар тақво набошад, бемористони хуб нест, табиби хуб нест, парастори хуб нест, давои хуб нест. Агар тақво набошад, одамӣ ҳатто тани худ ва саломати тани худро қодир нест ҳифз кунад. Одами муттақӣ, ки ба ҳадди худ ва ҳаққи худ қонеъ ва розӣ аст, руҳи мутмаинтар ва аъсоби оромтар ва қалби солимтар дорад, доиман дар фикр нест куҷоро бибарад ва куҷоро бихӯрад ва куҷоро бибалъад, нороҳатиҳои асабӣ ӯро ба захми рӯда ва захми меъда мубтало намесозад, ифрот дар шаҳват ӯро заъифу нотавон намекунад, умраш тӯлонитар мешавад. Саломати тан ва саломати руҳ ва саломати иҷтимоъ ҳамагӣ бастагӣ дорад ба тақво.

Ду матлаби умдаи дигар доштам, ки боқӣ мемонад: яке таъсири тақво дар равшанбинӣ ва басирати дил, ки дар ояти каримаи Қуръон мефармояд:

إِنْ تَتَّقُوا اللَّهَ يَجْعَلْ لَكُمْ فُرْقَانًا

(Сураи Анфол, ояти 29) (Агар тақвои илоҳӣ пеша кунед, Худованд барои шумо қувваи ташхис қарор медиҳад.)

Ин асар яъне равшанбинӣ ва басират, аз осори муҳимми тақвост ва метавон гуфт, ҳамин матлаб аст, ки боби сайру сулукро дар ирфон боз кардааст.

Яке дигар аз осори тақво ин аст, ки дорандаи худро аз мазоиқ ва гирифториҳо наҷот мебахшад. Дар Қуръони Карим, сураи Талоқ мефармояд:

وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا. وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِبُ ۚ وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ ۚ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا

(Сураи Талоқ, ояти 2 ва 3) (Ва ҳар кас тақвои илоҳӣ пеша кунад, Худованд барои ӯ роҳи берун шудан аз шадоид қарор медиҳад ва ӯро аз ҷойе, ки гумонаш намеравад, рӯзӣ медиҳад. Ва ҳар кас бар Худо таваккул кунад, Худованд ӯро бас аст. Ҳамоно Худо кори худро ба анҷом расонад. Таҳқиқан Худованд барои ҳар чизе андозае қарор додааст.)

Ин ду матлаб чун муфассал аст, бо баъзе матолиби дигар барои ҷаласаи баъд боқӣ мегузорем.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шурӯи эътисоботи саросарӣ дар Исроил
Насиҳат ба фарзанд

Матолиби пурбоздид