Ниёиш

Адаб

Ниёиш

Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадонаш дуруд фирист ва моро ба сӯйи тавбае, ки писанди туст баргардон ва аз пофишорӣ бар он чи намеписандӣ, ба дур дор!

Худоё! Он ҷо ки ба ночор ё дини мо костӣ мегирад ё дунёи мо, костиро дар он қарор деҳ, ки зудгузар аст ва бозгашти моро ба сӯйи он чи ки пойдортар аст.

Ва ҳар гоҳ оҳанги ду кор карда бошем, ки яке хушнудии туро ба ҳамроҳ дорад ва дигаре ба хашмат меоварад, моро ба он кор, ки хушнудии ту дар он аст гаройиш деҳ ва нерӯи моро дар анҷом додани он чи сабаби хашми туст, нотавон гардон.

Ва дар ин корҳо нафсҳои моро ба ихтиёрамон вомагузор; зеро нафс агар тавфиқи ту набошад, ботилро бармегузинад ва агар раҳмати ту ӯро дарнаёбад, ба бадӣ фармон медиҳад.

Худоё! Ту моро аз нотавонӣ офаридаӣ ва бунёди моро бар сустӣ ниҳодаӣ ва аз обе пасту бемиқдор ҳастии моро оғоз кардаӣ. Инак, моро ҳеч ҷунбише нест, магар ба нерӯи ту ва ҳеч нерӯе нест, магар ба ёрӣ кардани ту.

Пас, моро ба тавфиқи худ мадад фармо ва ба роҳи рости худ усутворӣ деҳ ва чашми дилҳои моро аз дидани он чи дӯст намедорӣ, кӯр гардон ва чунон кун, ки нофармонии ту ба ҳеч як аз аъзои мо роҳ наёбад.

Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадонаш дуруд фирист ва чунон кун, ки розҳои дили мо ва ҷунбишҳои андоми мо ва нигаристанҳои чашми мо ва гуфторҳои забони мо василаи дарёфти савоби ту бошад, то ҳеч кори неке, ки шоистаи подоши туст, аз дасти мо наравад ва ҳеч кори зиште, ки уқубати туро дар пай дорад, рӯйи дасти мо намонад.

(Саҳифаи Саҷҷодия)

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи паҳбодӣ ба киштии исроилӣ
Паёмбаршиносӣ ба сабки Мавлоно

Матолиби пурбоздид