Дипломати тоҷик: Эрон аввалин кишварест, ки истиқлоли моро ба расмият шинохт

Дипломати тоҷик: Эрон аввалин кишварест, ки истиқлоли моро ба расмият шинохт

Хабарнома

Кишварҳои Тоҷикистон ва Эрон торихи шашҳазорсолаи муштарак доранд. Ин мавзуъ дар сӯҳбатҳои Маъруфҷон Абдураҳмон, кордори сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон матраҳ шудааст.

Вай бо ишора ба торихи муштараки форсизабонон ва таъкид бар сисола шудани равобити дипломатӣ байни ду кишвар, Тоҷикистон ва Эрон хотирнишон намудааст, Эрон аввалин кишварест, ки моро пас аз истиқлол ба расмият шинохтааст ва мардуми Тоҷикистон алоқаи зиёде ба ин равобити дуҷониба доранд.

Тибқи гузоришоти Рarstoday, чанде пеш дар сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дидори кордори сафорати кишвар, Маъруфон Абдураҳмон бо намояндагони устони Форси Эрон дидор ва мулоқоте сурат гирифтааст.

Дар ин дидор, мабоҳисе аз қабили торих ва фарҳанги муштарак, туризм ва гардишгарӣ, баргузории намоишгоҳи тавонмандиҳо ва эъзоми гурӯҳҳо ва ҳайатҳо ба Тоҷикистон  мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Имзои санади ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Белорус
Оё Тоҷикистон муҳите муносиб барои сармоягузории хориҷист?

Матолиби пурбоздид