ДОИШ расман масъулияти ҳамлаи теруристии Кирмонро бар ӯҳда гирифт
Ахбори байналмилал
Шабакаи хабарии Аларабия хабар дод, ки гурӯҳи теруристии ДОЪИШ омили ҷинояти рӯзи гузашта дар Гулзори шуҳадои Кирмон буда, ки ба шаҳодати беш аз 80 нафар аз эрониҳо мунҷар шуд.
Ин шабака гузориш дод, ки гурӯҳи теруристии ДОЪИШ бо интишори баёнияе, расман масъулияти ҳамлаи теруристии рӯзи гузашта ба Гулзори шуҳадои Кирмонро бар ӯҳда гирифт.
ДОЪИШ муддаӣ шудааст, ки Умар ал-Муваҳҳид ва Сайфуллоҳ ал-Муҷоҳид, ду омили интиҳорӣ буданд, ки бо инфиҷори камарбандҳои инфиҷорӣ дар миёни мардум, боиси шаҳодати онон шуданд.
Гуфтанист, ду инфиҷори теруристӣ баъд аз зуҳри чаҳоршанбе дар масири мунтаҳӣ ба Гулзори шуҳадои Кирмон, 84 шаҳид ва 284 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, ки маҳкумияти кишварҳо ва гурӯҳҳои мухталифро дар пай доштааст.
Қаламонлайн