Донишҷӯи тоҷик ба ҷурми “қасди амалиёти харобкорона” дар Русия боздошт шудааст

Донишҷӯи тоҷик ба ҷурми “қасди амалиёти харобкорона” дар Русия боздошт шудааст

Ахбори минтақа

Як донишҷӯи тоҷик ва як донишҷӯи озарӣ ба унвони эътироз, дар Русия, даст ба амали харобкоронаи номуваффақ зада, боздошт шудаанд.

Дар ҷумҳурии Бошқирдистони Русия ду донишҷӯ дастгир шудаанд, ки бештар аз панҷ маротиба кушиш кардаанд, дар роҳи оҳан таҷҳизоти электрикиро аз корбиандозанд.

Ба гузориши коноли Telegram SHOT, ин ду донишҷӯ замоне дастгир шудаанд, ки дафъаи навбатӣ қасди тахрибкорӣ доштаанд. Гумонбарон ба постгоҳи роҳи оҳан сӯзишворӣ рехтаанд.

Зимни бозпурсӣ ва тафтишот маълум шудааст, ки яке аз ин тахрибкорон, донишҷӯи Коллеҷи авиатсионии Уфа, Фаррухҷон Зокирови 18-сола, шаҳрванди Тоҷикистон ва шарики вай, донишҷӯи Коллеҷи тиббии Уфа, Эмин Содиқов аз Озарбойҷон будааст.

Дар бозпурсиҳо, донишҷӯён ба маъмурони амниятӣ гуфтаанд, ки ба сиёсатҳои пешгирифтаи Русия мухолифанд ва тасмим гирифтанд, ки бо ин амали худ эътирози худро нишон диҳанд ва дар дили мардум руъбу ваҳшат эҷод кунанд. Тибқи қонуни кайфарии Русия бо иттиҳоми «Тайёрӣ ба ҷиноят» ва «Амали террористӣ» чанд сол зиндон бароиҳар кадом аз ин донишҷӯён таҳдид мекунад.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Китоби ҷадиди Холиқназар Ҷумъаев аз чоп баромад
Фароҳам омадани шароит барои баргашти муҳоҷирон аз Русия, тавассути автобус

Матолиби пурбоздид