Достони хурӯс ва соҳибаш
Танзи талх
Хурӯсе ҳар бомдод садо мезад ва рӯзе соҳибаш ба ӯ мегуяд:
– Эй хурӯс, дигар субҳи солеҳон садо назан, вагарна парҳоятро меканам!
Хурӯс тарсид ва худ ба худ гуфт:
– Зарурат хомӯш нишастанро раво мегардонад ва аз рӯи хирад аст, ки то гузаштани тӯфон каме таслим шуд ва каме таъзим кард, то худатро муҳофизат кунӣ.
Пас аз як ҳафта соҳиби хурӯс омаду гуфт:
– Эй хурӯс, агар ин чӯҷаҳо садо бароранд, туро мекушам!
Хурӯс ба худ гуфт:
– Зарурат металабад, хомӯш нишинӣ! Ба ин тоб овардан лозим, андаке ба тӯфон, то гузаштани он таъзим кардан лозим.
Рӯзҳо мегузаштанд хурӯс, ки мардуро ба намоз бедор мекард, акнун мисли мурғ шуда буд…
Пас аз як моҳ соҳиби хурӯс гуфт:
– Эй хурӯс, акнун ту мисли мурғ ҳастӣ, пагоҳ бояд тухм гузорӣ, ё туро мекушам!
Пас хурӯс гиря карду гуфт:
– Беҳтараш дар ҳамон лаҳзаи аввал дод мезадам, мурданам беҳ буд!
(Манбаъ: Фейсбук)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн