Дуо – ҳам талаб ҳам матлуб
Мактаби инсоният
“Қатъи назар аз аҷру подоше, ки барои дуо ҳаст ва қатъи назар аз асари истиҷобате, ки бар дуо мутараттиб аст, дуо агар аз ҳадди лақлақаи забон бигузарад ва дил бо забон ҳамоҳангӣ кунад ва руҳи инсон ба эҳтизоз ояд, як руҳонияти бисёр олӣ дорад. Мисли ин аст, ки инсон худро ғарқ дар нур мебинад. Шарофати гавҳари инсониятро дар он вақт эҳсос мекунад. Он вақт хуб дарк мекунад, ки дар соири авқот, ки чизҳои кӯчак ӯро ба худ машғул дошта буд ва ӯро озор медод, чӣ қадр пасту соқиту софил буда. Инсон вақте ки аз ғайри Худо чизе мехоҳад, эҳсоси мазаллат мекунад ва вақте ки аз Худо мехоҳад, эҳсоси иззат. Бинобар ин, дуо, ҳам талаб аст ва ҳам матлуб, ҳам васила аст ва ҳам ғоят, ҳам муқаддима аст ва ҳам натиҷа…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ)
Қаламонлайн