Забон оё метавонад мурда ва ё зинда бошад?

Таҳлили хабарӣ

Чанде пеш, Рӯзи бузургдошти забон буд ва ба ҳамин муносибат, бархе аз соҳибқаламон ва соҳибназарони тоҷик изҳори назарҳое дар мавриди забон ва ҷойгоҳи он доштаанд.

Қаламонлайн бо гиромидошти ин рӯз, чанд сатр аз гуфтаҳои олим ва соҳибназари тоҷик, ҷаноби  Истаравшаниро пешкаши мухотабини худ мекунад.

Забон оё метавонад мурда ва ё зинда бошад?

Ба баҳонаи Рӯзи забон

Ин ҷумла ба гӯшатон хӯрда, ки мегӯянд, забони фалон миллат мурда аст ва ё зинда аст. Хуб, ин яъне чӣ? Магар метавонад забони одам, модоме ки ба истилоҳ, гап мезанад, ба мурда будан ва ё зинда будан васф бишавад? Одам, ки ҳаст ва гап мезанад, хуб, ба забонаш гап мезанад, на бо ҷойи дигараш. Пас, мурда ва ё зинда хондани забони вай, чӣ маъно дорад.

Ҳақиқат ин аст, ки бале, забони одам гоҳе мурда хонда мешавад ва гоҳе зинда ва пӯё.

Аввал бояд равшан кунем, ки мурод аз забон чист. Забон фақат ин нест, ки аз даҳони шумо чандто ҳарф берун меояд. Забон ин нест. Пас, чист?

Инҷо намехоҳам ба таърифи илмии забон бипардозам, ки хеле сухан гуфтаанд, балки мехоҳам содда ва ба забони кӯча ва бозор матлабро барои хонанда бифаҳмонам.

Забон василае аст, ки одам ба воситаи он, бо дигарон иртибот бақарор мекунад. Иртибот барқарор кардан яъне ин ки шумо матлаберо мехоҳед ба дигарӣ бирасонед ва саъй мекунед, он чи дар замир доред ва он чи дар дилатон мегузарад, ҳамон бирасад, на чизе дигар.

Ҳол, агар забон зинда бошад ва шумо ба он мусаллат бошед, имкон дорад матлаб ба ҳамон сурат, ки дар дили шумо ҳаст, ба ӯ бирасад. Аммо агар фоқиди забон бошед, муроди шумо ё аслан ба ӯ намерасад ва ё чи басо воруна бирасад, яъне ғайр аз он чизе, ки дар замири шумост, ба ӯ мунтақил бишавад. Ин ки дар иртиботгириҳо маъмулан мегӯем, муҳим он аст, ки “дили мо пок аст”, ин кофӣ нест. Бале, пок будани дил, шарти лозим аст, аммо дар иртиботгирӣ, кофӣ нест. Он тараф аз дили шумо ва он чи дар он мегузарад, аз куҷо хабар дорад? Фақат худи шумо медонед, ки дар дили шумо чист ва Худои шумо. Аммо тарафи шумо, фақат ҳамон чизеро бардошт мекунад, ки ба воситаи забони шумо ба ӯ мунтақил мешавад.

Оё медонед, ин ҷумла, ки мегӯянд, “дили мо пок аст”, бештар дар миёни чӣ мардумоне роиҷ аст? Дар миёни миллате бештар ривоҷ дорад, ки забонаш мурда аст. Бале, забонаш мурда аст ва матлабе, ки дар дилу замири ӯст, ба мухотаб нарасида ва аз ин рӯ эълом медорад, ки “дили ӯ пок аст” ва он чи дар замири ӯст, ба тараф нарасида. Вагарна, ниёз нест, одам ба такрор эълом кунад, ки “дили ӯ пок аст”.

Нақши зинда будани забон, фақат дар иртиботгирӣ нест, балки агар забон зинда ва пӯё бошад, метавонад дунёро зеру рӯ кунад, руҳияҳоро дигаргун созад, таҳаввул эҷод кунад. Чӣ хел?

Ҳоло як мисоли таърихӣ мезанам, аз таърихи худамон, то бибинед, нақши забон дар эҷоди таҳаввулот ва дигаргуниҳо дар руҳияи мухотабон то чӣ андоза аст.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар “Чаҳор мақола” менависад: Наср ибн Аҳмади Сомонӣ зимистонҳоро дар Бухоро мегузаронид ва тобистон ба Самарқанд ва шаҳрҳои Хуросон мерафт. Як сол ба Ҳирот рафт, тобистонро дар онҷо сипарӣ кард, хушаш омад ва поиз ва зимистонро ҳам дар онҷо монд ва иқомати ӯ чаҳор сол тӯл кашид. Сипоҳиён аз ин иқомати тӯлонӣ дилтанг шуда буданд. Хостанд, ба амир бирасонанд ва ин ҳақиқатро ба ӯ мунтақил созанд, ки дилашон барои Бухоро ва ба хонаҳояшон ва ба зану баччаҳояшон дигар танг шудааст ва ба истилоҳ, онҳоро ёд кардаанд. Ҳоло чӣ кор кунанд, ки амир дигар бархезад ва ҳамагӣ ба Бухоро баргарданд?

Чӣ медонем, шояд яке дутои онҳо ба амир гуфта бошад, ки “зиқ шудем аку, хдт, ки бепарво, занот, ки пеши хдт, бояд ба хонаҳомон равем!” Чӣ медонем, шояд гуфтаанд, вале он чи дар замирашон мегузашта ва мехостанд ба амир бирасонанд, мунтақил нашуда. Одам вақте зану баччаш пешаш бошанд ва ҳама чиз барояш муҳайё, аз куҷо ғами он сипоҳиён, ки дилашон барои Бухоро ва зану баччаҳояшон танг шудааст, бихӯрад.

Аммо агар забон зинда ва пӯё бошад ва соҳибаш масалан ба такрор аз вожаи “вай” истифода накунад ва нагӯяд, “Вая Вай вай кард, сонӣ вай шуд”, метавонад ҳамаро зеру рӯ кунад ва одамҳоро мутаҳаввил созад.

Хуб, сипоҳиён чора дар он диданд, ки ба Рӯдакӣ мутавассил шаванд, чун забони зебо ва шевое дошт, то ӯ коре кунад, ки амир ба Бухоро бозгардад. Рӯдакӣ байтҳои зерро суруд ва дар маҷлиси амир онро ба ёрии чанг ва бо садое ҳазин хонд. Арӯзӣ менависад, Амир Наср чунон ба ҳаяҷон омад, ки бидуни он ки чакма бипӯшад, бар асп нишаст ва рӯй ба Бухоро ниҳод:

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дуруштий роҳи ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нашоти рӯйи дӯст,

Ханги моро то миён ояд ҳаме…

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Ин байт амирро зерӯ рӯ кард, руҳияи ӯро дигаргун сохт ба гунае, ки ҳамон лаҳза дастур дод, ҳама савори аспҳояшон шаванд ва ба Бухоро баргарданд. Ва ба гуфтаи Арӯзӣ, “чун Рӯдакӣ бад-ин байт расид, Амир аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоби хинг навбате овард ва рӯй ба Бухоро ниҳод, чунонки ронин ва мӯза ду фарсанг дар пайи Амир бурданд ба Буруна ва он ҷо дар пой кард ва ъинон то Бухоро ҳеч ҷой бознагирифт”.

Нуктаи дигар ин ки: забон танҳо дар гуфтор нест, балки – ва муҳимтар аз гуфтор — дар навиштор аст, ки худаш ба баҳсе ҷудогона ниёз дорад ва сари фурсат ба он мепардозам. Ва ҳамчунин, зинда будани забон ба хатт ҳам ҳаст. Аз ин рӯ, забони модарии мо, тоҷикҳо се рукн дорад, ки агар яке аз онҳо набуд, пас, аз зинда будан ва пӯё будан афтода. Он се рукн инҳост: гуфтор, навиштор ва хатт, ки порсӣ бошад. Ин худаш ниёз ба як мақолаи ҷудо дорад, ки албатта дигарон дар ин хусус зиёд гуфтаанд. Ба ҳамин миқдор бастанда мекунам.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пиромуни Эрон ва иттифоқоти ахири он
Абармарди хирад

Матолиби пурбоздид