Зеленский хитоб сарони кишварҳои Ғарб: “Бишинед ва тамошо кунед, то аз Куреи Шимолӣ шикаст бихӯрем”
Guardian: Зеленский хитоб сарони кишварҳои Ғарб: “Бишинед ва тамошо кунед, то аз сарбозони Куреи Шимолӣ шикаст бихӯрем”
Ахбори байналмилал
Раиси ҷумҳури Укройн аз муттаҳидони ғарбии худ хост, то қабл аз расидани нерӯҳои Куреи Шимолии мустақар дар Русия ба майдони набард, даст аз “тамошогарӣ” бардошта ва гомҳое бардоранд.
Ҳамзамон, фармондеҳи артиши Укройн гуфт, ки нерӯҳояш бо “яке аз қавитарин ҳамалот” аз сӯйи Маскав аз замони оғози ҷанг, рӯ ба рӯ ҳастанд.
Ба гузориши Guardian, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Укройн, бо матраҳ сохтани эҳтимоли ҳамлаи пешдастонаи нерӯҳои укройнӣ ба урдугоҳҳое, ки сарбозони Куреи Шимолӣ дар он омӯзиш мебинанд, гуфт, ки Киев аз макони истиқрори онҳо иттилоъ дорад, аммо ӯ гуфт, ки Укройн наметавонад бидуни иҷозаи муттаҳидони ғарбӣ ин корро анҷом диҳад, чун бояд барои ин кор иҷозаи истифода аз силоҳҳои дурбурди сохти Ғарб барои ҳадаф қарор додани аҳдоф дар умқи хоки Русияро дарёфт кунад.
Ба гузориши ин расона, Зеленский дар ёддоште дар фазои маҷозӣ, бо интиқод аз муттаҳидони ғарбии худ навишт: ”Омрико тамошо мекунад, Бритониё тамошо мекунад, Олмон тамошо мекунад. Ҳама мунтазиранд, артиши Куреи Шимолӣ низ ҳамла ба укройниҳоро оғоз кунад.”
Иёлоти Муттаҳида рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ҳудуди 8 ҳазор сарбози Куреи Шимолӣ дар минтақаи Курски Русия дар наздики марзи Укройн ҳузур доранд ва барои кӯмак ба артиши Русия дар ҷанг алайҳи нерӯҳои Укройн омода мешаванд.
Иттилооти низомии Укройн низ эълом кард, ки беш аз 7 ҳазор нерӯи Куреи Шимолӣ муҷаҳҳаз ба таҷҳизот ва силоҳҳои русӣ ба манотиқи наздики Укройн мунтақил шудаанд. Ин ожонс, ки бо номи мухтасари GUR шинохта мешавад, муддаъӣ шуд, ки нерӯҳои Куреи шимолӣ дар 5 нуқта дар шарқи дури Русия омӯзиш мебинанд.
Раҳбарони ғарбӣ истиқрори нерӯҳои Куреи Шимолӣ барои ҷанг бо Укройнро ташдиди қобили таваҷҷӯҳе тавсиф кардаанд, ки ҳамчунин метавонад равобитро дар минтақаи Ҳинд ва уқёнуси Ором мутазалзил кунад ва дареро барои интиқоли фанноварӣ аз Маскав ба Пхенян боз кунад, ки метавонад ба гумони онҳо, таҳдиди ношӣ аз барномаи мушакӣ ва таслиҳоти ҳастаии Куреи шимолиро бештар кунад.
Изҳороти Зеленский дар интиқод аз тамошочӣ будани муттаҳидони ғарбӣ дар баробари ҳузури нерӯҳои Куреи шимолӣ дар Русия, андаке пеш аз он сурат гирифт, ки женерол Александр Сирский, фармондеҳи аршади Укройн, рӯзи шанбе гуфт, ки нерӯҳояш дар талош барои мутаваққиф кардани “яки аз қудратмандтарин ҳамалот”-и Русия аз замони таҳоҷуми ҳамаҷонибаи ин кишвар ба ҳамсояи ҷанубии худ дар феврали 2022 ҳастанд.
Сирский пас аз тамос бо як мақоми аршади низомии Чек дар фазои маҷозӣ навишт, ки ягонҳои укройнӣ дар ҷанг мутаҳаммили хасоратҳои сангине шудаанд, ки ба гуфтаи вай, “ниёзманди таҷдиди мудовими манобеъ аст.”
Дар ҳоле, ки Сирский мушаххас накард, ки даргириҳои сангин дар куҷо рух додааст, Русия моҳҳост, ки дар имтидоди ҷабҳаи шарқии Укройн корзори низомии густардаеро анҷом дода ва ба тадриҷ Киевро маҷбур ба таслими замин кардааст. Аммо Маскав талош кардааст, то ҳамзамон нерӯҳои укройниро пас аз таҳоҷуми 3 моҳ пеш аз минтақаи марзии Курск хориҷ кунад ва ба назар мерасад, ҳузури нерӯҳои Куреи Шимолӣ дар ҷабҳаи Курск, барои таҳаққуқи чунин ҳадафе бошад.
Қаламонлайн