Зиндагиномаи Корл Моркс
Дурнамое аз замони Моркс
Нимнигоҳе ба таърих
Корл Моркс (Karl Marx) 5 майи соли 1818 дар Трири Прус зода шудааст. Ӯ дар хонаводае парвариш ёфт, ки таъассуботи мазҳабии чандоне надошт. Хонаводаи вай дар асл аз руҳониёни яҳудӣ, аммо падараш масеҳӣ ва ҳуқуқдон буд ва дар муҳите мутаваллид ва бузург шуд, ки эҳсосоти миҳанӣ надошт.
Таҳсилоташро дар Донишгоҳи Бонн ва Донишгоҳи Берлин ба поён расонид. Муддате нависандагии рӯзномаи Rheinische Zeitung-ро дар Кёлн ба ӯҳда дошт. Аммо чун дар соли 1843 аз тарафи ҳукумат тавқиф гардид, ин шаҳрро тарк ва муддате дар Порис ва Бруксел (Брюссел) зист.
Дар соли 1848 дар оғози амалиёти инқилобӣ, ба Кёлн бозгашт ва ба навиштани рӯзномаи Rheinische Zeitung-и навин пардохт. Дар соли 1849 аз Прус ихроҷ гардид. Аз он ҷо ба Ландан рафт ва дар ин шаҳр муқим гашт ва то поёни умр дар такмили фалсафии сусиёлизм (сотсиалисм) талош кард ва эҳсосоти мардуми Урупоро барои анҷоми ислоҳоти иҷтимоӣ бо интишори ақоиди сусиёлизм таҳрик намуд.
Дар 28 сентябри 1835 дар як тазоҳуроте дар Ландан, ташкили Маҷмаъи байналмилалии коргаронро пешниҳод кард. Дар соли 1869 ба Вилгелм Либкнехт ва муовинони ӯ дар таъсиси ҳизби сусиёл-демукроти коргарони Олмон кӯмак намуд.
Асари муҳимми Моркс китоби “Сармоя” (Капитал) дар 3 ҷилд мебошад, ки дар солҳои 1867 ва 1885 ва 1895 мунташир гардид, ки албатта Энгелс, ҳамкору дӯсти вай, ба такмили ин китоби муҳим пардохт ва ин китоб ба “Инҷили кумунизм” маъруф мебошад. Эъломияи ҳизби кумунист (Манифест Коммунистической партии)-ро дар соли 1847 мунташир сохт, ки ба ин асар “Эъломияи истиқлоли коргарон” низ гуфта мешавад.
Корл Моркс 30 соли охири умри худро дар ниҳояти тиҳидастӣ гузаронид ва се фарзандаш аз шиддати гуруснагӣ даргузаштанд, бе он ки падари файласуфи онҳо битавонад кӯдакони маъсуми хурдсолро аз марг бираҳонад. Гӯянд, пули кафну дафни яке аз баччаҳоро як нафар фаронсавии муқими Ландан пардохт. Марги фарзандон Морксро бисёр мутаъассир кард ва дар номае ба Лосол (Ferdinand Lassalle) навишт: “Марги кӯдакам аъмоқи қалби маро ончунон такон дода ва мағзи маро чунон муталошӣ кардааст, ки ман ҳис мекунам, ки ин марг тоза ба вуқӯъ пайваста ва имрӯз рӯзи аввали он аст.” Моркс ба баччаҳо алоқаи фаровон дошт ва дар маҳаллае, ки дар Ландан мезист, ба баччаҳо ширинӣ медод ва онҳо ба ӯ “Бобо Моркс” мегуфтанд.
Дурнамое аз замони Моркс
Қарни 19-ум, дастхуши инқилобҳо ва таҳаввулоти фаровон гашта ва ҳанӯз аз инқилоби кабири Фаронса ва инқилоби Омрико ва даҳҳо ҷунбиши озодихоҳии дигар лабрез буд. Илова бар ин, дар ин қарн истисмору истеъмор ба дараҷаи камол аз хушунати худ расида буд ва соҳибони санойеъ дар кишварҳои санъатӣ, махсусан дар Ангилис, бо эъмоли зӯр ва рафторҳои ғайриинсонӣ нисбат ба коргарон, дар пайи касби суди бештар буданд. Онҳо аз атфоли 9-сола рӯзе 12 соат баҳракашӣ мекарданд. Ба коргарон ҳуқуқи ночизе медоданд. Аз ҳар сӯи кишварҳои Урупо ва Омрико фарёди озодихоҳон баланд буд ва корҳои ҳукуматҳо ва сарватмандонро ба шиддат мавриди интиқод қарор медоданд.
Дар ин гиру дор як нафар, ки беш аз ҳама бо мушоҳидоти айнии фаровон сахт озурдахотир гашт, даст ба кор шуд ва афкори худро бо истифода аз таҷрибиёти чандинсола мудавван кард. Моркс барои падид овардани асари муҳим ва маъруфаш 18 сол рӯзона 16 соат кору мутолеа мекард ва аз манобеи расмӣ ва илмии Бритониё истифода менамуд, ва он, китоби маъруфи “Сармоя” аст.
Баёнияи кумунизм
Моркс баъд аз табъид аз Олмон ва Фаронса дар соли пурҷанҷоли 1848, ки инқилобе хунин дар Фаронса оғоз шуда буд ба Порис бозгашт ва Маромномаи кумунизмро бо ҳамкории Энгелс дар ҷузвае мунташир кард, ки бо истиқболи фаровон рӯ ба рӯ шуд. Ин баёния бо ин ҷумалот поён меёбад:
“Кумунистҳо ниёзе надоранд, ки афкор ва мақосиди худро пинҳон кунанд. Онон ошкоро эълом медоранд, ки ягона роҳи расидан ба ҳадафҳояшон, муталошӣ сохтани низоми муосир аз тариқи эъмоли зӯр аст. Бигузор, ки табақоти ҳокима дар остонаи инқилоби кумунисти ба ларза дароянд. Коргарон чизе надоранд, ки аз даст бидиҳанд, магар занҷирҳояшонро. Онон тамоми ҷаҳонро ба даст меоваранд. Коргарони ҷаҳон муттаҳид шавед!”
Моркс дар арзи чандин соли кӯшиш, дар ташкили ҷомеаи байналмилалии коргар дар соли 1846 саҳми умдае дошт, ки ба байналмилали аввал маъруф аст ва Моркс ҳамаи эъломияҳо, муқаррарот ва барномаҳо ва хитобаҳои онро фароҳам кард. Аммо ин созмон ба воситаи бурузи дудастагӣ дар соли 1871 мунҳал шуд ва пас аз чанде сусиёлистҳои кишварҳои ғарбӣ байналмилали дуввумро ба вуҷуд оварданд ва кумунистҳо байналмилали севвум (Коминтерн)-ро таъсис карданд.
Моркс 14 марти соли 1883 дар Ландан чашм аз дунё пӯшид.
* * *
Манобеъ:
Донишномаи озоди Викпедия
Донишномаи Рушд
Қаламонлайн