Иддаои толибон: Ниҳодҳои хориҷӣ ба номи ДОИШ харобкорӣ мекунанд

Иддаои толибон: Ниҳодҳои хориҷӣ ба номи ДОИШ харобкорӣ мекунанд

Ахбри байналмилал

Толибон иддао кардааст, сервисҳои ҷосусии хориҷӣ дар Афғонистон даст ба фаъолиятҳои харобкорона мезананд.

Дар гузориш омадааст, раиси ситоди артиши толибон иддао кардааст, ки дастгоҳҳои амниятӣ ва ҷосусии хориҷӣ, ба номи ДОИШ даст ба аъмоли ҷинояткорона ва харобкорона мезананд.

Фасеҳуддин Фитрат дар ҷаласае таҳти унвони “Ҳисобдиҳии давлат ба миллат” бо ин иддао, таъкид намудааст: Толибон душманони зиёде дорад.

Номбурда инро ҳам зикр намудааст, шуморе аз аъзои ДОИШ дар ин кишвар ҳузур доранд.

Фитрат дар идомаи суҳбатҳояш даргирии толибон бо нируҳои марзии Эронро як амри табиӣ байни кишварҳои ҳамсоя хондааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бойден бо сарони Осиёи Миёна мулоқот мекунад
Тоҷикони зиндонӣ дар Русияро ба ҷанги Украина мебаранд

Матолиби пурбоздид