Идомаи тазоҳуроти исроилиҳо
Ахбори ҷаҳон
Бо вуҷуди таъвиқ дар иҷрои тарҳи ҷанҷолии ислоҳи низоми қазоӣ, чаҳоршанбешаб бори дигар Телавив саҳнаи тазоҳурот алайҳи ин тарҳ будааст.
Ба гузориши расонаҳои саҳюнистӣ, ҳазорон исроилӣ чаҳоршанбешаб дар муқобили сохтмони давлати Натонёҳу дар Телавив алайҳи “ислоҳоти қазоӣ” тазоҳурот карданд.
Натонёҳу душанбешаб дар як нутқи телевизионӣ гуфт: “Тасмим гирифтам барои ҳусули як тавофуқи густарда, ки аз масъулияти миллӣ сарчашма мегирад ва ҷилавгирӣ аз чанддастагӣ байни исроилиҳо, раъйи Кнессет дар бораи қонуни тағйироти қазоиро ба ҳолати таълиқ дароварам.”
Вай таъкид кард, раъйи тағйироти қазоиро ба таъвиқ меандозем, аммо ҳаргиз аз он даст намекашем.
Дар ҳамин ҳол Исҳоқ Ҳертсог, раисиҷумҳури режими саҳюнистӣ бо баёни ин ки замони шурӯъи гуфтугӯи ҷиддӣ барои коҳиши таниш фаро расидааст, аз ҳамаи тарафҳо хост масъулиятпазир бошанд.
Вай афзуд: “Ман тафриқа байни исроилиҳоро намепазирам ва ҳеч дареро, ки ба гуфтугӯ ва дастёбӣ ба тавофуқ кӯмак кунад, тарк намекунам.”
Ҳертзог таъкид кард: “Ҷанги дохилӣ байни исроилиҳоро намепазирем.”
Бо ин ҳол, сиёсатмадорон ва нозирон нияти Натонёҳу барои ба таъвиқ андохтани раъйгирӣ дар бораи тағйироти қазоиро зери суол бурданд ва гуфтанд, ӯ дар сояи афзоиши тазоҳурот ва худдории сарбозон аз хидмати низомӣ, ки ба режими “Исроил” зарба задааст, ба таваққуфи ин қонун мутавассил шуд.
Дар ҳоле, ки бештари гурӯҳҳои мухолиф аз пасгирифтани ин тасмим тавассути Натонёҳу истиқбол карданд, Либерман, раиси ҳизби “Исроил хонаи мо” назари мутафовите дошт.
Либерман субҳи сешанбе дар твиттери худ навишт: “Намехоҳам мунодии ахбор бад бошам, аммо ман воқеан Бибӣ (Натонёҳу)-ро мешиносам. Ӯ наметавонад манро фиреб диҳад ва медонам чӣ чизе ӯро ҳидоят мекунад.”
Вай афзуд: “Аз дӯстонам дар опозисиюн мехоҳам, ки дучори таваҳҳум нашавед, набояд дар дом биафтед ва ба ӯ иҷоза диҳед, ки содиқонатарин эътирози таърихро дарҳам бишканад.”
Мӯътаризон мегӯянд, тарҳи тағйироти қазоӣ зарбаи сахте ба демукросӣ ворид мекунад, зеро таъсири Девони оли (болотарин ниҳоди қазоии режими саҳюнистӣ)-ро бар раванди тасвиби қавонини поя маҳдуд мекунад ва ба аъзои Кнессет иҷоза медиҳад мусавваботи онро таъвиқ биандозад.
Ин тарҳ ба кобина иҷоза медиҳад бар кумитае, ки қозиёнро мансуб мекунад, сайтара ёбад. Натонёҳу муддаӣ аст ин тарҳ бар демукросӣ таъсире нахоҳад гузошт ва ҳадафи он бозгардондани таъодул байни қуво (қонунгузорӣ, иҷроӣ ва қазоӣ) аст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн