Интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия ва ҳавошии он

Таҳлили хабарӣ
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия ва ҳавошии он
Агар Эрдуғон дар интихоботи Туркия шикаст бихӯрад, чӣ хоҳад шуд?
Таҳлиле аз Рубен Силверман (Reuben Silverman) дар Foreign Policy
“Интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумони Туркия дар таърихи 14 май баргузор хоҳад шуд. Ин интихобот метавонад Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳур ва Ҳизби адолат ва тавсиаро, ки дар 20 соли гузашта ҳукумат кардаанд, аз қудрат халъ кунад. Дар ду даҳаи гузашта, Ардуғон ва Ҳизби адолат ва тавсиа асари амиқе дар кишвар бар ҷой гузоштанд, нақши исломро дар ҳукумати секулор густариш дода ва нуфузи Туркияро дар хориҷ аз кишвар афзоиш доданд. Бо ин вуҷуд, солҳо сиёсати иқтисодии ғайриоддӣ ва зилзилаи маргбор дар моҳи феврали гузашта, эътимод ба давлатро тазъиф карда ва боиси зери суол бурда шудани мудирияти ин ҳизб шуда; мудирияте, ки иттифоқан пештар нуқтаи қуввати он маҳсуб мешуд.
Пас аз гузашти ду даҳа, тасаввури хуруҷи Ардуғон аз саҳнаи сиёсат душвор аст. Назарсанҷиҳо ҳокӣ аз он аст, ки эҳтимол дорад ӯ тавассути як номзади мухолиф мутаҳаммили шикаст шавад, аммо ин бовари умумӣ вуҷуд дорад, ки ӯ ҳар коре, ки лозим аст барои мондан дар қудрат анҷом медиҳад ва аз имтиёзоти риёсати ҷумҳуриаш барои касби як пирӯзии маҳдуд ё ба чолиш кашидани натоиҷи номатлуб истифода хоҳад кард.
Бисёре аз нигарониҳои перомуни рақобати риёсати ҷумҳурии Туркия ва ин ки Ардуғон чӣ гуна ба натоиҷи он вокуниш нишон хоҳад дод, натиҷаи мавқеияти мунҳасир ба фарди ӯ дар таърихи сиёсии Туркия аст. Тасаввури ин ки Ардуғон бо зарофат шикастро бипазирад, душвор аст, зеро ин амр бесобиқа хоҳад буд: ҳеч раисиҷумҳуре дар Туркия то кунун ба таври мустақим аз мансаби худ барканор нашудааст. Ардуғон на танҳо аввалин раисиҷумҳури Туркия аст, ки ба ҷойи тасмими порлумон, тавассути мардум интихоб мешавад, балки бар таҳаввули он кишвар аз порлумонӣ ба риёсатӣ низ назорат доштааст.
Дар ҳоле, ки бисёре аз 11 нафар аз аслофи Ардуғон бидуни ҳаёҳу омаданд ва рафтанд, теъдоди маъдуде, ки монанди ӯ тавассути як ҳизби сиёсӣ ҳимоят мешуданд, тамоюл доштанд то замоне, ки тавассути артиш барканор шуда ё бо марги ғайримунтазирае рӯбарӯ шаванд, дар симати худ боқӣ бимонанд. Қатъан ин ки қарор бошад истисное дар ин раванд дар миён бошад, барои Ардуғон сенарияи ҷаззобе нахоҳад буд.
Мустафо Камол Отатурк, бунёнгузор ва аввалин раисиҷумҳури Туркия, дар синни 57-солагӣ эҳтимолан ба далели сабки зиндагиаш даргузашт. Исмат Инуну, ҷонишин ва мӯътамади наздики ӯ, 12 сол хидмат кард, то ин ки Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ, ки ӯ ва Отатурк раҳбарии онро бар ӯҳда доштанд, дар соли 1950 дар аввалин интихоботи нисбатан озод ва одилонаи Туркия, тавассути Ҳизби демукрот мутаҳаммили шикаст шуд.
Демукротҳо аз давлати султагар ва секулор интиқод карданд ва аз ширкатҳои хусусӣ ҳимоят ба амал оварданд ва сиёсатмадороне монанди Ардуғон ононро ба унвони намоде аз пайванди табиӣ байни сиёсати рости миёна ва демукросӣ дар Туркия мавриди ситоиш қарор доданд. Тасмими Ардуғон барои баргузории интихобот дар 14 май яъне солгарди пирӯзии демукротҳо бар Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ ба манзури таъкид бар ин иртибот аст.
Инуну, ки дар соли 1950 65-сола буд, шикасти маҳиби ҳизбашро пазируфт, аммо тасмим гирифт аз сиёсат бознишаста нашавад. Ӯ ба муддати 22 соли дигар раҳбарии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқро дар ихтиёр дошт, то он ки саранҷом дар як гирдиҳамоии ҳизбӣ дар соли 1972 тавассути Булант Эҷевит, ки наздик ба як даҳа ба унвони ҷонишини Инунуи кӯҳансол дар интизор боқӣ монда буд, маҷбур ба хуруҷ аз саҳна шуд. Инуну як солу ним пас аз он даргузашт. Агарчӣ ӯ ҳаргиз раисиҷумҳур нашуд, аммо Эҷевит барои се даҳаи дигар ба унвони як чеҳраи аслӣ дар сиёсат боқӣ монд ва то замоне, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ пас аз кудатои низомӣ дар соли 1980 мамнӯъ шуд, он ҳизбро раҳбарӣ кард.
Ҷалол Боёр, раҳбари Ҳизби демукрот ба муддати як даҳа ба унвони раисиҷумҳур хидмат кард, то он ки дар ҷараёни кудатои низомӣ дар соли 1960 барканор шуд. Пас аз он, ӯ ба ҳамроҳи чанд вазири давлатӣ ба эъдом маҳкум шуд. Бо ин вуҷуд, раҳбарони кудато ба далели куҳулати син ин ҳукмро тахфиф доданд. Боёр ва бисёре аз демукротҳои бозмонда беш аз 5 солро дар зиндон гузаронданд. Дар он замон артишиҳои Туркия ба шӯхӣ мегуфтанд: Боёр то 103-солагӣ зиндагӣ кард ва солҳо пас аз озодӣ ба таъсиргузорӣ бар сиёсат дар пушти саҳна идома дод. Он теъдод аз демукротҳое, ки дар аввалҳои даҳаи 1960 дар зиндон набуданд, Ҳизби адолатро ба раҳбарии Сулаймон Демирел ташкил доданд. Демирел собит кард, ки як сиёсатмадори зирак аст ва контроли ҳизб ва ҷонишинони онро барои тақрибан чаҳор даҳа ҳифз намуд.
Интихоботи порлумонӣ дар даҳаҳои 1960 ва 1970 байни як ҷиноҳи рости миёна ба раҳбарии Демирел ва як ҷиноҳи чапи миёна таҳти ҳимояти Эҷевит баргузор шуд. Бо ин вуҷуд, дар сатҳи риёсати ҷумҳурӣ артиш ҳамчунон контролро дар даст дошт. Қонуни асосие, ки пас аз кудатои 1960 тасвиб шуд, тасреҳ карда буд, ки руасои ҷумҳур бояд тавассути порлумон барои як давраи ҳафтсола интихоб шаванд. Давраҳои пай дар пай барои мақоми риёсати ҷумҳурӣ мамнӯъ шуд. Се раисиҷумҳури ин давра Ҷамол Гурсал, Ҷавдат Суной ва Фахрӣ Кӯрутурк женерол ё дарёсолори собиқ буданд. Нотавонии ҷиноҳҳои сиёсӣ дар порлумон барои интихоби раисиҷумҳури ҷадид дар поёни давраи Кӯрутурк дар соли 1980 аз ҷумлаи авомили мутааддиде буд, ки артишро ташвиқ кард, то бо анҷоми як кудатои тоза дар он сол порлумонро мунҳал карда ва Қонуни асосии тозаеро ироа кунад. Дар он сол женерол Кунон Уран бо ҳимояти артиш ба унвони ҳафтумин раисиҷумҳури Туркия корашро оғоз кард.
Режими таҳти ҳимояти низомиён аҳзоби Ҷумҳурихоҳи Халқ ва Ҳизби адолатро мунҳал кард. Ҳамчунин, Демирел ва Эҷевит тавассути низомиён аз фаъолияти сиёсӣ манъ шуданд. Аз лиҳози назарӣ ин вазъият метавонист боиси зуҳури чеҳраҳои тозае дар саҳнаи сиёсати Туркия шавад, аммо Демирел, Эҷевит ва дигар сиёсатмадорон дар ҳамапурсии соли 1987 ҳуқуқи сиёсии худро бозёфтанд. Дар замони ғайбати онон, чапи миёна тавассути Урдол, писари Инуну, ки фоқиди харизмаи Эҷевит буд, раҳбарӣ мешуд ва рости миёна таҳти султаи Ҳизби “Мом ватан” таҳти раҳбарии дӯсти деринаи Демирел яъне Тургут Узол ҳидоят мешуд, ки пирӯзии ӯ бар аҳзоби мавриди ҳимояти артиш дар аввалин интихобот пас аз кудато дар соли 1983 ба масобаи сарафкандагие барои женеролҳои низомӣ буд. Замоне, ки Уран дар соли 1989 бознишаста шуд, Узол аввалин раисиҷумҳури ғайринизомии Туркия аз соли 1960 ба ин сӯ қаламдод мешуд.
Замоне, ки Демирел дубора вориди арсаи сиёсат шуд, аз ин ки муттаҳиди собиқаш Узол акнун бар саҳнаи сиёсӣ тасаллут дорад, хушнуд набуд. Бинобар ин, Демирел таҳти унвони ҳизби роҳи рости худ дар интихобот ширкат кард. Ҳизби “Мом ватан” дар соли 1991 контроли порлумонро аз даст дод ва аксари курсиҳо дар ихтиёри эътилофи таҳти раҳбарии Демирел қарор гирифт. Замоне, ки Узол дар соли 1993 пеш аз поёни давраи риёсати ҷумҳуриаш, ба таври ғайри мунтазирае бар асари ҳамлаи қалбӣ даргузашт Демирел тавонист риёсати ҷумҳуриро барои худ тазмин кунад. Бо ин вуҷуд, замоне, ки давраи риёсати ҷумҳурии Демирел дар соли 2000 ба поён расид, ӯ наметавонист барои давраи дигаре қудраташро тамдид кунад. Анҷоми ин кор мусталзими ислоҳи Қонуни асосӣ ва ҳимояти сиёсие буд, ки ӯ фоқиди он ба назар мерасид. Ҳизби ӯ амиқан манфур буд ва рақиби қадимиаш Эҷевит дар он замон нахуствазир буд. Дар ниҳоят Аҳмад Наҷдат Сезер, раиси додгоҳи Қонуни асосӣ, ҷонишини Демирел шуд, ки мавриди қабули аксари ҷиноҳҳои сиёсӣ буд ба ҷуз сиёсатмадороне, ки манофеъи исломгароён ва курдҳоро намояндагӣ мекарданд ва ҳар ду таҳти фишор аз сӯйи дастгоҳи қазоӣ буданд.
Ин бегонагии муштарак бо давлати секулор ва миллигаро, ки Сезер аз он дифоъ мекард, боис шуд бисёре аз раъйдиҳандагони мазҳабӣ ва курд дар интихоботи порлумонии соли 2002 аз Ардуғон ва Ҳизби адолат ва тавсиаи тозатаъсиси ӯ ҳимоят кунанд. Ардуғон шаҳрдори Истамбул ва узве аз ҳизби исломгарои “Рафоҳ” буд, то ин ки он ҳизб дар соли 1998 мамнӯъ шуд ва ӯ дар он сол аз симаташ барканор шуд.
Бо ин вуҷуд, расвоиҳои ношӣ аз фасоди ҳукуматӣ ва вуқӯъи зилзилаи вайронгар дар он замон, фурсате барои Ардуғон буд, чаро ки эътимоди раъйдиҳандагон ба нухбагони сиёсии мустақар дар он замонро аз байн бурд. Аҳзоби муртабит бо Эҷевит, Демирел ва Узол дар интихобот комилан шикаст хӯрданд ва танҳо намояндагони ду ҳизби Ҳизби адолат ва тавсиа ва Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқи бозсозишуда тавонистанд вориди порлумон шаванд. Ҳеҷ як аз аҳзобе, ки ду сол пеш аз он, Сезерро ба қудрат расонданд, дар замони маросими савганди Ардуғон ба унвони нахуствазир дар соли 2003 дар баданаи қудрат боқӣ намонда буданд.
Сезер дар ибтидо собит кард, ки монеъи аслии эъмоли қудрати Ардуғон ва Ҳизби адолат ва тавсиа аст ва мукарраран лоиҳаҳоро вето кард ва масири интихоби номзадҳои мансабҳои калидиро масдуд кард. Замоне, ки давраи риёсати Сезер дар соли 2007 ба поён расид, Ҳизби адолат ва тавсиа яке аз аъзои худ ба номи Абдуллоҳ Гулро ҷойгузини ӯ кард. Бо рӯйи кор омадани Гул, Ҳизби адолат ва тавсиа тавонист қудрати худро бар брюкросӣ ва дастгоҳи қазоӣ тасбит кунад. Бо ин вуҷуд, қудрат ба ҷойи дастони Гул, ҳавли меҳвари Ардуғон ва муттаҳидони наздикш мутамаркиз шуд. Дар як намунаи қобили таваҷҷӯҳи замонӣ, ки раиси конуни вукалои Туркия дар интиқод аз давлат суханронӣ кард, Ардуғон дар ҳоле, ки раисиҷумҳур пушти сари ӯ буд, аз утоқ хориҷ шуд. Замоне, ки Ардуғон худ дар аввалин интихоботи мустақими риёсати ҷумҳурии Туркия дар соли 2014 номзадиаш барои риёсати ҷумҳуриро эълом кард ва Гул бидуни даргирӣ канорагирӣ кард, ҷойи тааҷҷубе надошт.
Ардуғон боиси эҷоди тағйироти асосӣ дар ниҳод ва мансаби риёсати ҷумҳурӣ шуд. Дар тӯли давраи нахусти риёсати ҷумҳуриаш ағлаб дар тасмимгириҳои давлат дахолат карда ва ба шевае ҷиноҳӣ амал мекард, ки бисёре аз коршиносони ҳуқуқӣ мӯътақид буданд муғойир бо қонун буд. Дар ҳамапурсии соли 2017 бо ҳимояти Ардуғон тағйироте дар Қонуни асосӣ тасвиб шуд, ки дар натиҷаи он мақоми нахуствазирӣ ҳазф шуда ва Туркия ба як системи риёсати ҷумҳурӣ табдил шуд, ки Ардуғон мӯътақид буд ҳукумати муассиртареро тазмин мекунад. Ӯ дар давраи дуввуми риёсати ҷумҳуриаш аз ихтиёроти ҷадиди худ барои мудохила дар бахшҳои маъдуде аз ҷомеа истифода кард, ки то ҳудуде худмухтор боқӣ монданд ва тайи чанд сол чаҳор раиси Банки марказиро тағйир дод.
Раисони ҷумҳури Туркия, ки пас аз кудато рӯйи кор омада буданд ё бо ҳимояти артиш ба қудрат расиданд, тавонистанд ниҳодҳоро ба хости худ шакл диҳанд, аммо онон фоқиди аҳзоби сиёсӣ барои иртибот бо мардум буданд. Дар ҳамин ҳол, раисони ҷумҳуре, ки аҳзоби сиёсиро раҳбарӣ мекарданд ва аз ҳимояти мардумӣ бархӯрдор буданд, ҳаргиз чунин нуфузи мустақиме бар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ надоштанд. Ардуғон аз ин назар мунҳасир ба фард аст, чаро ки ҳам контроли давлатиро дар ихтиёр дошта ва ҳам тарафдорони қобили таваҷҷӯҳе дорад, ки намехоҳанд бибинанд ӯ қудратро канор мегузорад. Агар ӯ дар интихоботи моҳи оянда мутаҳаммили шикаст шавад, эҳтимолан ин шикаст бо ихтилофи андаке хоҳад буд. Ӯ дар синни 69-солагӣ дар муқоиса бо раҳбарони собиқи Туркия дар поёни даврони кориаш нисбатан ҷавон қаламдод хоҳад буд.
Ба таври хулоса метавон гуфт, Ардуғон намунаҳои каме барои чигунагии вогузории мусолиматомези қудрат дорад. Танҳо раисиҷумҳури Туркия, ки ба таври довталабона аз симати худ канорагирӣ кард дар ҳоле, ки ҳанӯз қудрат ва нуфузи қобили муқоиса бо Ардуғон дошт, Инуну дар соли 1950 буд. Дар солиёни пас аз он демукротҳои пирӯз дороии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқро тасоҳуб карданд ва яке аз писарони Инунуро ба далели иртикоби қатл бо василаи нақлия ба далоили заъиф таҳти таъқиб қарор доданд ва ҳатто самъаки Инунуро аз ҷаъбаи ӯ дар сохтмони давлатӣ бардоштанд. Демукротҳо ҳамчунин бондҳое аз ҳаводоронро барои ҳамла ба таҷаммӯъоти тарафдори Инуну созмондиҳӣ карданд. Кудатои низомии 1960, ки демукротҳоро аз қудрат канор зад, дар ҳоле рух дод, ки ба назар мерасид он ҳизб дар ҳоли омода шудан барои мамнӯъ кардани Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ буд.
Ба назар мерасад Ардуғон дӯст дорад худро бо демукротҳо ва бадрафториҳое, ки артиш бо онон карда мавриди шиносоӣ ва муаррифӣ қарор диҳад. Бо ин вуҷуд, мумкин аст хотираи рафтори демукротҳо бо Инуну ва соири мухолифон шикастхӯрда бошад, ки хатари шикастро дар зеҳни Ардуғон афзоиш додааст.
Опозисиони кунунии Туркия ағлаб ӯро ба унвони як диктотури фосид мешиносад ва муттаҳам мекунад ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ӯ ё хонаводааш пас аз поёни қудрат бо пайгарди қонунӣ мувоҷеҳ шаванд. Ардуғон ба вузуҳ ин иттиҳомотро ҷиддӣ мегирад: раҳбарони опозисион ба далели изҳороти худ ҷарима ва муҳокима шудаанд.
Аҳзоби опозисиони Туркия барои коҳиши тарси Ардуғон аз бохт ва ҳар он чи мумкин аст ба ҳамроҳ дошта бошад, беҳтар аст аз маҳкум кардани раисиҷумҳур худдорӣ кунанд ва паёми мусбате дар ин бора ироа диҳанд, ки гомҳои муфидеро пас аз расидан ба қудрат бархоҳанд дошт ва ин мавзӯъро ба раъйдиҳандагон тавзеҳ диҳанд. Ин бахше аз стратегияи Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ дар корзори муваффақиятомези шаҳрдории Истанбул дар соли 2019 буд. Камол Қилиҷдор Уғлу, раҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ, рақиби аслии Ардуғон аст ва ба унвони мунтақиди ӯ номе барои худ дасту по кардааст. Ӯ аз замони номзадиаш дастури кори мусбатеро бо ваъдаҳои поён додан ба фасод ироа кардааст. Ӯ бар рӯйи масоили марбут ба маъишати шаҳрвандон ва рифоҳи иҷтимоӣ тамаркуз карда ва дар айни ҳол таъкид карда, ки ба ҷараёни пули сарозершуда ба сӯйи гурӯҳҳои қудратманд ва тарафдори Ҳизби адолат ва тавсиа поён хоҳад дод. Ӯ тафриқаафкании режими такнафараи Ардуғонро бо фарогир будани эътилофи мухолифон таҳти раҳбарии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Халқ, аммо шомили аҳзоби мухталиф аз назари иделогӣ аст, ки ҳамагӣ қасди барканории Ардуғон аз қудратро доранд муқоиса кардааст. Ин ки оё ин иқдом метавонад раъйдиҳандагонро ба ҳаяҷон биёварад бидуни ин ки азми Ардуғонро барои ҳифзи қудрат ҷазмтар созад, бо гузашти замон мушаххас хоҳад шуд.
Эътилофи густурда таҳти раҳбарии Қилиҷдор Уғлу зарурӣ аст, зеро ҳеч шахсияти сиёсии ғолибе дар Туркия барои рақобат бо Ардуғон зоҳир нашудааст. Акнун ҳеч Эҷевите барои Демирел ё ҳеч Инунуие барои Боёр вуҷуд надорад. То ҳадде ин натиҷа иқдомоти шахси Ардуғон аст. Сиёсатмадорони ҳаяҷонангезе монанди Акрам Имом Уғлу, шаҳрдори Истанбул ва Салоҳуддин Демиртош, раҳбари Ҳизби демукротики Халқҳо бо пайгарди қонунӣ ва зиндон, аз рақобат канор гузошта шудаанд. Пурсиш ин аст, ки оё Ардуғон метавонад тасаввур кунад, ки аввалин раисиҷумҳуре хоҳад буд, ки аз тариқи созукори интихобот қудратро раҳо мекунад?”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Забони модарӣ
Ҷанги эҳтимолии Эрон ва Исроил ва паёмадҳои он

Матолиби пурбоздид