Ин ҷанг як ҷанги оддӣ нест

Ин ҷанг як ҷанги оддӣ нест

Ёддошти Сайидюнуси Истравшанӣ

Дирӯз дар як ёддошти кӯтоҳ, роҷеъ ба нурмол (мӯътадил) набудани Тромп дар мавзеъгириҳояш ва ин ки ҳар лаҳза мавзеи худро тағйир медиҳад – ва баъзеҳо ин мавзеъгириро ҳисобшуда ва ба кор бурдани ин худъакорӣ ва найрангро навъе токтик мепиндоранд, ки албатта соҳибони ин андеша иштибоҳ мекунанд, ин шайтанат аст – имрӯз аммо чизе дигар арз мекунам:

Ва он ин ки: Тромп дар изҳороти дишаби худ гуфт, ки бо раҳбаре “муқтадир” дар Эрон иртибот барқарор кардааст ва он шахсият касе будааст ҷуз раҳбари феълӣ. (Дурӯғе ба ин бузургӣ!) Пас аз ин изҳори назари вай, ғулҳои расонаии вобаста ба низоми султа ва дору дастаи ҷазираи Эпштейн – ки имрӯз ба “баракати” ин ҷанг, равшан шуд, аксар ба иттифоқи расонаҳои ҷаҳонӣ аз Reuters, Independent, BBC ва ғайраву золик ҳама дар воқеъ буқи ин педофил будаанд – ин хабарро пароканданд, ки гӯӣ ин фард Қолибоф будааст ва ҳатто чанд то аз ин расонаҳо гуфтанд, Қолибоф гӯӣ қарор аст ба Исломобод биёяд ва бо намояндаи Тромп дар бораи поёни ҷанг музокира кунад.

Албатта, парокандани ин ҳарфҳо нишондиҳандаи истиъсол ва сардаргумӣ ва берун овардани худ аз ботлоқе аст, ки дар он гир афтодаанд.

Гузашта аз ин, чанг задан ба ин дурӯғ ва ин найранг бо ин пиндор, ки ба ҳамин ин роҳ битавонанд аз ин махмаса худро берун оваранд ва миёни мақомоти эронӣ ба истилоҳ дудастагӣ эҷод кунанд, ин нуктаро нишон медиҳад – ки манзури ман аз навиштани ин ёддошт ҳамин нукта аст – ки ин одамҳо чӣ қадр касиф ва олуда ва паст ва берун аз ҷиргаи одамият будаанд! На танҳо Тром ва аъвону ансораш, балки ҳар ки аз коршиносу таҳлилгару сиёсатмадор, ки ин гуна тарфандҳоро дар ҷанг дуруст ангорад, воқеан паст ва дар ҳақиқат парваришёфтаи ҷазираи Эпштейн будааст!

Яке аз самароти ин ҷанг – ки албатта дар тайи он хеле аз азизон аз миён рафтанд ва чӣ мусибатҳое ба бор овард – ин аст, ки ин ҳақоиқро ошкор кард. Ошкор кард, шаҳид Оятуллоҳ Хоманаӣ чӣ нигине будааст, ки башарият намешинохт! Тромп ва Натонёҳу ва аъвону ансорашон, ки дар ҷаҳон андак нестанд, чӣ касофате будаанд! Нишон дод, афроде чун Лориҷонӣ чӣ инсонҳое будаанд! Нишон дод, расонаҳое, ки то муддате пеш тақрибан ҳама гумон мекарданд, “ростгӯ”, “бетараф” ва аз ин қабил чизҳоянд, чӣ қадр дурӯғгӯ ва беҳаё ва ноодам будаанд!

Ба ҳамин ҷиҳат арз мекунам, ин ҷанг як ҷанги оддӣ нест! Ҷанги тамйиздиҳандаи байни ҳаққу ботил, росту дурӯғ, инсонфу беинсофӣ ва хулоса байни одаму ноодам будааст!

Албатта ҳанӯз зуд аст бигӯем ин ҷанг дар шуруфи поён ёфитан аст. На! Ба назарам, ҳанӯз идома хоҳад дошт ва ҳамон тавре ки арз карда будам, шояд то як сол тӯл бикашад ва ҳамаро ғарбел бикунад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳаммадбоқири Зулқадр дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъйин шуд
Муҳаммади Марандӣ: Ҳадафи Тромп, коҳиши нархи нафт буд

Матолиби пурбоздид