Ислом ва ниёзҳои ҷаҳони имрӯз
Понздаҳ гуфтор – Бахши аввал
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Ислом ва ниёзҳои ҷаҳони имрӯз
بسم اللَّه الرحمن الرحیم
الحمد للَّه ربّ العالمین بارئ الخلائق أجمعین والصلوة والسلام علی عبد اللَّه ورسوله وحبیبه وصفیه سیدنا و نبینا ومولانا أبي القاسم محمّد صلی الله علیه وعلی آله الطیبین الطاهرین المعصومین
أعوذ باللَّه من الشیطان الرجیم
فَأَمَّا الزَّبَدُ فَيَذْهَبُ جُفَاءً ۖ وَأَمَّا مَا يَنْفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فِي الْأَرْضِ
(Раъд/17)
Ислом ва ниёзҳои ҷаҳони имрӯз. Пас чунин фарз шудааст, ки ҷаҳони имрӯз ниёзҳое дорад. Дар ҷаҳони имрӯз ниёзҳое вуҷуд дорад, он ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ, на дар сатҳи масалан миллӣ ва қавмӣ ё фардӣ. Ва сониян, худ ба худ ба зеҳни шунавандаи мӯҳтарам ин матлаб хоҳад омад, ки вақте гуфта мешавад: “Ислом ва ниёзҳои ҷаҳонӣ”, гӯянда мехоҳад дар бораи ин матлаб сухан бигӯяд, ки як силсила ниёзмандиҳо ва дардмандиҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва бо миқёси ҷаҳонӣ вуҷуд дорад ва ин ислом аст танҳо қудрате, ки метавонад ин ниёзҳои ҷаҳониро рафъ кунад ва ин дардмандиҳои ҷаҳониро шифо бахшад.
Асли ниёз
Дар низоми офариниш, танҳо чизе қобили бақост, ки мавриди ниёз буда бошад ва ҳамон мавриди ниёз будан зомини бақои ӯст. Ба иборати дигар, танҳо чизе қобили бақост, ки асари нек ва муфид нисбат ба соири аҷзои олам ва пайкараи олам дошта бошад. Агар бехоссият ва беасар бошад, маҳкум ба завол ва фано ва нестӣ аст. Қуръон мефармояд:
فَأَمَّا الزَّبَدُ فَيَذْهَبُ جُفَاءً ۖ وَأَمَّا مَا يَنْفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فِي الْأَرْضِ
Аввал масале зикр мекунад. Боронро масал мезанад, ки ба кӯҳсорон меборад, селе ҷорӣ мешавад, ин сел рӯдхонаҳо ва ҷӯйҳоро пур мекунад. Дар бархӯрде, ки ин сел (бо ашёи сари роҳи худ) мекунад, кафҳое бар рӯйи сел пайдо мешавад. Аҳёнан ва балки ҳамеша ин каф рӯйи селро мепӯшонад. Қуръон мефармояд: масали он чи ки муфид ва ҳақ аст, масали он сел аст ва масали он чи ки муфид ва муассир ва мавриди ниёз нест, масали он кафи рӯйи об аст. Каф меравад, ҳаво мешавад,, вале об боқӣ мемонад ва натиҷа мебахшад. Баъд мефармояд: ба таври куллӣ:
وَأَمَّا مَا يَنْفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فِي الْأَرْضِ
Зистшиносҳо мегӯянд: дар аъзо ва ҷавореҳи пайкараи як мавҷуди зинда, ҳар узве то вақте қонуни хилқат ба ӯ иҷозаи бақо медиҳад, ки он узв муфид ва муассир ва мавриди ниёз бошад. Ҳаминки ин узв аз асар афтод ва дигар мавриди ниёз набуд, дастгоҳи муназзами худкори ҳидоятшудаи хилқат онро ҳазф мекунад, мегӯяд: вуҷуди ту дигар мавриди ниёз нест, бояд биравӣ. Дар иқтисод ҳам ҳамеша он колое метавонад боқӣ бимонад ва дар бозор арзи вуҷуд кунад, ки мавриди ниёз бошад.
Дар иҷтимоъ, ки баҳси мавриди назари мост, ин қонун ҳукмфармост. Ҳар чизе, ки мавриди ниёзи иҷтимоъ ва муфид ба ҳоли иҷтимоъ бошад ва иҷтимоъро ба сӯйи хайр ва такомул ҳидоят кунад, дар низоми хилқат боқӣ ва барои иҷтимоъи башар маҳфуз мемонад. Ва агар мавриди ниёз набуд, бо қасру зӯру ҷабр наметавон нигаҳдорияш кард. Қонуни Худост. Агар Қуръон мегӯяд:
إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ
(Ҳиҷр/9), ба далолати илтизомӣ ин тавр мехоҳад бигӯяд: ин Қуръон ҳамеша мавриди ниёзи башар хоҳад буд, бинобар ин мо ҳамеша онро маҳфуз нигаҳ хоҳем дошт. Дуруст аст, мову шумо вазифа дорем, бисёр вазифаи сангине дорем, вале як матлаб ҳаст: агар ислом дар зот ва табиати худаш ин қудратро надошта бошад, ки ниёзҳои ҷаҳони башариро рафъ кунад, агар давои дарди башар набошад, мову шумо ва ҳазорон Ҳусайнияҳои Иршод бихоҳанд ба зӯр нигаҳаш доранд, имкон надорад:
القصر لا یدوم
Вале агар ислом ин қудрат ва тавоноиро дошта бошад, боқӣ мемонад. Танҳо вазифае, ки мо дорем ин аст, ки ин эҳсоси эҳтиёҷро дар башар бедор кунем ва ин амри мавриди ниёзро ба ин башари мӯҳтоҷ арза бадорем. Нақши Ҳусайнияҳои Иршод ва амсоли он ин аст, ки ин эҳсоси эҳтиёҷро дар башар бедор кунад, огоҳаш кунад, мутаваҷҷеҳаш намояд, ки ту ба ислом мӯҳтоҷӣ, баъд исломро орӣ аз ҳар пирояе ба ӯ арза бидорад. Дигар ҳамон кофӣ аст, намехоҳад мову шумо нигаҳдораш бошем, ӯ худаш ҷойи худашро боз мекунад.
Сухани Паёмбар (с)
Сухане дорад Расули Акрам, ки ҳатто фуқаҳо онро мӯътабар шинохтаанд. Шайхи Ансорӣ мегӯяд, агарчӣ мурсал аст, вале чун аз қадимулайём мавриди истиноди фуқаҳост —
منجبر بعمل الآصحاب
— ҷузъи аҳодиси мӯътабари фиқҳи мост:
الاسلام یعلوا ولا یُعلی علیه
Пайғамбари ислом фармуд: ислом боло меравад, чизе бар ислом бартарӣ пайдо намекунад. Ба ин ҷумлаи Расули Акрам аз зовияҳои мухталиф назар шудааст. Фуқаҳо рӯйи ҳисоби худашон ин ҷумларо ба истилоҳ, “иншо” талаққӣ кардаанд, ҳукми таклифӣ ва вазъӣ аз он истифода мекунанд, ки ман баҳсашро намекунам, (чун) аз баҳси худам мемонам. Мутакаллимин аз зовияи калом нигоҳ кардаанд, гуфтаанд: маънии ҷумла ин аст, ки ҳуҷҷати ислом бар тамоми ҳуҷҷатҳо ғолиб аст.
Ин ҳадис як зовияи (диди) дигаре ҳам дорад, ки ман аз он зовия мебинам ва онро тарҷеҳ медиҳам ва он ин аст: ислом дар майдони амал, дар майдони ниёз ва эҳтиёҷ, дар танозӯъи бақо (қонуни танозӯъи бақо танҳо миёни инсонҳо ва ҳайвонҳо нест; миёни маромҳо, маслакҳо, динҳо, ақидаҳо ва фикрҳо ҳам вуҷуд дорад), дар майдони:
فَأَمَّا الزَّبَدُ فَيَذْهَبُ جُفَاءً ۖ وَأَمَّا مَا يَنْفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فِي الْأَرْضِ
— бартар аст ва чизе бар он бартарӣ намеёбад. Пайғамбар мехоҳад бифармояд: ҳар чи ки замон бигзарад, беҳтар кашф мешавад, ки ниёзҳои ҷаҳон чист ва ислом беҳтар ба дарди рафъи ниёзҳои ҷаҳонии башар мехӯрад. Аз ин ҳам бигузарам.
Ниёзи башари имрӯз
Оё башар дар ин аср, ки асри илму фикру рӯшноиву ақл аст, асри қонун аст, асри идеологияҳо ва фалсафаҳост, ба дину имон, он имони маънавӣ, ниёз дорад ё ниёз надорад? Ин худаш як баҳс аст. Мубрамтарин ниёзи башари имрӯз ба як имони саҳеҳ аст. Иштибоҳ кард қарни 19-ум, ки хаёл мекард илму ақлу санъату фанну техник метавонад ҷойи дину имонро бигирад. Иштибоҳ кард, ки хаёл кард идеологияҳое, ки башар аз мағзи худаш берун медиҳад, метавонад башарро раҳбарӣ ва ҳидоят кунад. Имрӯз ин матлаб комилан равшан шудааст. Роҷеъ ба эҳсоси ниёзе, ки дар дунёи Урупо ва Омрико ба имони маънавӣ — он имоне, ки пайғамбарон арза медоранд — пайдо шудааст, ман баҳсе намекунам, фақат шуморо ирҷоъ мекунам ба аввалин мақолаи китоби “Муҳаммад (с), хотами паёмбарон”, ки аввалин нашрияи Ҳусайнияи Иршод аст; бибинед, дин дар ҷаҳони муосир чӣ вазъе дорад, ин аташ ва ташнагӣ дар дунёи Урупо чӣ ҳоле дорад! Эҳтиёҷ надорад, ки мо биравем он ҷоро бибинем, мо худамон дунёро мебинем.
Идома дорад…
Қаламонлайн