Исмоил Ҳаниа: “Душман дар баробари шартҳои муқовамат таслим шуд”

Исмоил Ҳаниа: “Душман дар баробари шартҳои муқовамат таслим шуд”
Ахбори байналмилал
Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард: “Душман дар баробари шартҳои муқовамат ва хост ва иродаи миллати мо сари таслим фуруд овард, ки ин амр мунҷар ба тавофуқи оташбас шуд. Ҳол он ки душман бар бозгардондани асиронаш бо зӯри силоҳ ва куштор ва наслкушӣ ҳисоб карда буд.”
Ба гузориши шабакаи Алъолам, Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, дар паёме телевизионӣ ба муносибати оташбаси муваққат дар Ғазза гуфт: “Бар таъаҳҳуд ба тавофуқ то вақте душмани саҳюнистӣ ба он пойбанд бошад, таъкид мекунем.”
Вай афзуд: “Бо назорати бародаронамон дар Қатар ва Миср вориди музокароти душворе шудем ва бо масъулиятпазирӣ онро мудирият кардем. Мо аз Қатар ва Миср ташаккур ва қадрдонӣ мекунем ва бар зарурати идомаи талошҳои байналмилалӣ таъкид мекунем.”
Ҳаниа идома дод: “Душман дар баробари шартҳои муқовамат ва хост ва иродаи миллати мо сари таслим фуруд овард, ки ин амр мунҷар ба тавофуқи оташбас шуд. Ҳол он ки душман бар бозгардондани асиронаш бо зӯри силоҳ ва куштор ва наслкушӣ ҳисоб карда буд.”
Раиси дафтари сиёсии Ҳамос хотирнишон кард: “Мо бо ғурур ва ифтихор, бо ишғолгар муқобила кардем ва тарҳҳои онро ба шикаст кашондем. Мардуми мо низ ҳамосаи истодагӣ ва муқовамат ба сабт расонданд ва муборизони мо захмҳои душманро амиқтар карданд. Мардуми мо дар Ғазза ва Қудс ва саросари Фаластин ва дар ҳар куҷо, ки бошанд, дар ҳоли набард барои озодсозии миҳанамон ҳастанд.”
Вай таъкид кард: “Ҳамос ҳаргиз мавозеъи худро қабл ва баъд аз набард тарк накарда ва намекунад ва ба тамассукамон ба ваҳдати мардуми Фаластин таъкид мекунем.”
Ҳаниа гуфт: “Озодии асирони зан ва кӯдаки фаластинӣ аз зиндонҳои саҳюнистӣ, аввалин ҳадафи мост.”
Раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар поён бо қадрдонӣ аз муқовамати Лубнон ва Яман ва Ироқ, ки бо мардонагӣ ва шаҳомат дар ин набард мушорикат карданд, ташаккур ва қадрдонӣ кард. Ҳамчунин мавзеъи арабӣ ва исломӣ дар радди ҳар гуна мудохила дар таъйини сарнавишти борикаи Ғаззаро сутуд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафири Исроил дар Испониё эҳзор шуд
Фарҳангсолор

Матолиби пурбоздид