Исроил: Ансоруллоҳи Яман пешниҳоди Омрикоро барои музокира рад кард

Исроил: Ансоруллоҳи Яман пешниҳоди Омрико барои музокираро рад кард

Ахбори байналмилал

Маноеи исроилӣ эълом карданд, ки Ансоруллоҳи Яман пешниҳоди Омрикоро ҷиҳати музокира рад кардааст.

Рӯзномаи исроилии Israel Hayom ба нақл аз манобеи амниятии ин режим гузориш дод, Ансоруллоҳи Яман пешниҳоди Омрико барои анҷоми музокираро рад кардааст.

Ин рӯзнома тасреҳ кард, ки Ансоруллоҳ бо таваққуфи ҳамалот ба сарзаминҳои ишғолӣ мухолифат кардааст.

Israel Hayom гузориш дод, ки рӯйкарди Ансоруллоҳ дар чанд рӯзи оянда “ташдиди муқобила бо Исроил” аст.

Гуфтанист, имрӯз Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, аз анҷоми 2 амалиёти низомӣ алайҳи 2 ҳадафи душмани исроилӣ дар минтақаи Ёфои ишғолӣ парда бардошт.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт: “Аввалин амалиёт, истгоҳи барқи душмани исроилӣ дар шарқи минтақаи ишғолии Ёфо (Телавив)-ро ҳадаф қарор дод. Ин амалиёт бо мушаки болистики мофавқи савти “Фаластин 2” анҷом шуд, ки бо диққат ба ҳадаф исобат кард.”

Вай афзуд: “Амалиёти дуввум бо паҳподи “Ёфо” ба самти ҳадафи низомии душмани исроилӣ дар минтақаи Ёфои ишғолӣ шиллик шуд, ки бо муваффақият ба ҳадафи худ даст ёфт.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман идома дод: “Мо бар омодагии болои худ барои муқобила бо ҳар гуна ҳамоқати нерӯҳои мутаҷовизи омрикоӣ ва исроилӣ ё нерӯҳои муртабит бо онҳо аз ҳар тарафе таъкид мекунем. Ба кӯмаки Худованд, қодирем аз Ямани азиз, ҳокимият ва ҳуқуқи машрӯи он дифоъ кунем.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Китоб – беҳтарин ҳамнишин
Ҷаҳаннами инсонҳо

Матолиби пурбоздид