Исроил тан ба оташбас ва табодули асирон дод

 

Исроил тан ба оташбас ва табодули асирон дод

 Эҳтимол дорад ба зудӣ оташбас эълон шавад

 Ҳамос ҳанӯз посух надодааст

Ахбори байналмилал

Farsnews

Як мақоми аршади исроилӣ гуфт, кобинаи Бенёмин Натонёҳу мунтазири посухи Ҳамос ба тарҳи ҷадиде аст, ки барои вақфа дар ҷанги Ғазза пешниҳод шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, як мақоми аршади исроилӣ ба NBC News гуфт, кобинаи Бенёмин Натонёҳу мунтазири посухи Ҳамос ба тарҳи Порис барои табодули асирон ва вақфаи 2-моҳа дар ҷанги Ғазза аст.

Ин мақоми исроилӣ, ки аз мушовирони кобинаи Бенёмин Натонёҳу аст, ба NBC News гуфт: “Ҳама мунтазири вокуниши Ҳамос ҳастанд.”

Пеш аз ин, як мақоми қатарӣ гуфт, барқарории оташбаси фарогир, хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза, таъмини амнияти маҳалли искони оворагон, бозсозии Ғазза ва амалиёти ҷадиди табодули асирон, аз муфоди тарҳи ҷадид аст.

Як мақоми дигари исроилӣ ба NBC News гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамаи чолишҳои пеши рӯ ҳанӯз мушаххас нест, ки ин тавофуқ муваффақ шавад. Фикр намекунам шонси муваффақияти он бештар аз 50 дарсад бошад.”

Асри панҷшанбе Моҷид бен Муҳаммад ал-Ансорӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар муддаӣ шуд, ки дар нишасти Порис пешниҳоде матраҳ шуд, ки ба Исроил ва Ҳамос ироа шудааст. Ӯ гуфт: “Мо дар ҳоли ҳозир, мунтазири посухи Ҳамос ҳастем.”

Музокиракунандагони Исроил, Омрико, Миср ва Қатар дар Порис бар сар чорчӯбе барои таваққуфи ҷанг ва озодии соири асирони исроилии назди Ҳамос ба тавофуқ расиданд.

Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Омрико дар конфронси хабарии муштарак бо ҳамтои қатарии худ дар Вошингтун онро “қавӣ ва қонеъкунанда” тавсиф кард.

Муҳаммад бен Абдурраҳмон бен Ҷосим, вазири хориҷаи Қатар низ бо ишора ба ин ки музокирот дар бораи асирони фаластинӣ ва исроилӣ, нисбат ба ҳафтаҳои гузашта, беҳтар шудааст, гуфт: “Марҳилаи кунунии музокирот метавонад ба оташбаси доимӣ дар оянда мунҷар шавад.”

Ал-Ансорӣ дар идома бо ишора ба ин ки асоси ин пешниҳод, моҳияти оташбаси инсонӣ аст, гуфт: “Дар ҳоли кор бар рӯйи ҷузъиёт ҳастем. Мо бояд бо қудрат ба самти поёни ҷанг дар навори Ғазза ҳаракат кунем.”

Вай ҳамчунин таъкид кард: “Тарафайни исроилӣ ва Ҳамос бар асли ин пешниҳод иттифоқи назар доранд, ки метавонад ба оташбаси инсонӣ хатм шавад. Мо умедворем ин иттифоқ тайи чанд ҳафтаи дигар рух диҳад.”

Як мақоми аршад дар ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) эълом кард, ки ибтикори Порис барои оташбас дар Ғазза шомили се марҳила аст. Марҳилаи нахусти ин тарҳ шомили озодии ғайринизомиён назири занон, кӯдакон, куҳансолон ва беморон аст.

Марҳилаи дуввум шомили озодии тамоми низомиёни зану мард аст. Марҳилаи севвуми пешниҳоди Порис барои оташбас дар Ғазза шомили таҳвили пайкари кушташудагон мебошад. Ин мақоми аршади Ҳамос гуфт: “Тамоми амалиёти низомӣ дар тӯли се марҳила мутаваққиф хоҳад буд.”

Farsnews

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтимоли барқарории оташбас дар Ғазза
Иддаои вазири дифои Омрико: “Сарбозони мо дар Урдун ба дасти гурӯҳҳои ниёбатии Эрон кушта шуданд”

Матолиби пурбоздид