Исроил ҳамлаҳои густарда ба Ғаззаро аз сар гирифт

Исроил ҳамлаҳои густарда ба Навори Ғаззаро аз сар гирифт

Ахбори байналмилал

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, артиши Исроил пас аз чанд рӯзи оромиши нисбӣ, ҳамлаҳои ҳавоии густарда ба Навори Ғаззаи таҳти идораи Ҳамосро аз сар гирифтанд.

Шоҳидон мегӯянд, ки шаби гузашта садои таркишҳои пурқувват аз қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии Ғазза шунида шуд. Мақомоти тандурустии Фаластин гуфтаанд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд, вале теъдоди дақиқи онҳо ҳанӯз равшан нест.

Артиши Исроил изҳор дошт, ки ин амалиёт посух ба ҳамлаҳои мушакии ахири гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ аст. Ба гуфтаи намояндагони низомии Исроил, ҳадафҳои асосӣ иншооти низомӣ ва нуқтаҳои фармондеҳии Ҳамос будаанд.

Созмонҳои байналмилалӣ ва чанд кишвари дигар, аз ҳар ду ҷониб хостаанд, ки аз афзоиши шиддати низоъ худдорӣ кунанд ва барои таъмини оташбаси устувор талош намоянд.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳлилгари саҳюнист: Ҷанги Эрон ва Исроил қатъӣ аст
Тавсияи Душанбе ба Покистон: Гузинаи сулҳро интихоб кунед

Матолиби пурбоздид