Истеъмор ва истеъморзудоӣ

Таҳлили хабарӣ

Истеъмор ва истеъморзудоӣ

Чаро тоҷикон бояд гузаштаи худро бозбинӣ кунанд?

Соли 2024, 100 – солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон – аввалин давлати тоҷикон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил мешавад. Ҳукумати Шӯравӣ ба халқи тоҷик чӣ дод ва осори 70 соли зиндагӣ дар ин низом чист?

Осиёи Миёна чӣ тавр ба ҳайати империяи Русия шомил шуд ва пайомади он чӣ буд?

Бурду бохти ин давраро имрӯз, ки Тоҷикистон ба истиқлолияти давлатӣ ноил шудааст, чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?

Мо итминони комил дорем, ки барои инкишоф ва рушди устувор, ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст, то гузаштаи начандон дури худро дубора таҳлил кунад, аз хатоҳову бохтҳояш сабақ андӯзад ва фарҳехтагону муваффақиятҳояшро дуруст шинохтаву арҷгузорӣ кунад. Барои ин бояд суҳбату баҳсҳои мутавозину асоснок созмон дода шаванд.

Бо ин мақсад, “Азия-Плюс” аз донишманди маъруфи тоҷик, доктори улуми таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон хост то баҳсро оғоз кунад.

Аввалин мавзӯе, ки мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт, ин истеъмору истеъморзудоӣ буд.

Пас аз фурӯпошии ногаҳонии Иттиҳоди Шӯравӣ, низоми сотсиалистӣ ба ҳошияи рӯзгор ронда шуд. Нахуст дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва баъдан дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли баромада аз батни Шӯравӣ раванди бозёбии ҳуввияи сиёсӣ, миллӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд, ки бо номи деколонизатсия маъруф аст. Ин раванд дар ҳар кишвар вобаста ба низоми сиёсӣ ва салиқаҳои элитаи ҳукмрон роҳандозӣ шудааст. Ҳарчанд натиҷаҳои он дар кишварҳои гуногун яксон нестанд, вале ҳамаи ин кишварҳо ин марҳилаи таърихиро аз сар гузаронда, дар ин замина ба наҳве пояҳои истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангии хешро тарҳрезӣ мекунанд.

Истеъмор чист?

Истеъмор (colonialism) дар луғат ба маънои “тасаллути мамлакати қавӣ бар кишвари заиф ба қасди истифода аз манобеи табиӣ ва нерӯи инсонии афроди он бо тазоҳур ба манзури ободӣ ва раҳбарии мардуми он ба сӯйи рушду тавсиа” аст. Ин амал дар робита бо кишварҳои ғарбӣ дар қиболи кишварҳои осиёиву африқоӣ сурат гирифт, ки ба манзури барда кардану баҳракашӣ аз мардуму манобеи кишварҳои мазкур иттифоқ уфтод. Сабаби аслии истеъмори кишварҳо ҳукуматҳои истибдодӣ ва нокоромадии онҳо дар идора давлат буд. Пас аз истеъмор ин кишварҳо ба рӯзгори фалокатбор дучор гашта, мардуми он садсолаҳо бадбахту парешон шуданд.

Асрҳои XVIII – нимаи аввали асри XX давраи авҷи истеъмори ҷаҳонӣ дониста мешавад. Аммо дар нимаи дувуми асри ХХ раванди истеъморзудоӣ (decolonization) дар Осиёву Африқо тадриҷан ба сиёсати давлатӣ мубаддал мегардад.

Истеъморзудоӣ (деколонизатсия) чист?

Истеъморзудоӣ ё деколонизатсия фаротар аз ба даст овардани истиқлоли сиёсии як кишвар аст. Ин хунсо кардани асари истеъмор ва эҳёву ҳифзи мероси фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба забони миллӣ, фароҳам овардани фазои озод барои афроди як миллат барои тарсими таърихи хеш дар зеҳни худ, муайян кардани сарнавишти хеш ва раҳоӣ аз фазои иттилоотиву идеологии кишвари дигар аст. Зеро дар замони истеъмор дониставу надониста мо шефтаи тамаддуни бегона гаштем, таъриху фарҳанг ва ҷаҳонбиниву суннатҳои худро фидо кардем.

Дар ин кор набояд аз давлати хосс ва ниҳоде иҷозат пурсид. Зеро душвортарин марҳила барои тамоми кишварҳои аз чанголи истеъмор озодшуда бозсозии ҳувияи фарҳангии он ҷомеа мебошад, ки тороҷ шудааст. То он ки воқеаҳои саду панҷоҳ соли охир ва фоҷиаи миллии қарни гузашта, ки миллионҳо мардуми бегуноҳро ба коми худ кашид, баҳогузорӣ нашавад, наметавон ҷомеаи озод ва миллати озод офарид.

Чанд навъи истеъморзудоиро сиёсатшиносон баршумурдаанд, ки барои ҷомеаи мо равиши орому сулҳомези он муносибу муфид аст. Ин роҳ, яъне бе матраҳ кардани даъво алайҳи давлати хосс дар фикри бедор кардани мардум, бо назардошти манофеи миллӣ фаҳмондани марҳилаи истеъмор ва арҷгузорӣ ба истиқлолу неъмат донистани он аст. Ба шарте, ки истиқлолу миллатсозӣ танҳо шиори гурӯҳе аз афроди ин миллат набошад ва мардумон шаҳди истиқлолро чашанду аз неъмати озодии воқеӣ баҳраманд гарданд. Дар ғайри ин сурат, истиқлол ба ҷойи муҳимтарин арзиши фарзандони як миллат гаштан, метавонад беразиштарин мафҳум дар назари мардуми муҳтоҷу беҳуқуқу таҳқиршуда бошад. Дар ин тарҳи миллӣ боястӣ донишмандони самтҳои гуногун, аз иқтисоду сиёсатшинос то таъриху забондону фарҳангшинос нақш гузоранд. Танҳо пас аз омода шудани як тарҳи санҷидашудаи илмӣ давлат онро бояд пиёда кунад.

(Азия-Плюс)

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Густариши қудрати нарми Амрико дар кишварҳои Осиёи Миёна
Эъломи ҳамбастагии 800 шахсият аз 60 кишвар бо Ғаннушӣ 

Матолиби пурбоздид