“Ихроҷи сарони Ҳамос аз Қатар”, аҳруми фишори Омрико барои озодии асирони исроилӣ
Ахбори байналмилал
Шабакаи омрикоии CNN хабар дод, ки вазири хориҷаи ин кишвар барои пеш бурдани тавофуқи мадди назари ин кишвар барои озодии асирони исроилӣ аз Ғазза, фишор бар Қатарро дар пеш гирифтааст.
Ду мақоми омрикоӣ ба CNN хабар доданд, ки вазири хориҷаи Омрико Энтони Блинкен ба Қатар дар робита бо ихроҷи раҳбарони Ҳамос паём додааст.
Ба гуфтаи онҳо, Блинкен ба нахуствазир ва вазири хориҷаи Қатар гуфт, ба сарони Ҳамос барои пазириши тавофуқи оташбас ва озодии гаравгонҳои исроилӣ ин паёмро бидиҳанд: “Бояд тавофуқро қабул кунад, вагарна бо хатари ихроҷи сарони Ҳамос аз Қатар рӯбарӯ хоҳад шуд.”
Интишори ин хабар дар шароите сурат гирифта, ки вазири хориҷаи давлати Ҷо Бойден дар сафари давраӣ ба минтақа қарор дорад. Ӯ рӯзи панҷшанбе (дирӯз) дар Қоҳира бо вазирони хориҷаи панҷ кишвари Миср, Қатар, Арабистони Саудӣ, Урдун ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар бораи ҷанги Ғазза ройзанӣ кард.
Ба гузориши CNN, фишори Омрико дар замоне буд, ки музокирот байни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ мутаваққиф шуда буд, аммо ду тараф ҳафтаи кунунӣ дар Дуҳа ба мизи музокира бозгаштанд. Ин музокироти ғайримустақим, ки бо миёнҷигарии Қатар ва Миср баргузор шуда, аввалин музокироте аст, ки тайи ҳафтаҳои ахир баргузор шуд ва қарор аст имрӯз аз сар гирифта шавад.
Манобеи огоҳи омрикоӣ ба ин расонаи наздик ба демукротҳо гуфтанд, паёми ҳушдори Омрико ба Қатар 5-уми март дар Вошингтун тавассути Блинкен ба шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири хориҷаи Қатар гуфта шуд.
Ба гуфтаи мақомоти омрикоӣ, “Қатар ин паёмро дарк карда ва онро бидуни эътироз дарёфт кардааст.”
Тибқи гузориши CNN, мақомҳои қатарӣ изҳор назаре дар бораи ҳушдори Блинкен ба Абдурраҳмон Оли Сонӣ накарданд, аммо гуфтанд, ки Дуҳа фишори зиёде бар Ҳамос ворид мекунад. Ин расонаи омрикоӣ афзуд: “Мушаххас нест, ки оё Қатар ин ҳушдорро ба раҳбарони Ҳамос додааст ё хайр.”
Ҳамос аз соли 2012 дар Дуҳа як дафтари сиёсӣ доир карда ва бархе аз раҳбарони аршади муқовамати Фаластин дар Дуҳа мустақар шудаанд.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: