Ихтилофи Эрон ва Амрико ихтилофи зотӣ аст

Ихтилофи Эрон ва Амрико ихтилофи зотӣ аст

Ахбори байналмилал

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ихтилофи Ҷумҳурии Исломӣ ва Омрико, як ихтилофи токтикӣ нест, як ихтилофи зотӣ аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) дар остонаи рӯзи 13 обон ва ҳамчунин “Рӯзи донишомӯз ва рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ”, бо ҳазорон тан аз донишомӯзон ва донишҷӯён ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ҷанги таҳмилии 12-рӯза дидор ва гуфтгӯ дошт ва дар суханоне дар ин дидор, нахустин мувоҷеҳаи Омрико бо Инқилоби Исломиро мусаввабаи хасмонаи Маҷлиси сенои Омрико хонд ва бо ишора ба барангехта шудани хашми умумӣ аз роҳ додани Муҳаммадризо ба Омрико афзуд: “Миллати Эрон эҳсос кард, ки омрикоиҳо бо сокин кардани Муҳаммадризо дар он ҷо, дар пайи такрори кудатои 28 мурдод ва заминасозӣ барои бозгардондани ӯ ба Эрон ҳастанд, бинобар ин хашмгин ба хиёбонҳо омаданд, ки бахше аз тазоҳурот ва ҳаракати мардумӣ бо ҳузури донишҷӯён мунҷар ба тасхири сафорати Омрико шуд.”

Вай, қасди аввалияи донишҷӯёнро ҳузури ду серӯза дар сафорат ва сирфан инъикоси хашми мардуми Эрон ба дунё хонд ва хотирнишон кард: “Аммо донишҷӯён асноде дар сафорат ёфтанд, ки нишон дод, умқи қазия фаротар аз тасаввурот ва сафорати Омрико маркази тавтиа ва нақшакашӣ барои нобудии Инқилоб аст.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо ишора ба кори маъмулии сафоратхонаҳо дар дунё яъне ҷамъоварии иттилоот ва интиқоли он ба кишварҳои худ, гуфт: “Масаълаи сафорати Омрико ҷамъоварии иттилоот набуд, балки бо ташкили утоқи тавтиа, дар пайи созмондеҳии бозмондагони режими қабл, бархе афроди артиш ва дигарон барои иқдом алайҳи Инқилоб буд, ки донишҷӯён бо фаҳми ин масаъла, сафоратро дар тасарруфи худ боқӣ нигаҳ доштанд.”

Вай, тафсири ҳодисаи тасхири сафорат ба унвони мабдаи мушкилоти Омрико ва Эронро дақиқ надонист ва хотирнишон кард: “Мушкили мо бо Омрико аз 28 мурдоди 32 оғоз шуд ва на 13 обони 58. Ба илова, тасхири сафорат боиси кашфи тавтиа ва хатаре бузурги алайҳи Инқилоб шуд, ки донишҷӯён бо анҷоми ин кори муҳим ва канори ҳам гузоштани аснод тавонистанд моҳияти он тавтиаро фош кунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, иллати аслии душманиҳо ва тавтиаҳои гуногун алайҳи Инқилобро хориҷ шудани тӯъмае ширин аз гулӯи Омрико ва қатъи тасаллути Омрико бар манобеи Эрони хонд ва гуфт: “Онҳо ҳозир набуданд ба осонӣ аз Эрон даст бикашанд, бинобар ин аз ҳамон ибтидо таҳрикоти худро на фақат алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ, балки алайҳи миллати Эрон оғоз карданд.”

Вай, хусуматварзии бардавоми Омрико алайҳи миллати Эронро дар тӯли солҳои пас аз Инқилоб, нишонаи ҳаққонияти фармоиши Имоми бузургвор мабнӣ бар ин ки “ҳар чи фарёд доред, бар сари Омрико бикашед!” донист ва афзуд: “Душмании онҳо сирфан забонӣ набуд ва ҳар чи тавонистанд аз таҳрим, тавтиа, кӯмак ба душманони зотии Ҷумҳурии Исломӣ, таҳрики Саддом барои ҳамла ба Эрон ва кӯмаки ҳамаҷониба ба ӯ, соқит кардани ҳавопаймои мусофирии Эрон бо 300 сарнишин, ҷанги таблиғотӣ ва ҳамлаи мустақими низомӣ барои зарба задан ба манофеи миллати Эрон анҷом доданд, чаро ки зоти истикбории Омрико бо зоти истиқлолталабонаи Инқилоби Исломӣ созгор набуд ва ихтилофи Омрико ва Ҷумҳурии Исломӣ, на як ихтилофи токтикӣ ва мавридӣ, балки ихтилофе зотӣ аст.”

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори Ансоруллоҳ ба ҷанги мустақим бо Исроил
ЮНЕСКО иди Фитр ва Қурбонро ба расмият шинохт

Матолиби пурбоздид