Кишварҳои Осиёи Миёна муроқиби Амрико бошанд
Ахбори минтақа
Михаил Галузин – муовини вазири умури хориҷаи Русия аз кишварҳои Осиёи Миёна хост то дар эҷоди таомул бо ғарб, муроқиб бошанд.
Галузин гуфт: “Мо бо дӯстони Осиёи Миёнаии худ ёдоварӣ кардем, ки “хадамоти хуби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” ба чӣ амре табдил мешавад. Масалан поёни тарҳи Афғонистон ва Амрико ба ҷуз ҳарҷу марҷу вайронӣ чӣ чизи дигареро ба ҳамроҳ дошт?”
Ба гуфтаи вай, дар дунёи имрӯз, ки ба таври фазояндае чандқутбӣ мешавад, ҳеч ҷое барои озмоишҳои демукротизосиюни Вашингтон, ки дар беҳтарин ҳолат ба инқилобҳои рангӣ хатм мешавад, вуҷуд надорад.
Ин дипломати рус дар посух ба суоле, ки дар мавриди таомули кишварҳои Осиёи Миёна, ки узви Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд – Муштаракулманофеъ ҳастанд, бо Амрико гуфт: “Дар ин шароит аз шуракои Осиёи Миёнаии худ даъват мекунем, ки дар таомул бо кишварҳои ғарбӣ то ҳадди имкон муроқиб бошанд ва эҳтиёткорона амал кунанд”.
Галузин афзуд: “Мо бар ин боварем, ки сабот ва амнияти кишварҳои Осиёи Миёна ва дар маҷмуъ, Ҷомеаи ҳамсуд – муштаракулманофеъ дар дараҷаи аввал, вазифаи кишварҳои узв аст, на бозигарони фароминтақаие, ки ҳамон тавре ки дар боло зикр шуд, аҳдофи машкукеро пайгирӣ мекунанд. Барои ҳалли муваффақиятомези он, мо аз ҳамаи абзорҳо аз ҷумла Ҷомеаи Ҳамсуд – Муштаракулманофеъ, Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ва тавофуқоти дуҷонибаи марбута бархурдорем”.
Инчунин вай афзуд: “Дар ин замина наметавонам вақоеи моҳи январи соли гузаштаро ба ёд наоварам, замоне ки иқдомоти сареъ ва ҳирфаии нируҳои ҳофизи сулҳи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ бо нақши таъинкунандаи Русия ба давлати қонунии Қазоқистон имкони бозгардондани назмро дар зудтарин замон фароҳам кард. Ин масъала беҳтарин гувоҳ бар асарбахшии Паймони амнияти ҷамъист”.
Бисёре аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти кишварҳои Осиёи Миёна дар равобити онҳо бо Русия, созу корҳое мисли Паймони амнияти ҷамъӣ, короии мавриди ниёзро надорад.
Иртиботи кишварҳои дӯст ва ҳампаймони Русия бо ғарб, хусусан бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба таври ҷиддӣ боиси нигаронии Маскав гардидааст. То ҷое ки мақомоти рус, саъй доранд ба ҳар тариқе созмонҳои амниятии мавҷуд дар минтақаро коромад ҷилва диҳанд. Дар ҳоле ки моҷарои Қазоқистон, ки дар хабари мазкур ба он ишора шуд, танҳо хуруҷии нисбатан муваффақи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ буда ва дигар маворид ба далели ихтилофоти аъзо, натиҷаи муфиде надоштааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн