Конфронси мероси торихии Фирдавсӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Фарҳанг

Конфронси мероси торихии Фирдавсӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Ахбори фарҳангӣ

Академияи улум эълом кард, ба мизбонии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе конфронси бузурги байналмилалӣ ба ифтихори мероси торихии Фирдавсӣ баргузор мешавад.

Намояндаи Академияи улуми Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб афзуд: Барои аввалин бор дар чунин рӯйдоде на танҳо муассисоти барҷастаи илмии кишварҳои Тоҷикистону Эрон, балки муҳаққиқон аз кишварҳои Швейтсарияву Фаронса низ ширкат хоҳанд намуд.

Ин конфронс ба мавзӯоти ҷуғрофиёи фарҳангӣ, нақди матну қавмнигорӣ бо намунаи мутуни Шоҳнома ихтисос хоҳад дошт ва имкони ошноии бештар бо сохтори сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи Эрони бостонро фароҳам мекунад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Намоишгоҳи саноати дастии Эрон дар Қазоқистон
Суханони ҳакимона аз Гёте

Матолиби пурбоздид