Користон
Ёддошти Додоҷон Атовуллоев
Дар Ворӯ – Бухорои кӯчак агар касе кори аз ҳад аҷоибе, фавқулодае, ҳангуфте, шигитоваре, шигарфе бикунад, мегӯянд користон кард ё користон шуд.
Дар ин чанд соли охир ман ҳеҷ фарохоне, корзореро дар Тоҷикистон ба ин вусъат ва шаҳомат надидаам, ки дар рӯзҳои таҷовузи Ифлосир ба Эрон дидам.
Ҳама Эрон мегуфт.
Эрон маҳбубтарин ва машҳуртарин вожа гашт.
Эрон – садо мекарданд кӯҳҳо
Эрон – туғён мекарданд чашмаю рӯдхонаҳо
Эрон – менавохтанд бодҳо
Эрон – парвоз мекарданд парастуҳо
Эрон – тулӯъ мекард офтоб
Эрон – ғуруб мекард офтоб
Эрон – дуруд гашт
Эрон – бидруд гашт
Эрон – дуо шуд, ниёиш шуд, салавот шуд…
Зардуштию масеҳӣ, шиъаву суннӣ, салафию ҳизбуттаҳрирӣ, муллою бехудо, камунисту демокросихоҳ, муҳоҷиру муҳандис, ҳукуматию антиҳукуматӣ – ҳама Эрон мегуфтанд. Ба ҷуз чанд беҳуввияту манқурту манҳусу макрӯҳ ва як ҳизби пур аз кизб.
Эрон моро васл кард.
Эрон ҷангиҳоро оштӣ дод.
Эрон нишон дод, ки мо – тоҷикистониҳо ҳанӯз имкони ба ҳам омадан ва ба ваҳдати воқеӣ расидан дорем.
Эрон Тоҷикистон шуд.
Тоҷикистон Эрон шуд!
Бо ин шоҳбайти Шоирони халқии Тоҷикистон – Фарзона ва Озарахш ба Шерозу Машҳад, Қуму Табрез, Исфаҳону Рашт, Зоҳидону Ҳамадон, Нишопуру Теҳрон дуруд мефиристам:
«Имрӯзу ҳамеша бошаҳомат бошӣ,
Эрони шарифи мо саломат бошӣ!»
Додоҷон Атовуллоев
Қаламонлайн