Кохи Сафед: “Тамоюле ба густариши даргириҳо ба Лубнон надорем”

Кохи Сафед: “Тамоюле ба густариши даргириҳо ба Лубнон надорем”
Ахбори байналмилал
Anadolu
Сухангӯи Кохи Сафед тасреҳ кард, Вошингтун тамоюле ба ин ки даргириҳои Ғазза ба Лубнон сироят пайдо кунад надорад.
Ба гузориши Ожонсии Anadolu, соате баъд аз суханронии Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ Лубнон, сухангӯи Кохи Сафед тасреҳ кард, ки Омрико тамоюле ба густариши ҷанги Ғазза ба Лубнон надорад.
Сухангӯи Кохи Сафед бо баёни ин ки Ҳизбуллоҳ набояд аз даргириҳо дар Ғазза суистифода кунад, изофа кард: «Мо намехоҳем шоҳиди густариши даргириҳо ба Лубнон бошем.»
Дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳ Лубнон, асри ҷумъа, зимни дархости қатъи содироти нафт ба Омрико ва режими саҳюнистӣ, таъкид кард, истиқрори новҳои Омрико дар дарёи Медитарона муқоваматро наметарсонад ва Омрико омили аслии ҷиноёти Ғазза аст.
Сайидҳасан Насруллоҳ хитоб ба Омрико ҳушдор дод: «Новҳои шумо дар дарёи Медитарона моро наметарсонад ва ҳеч гоҳ моро нахоҳад тарсонд. Ман ба шумо мегӯям барои новҳоятон, ки бо онҳо моро таҳдид мекунед ҳам таҷҳизот омода кардаем. Касоне, ки шуморо дар ибтидои даҳаи ҳаштод шикаст доданд, ҳанӯз зинда ҳастанд ва албатта фарзандон ва наводагонашон низ бо онҳо ҳастанд.”
Anadolu
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гондурас сафири худро аз Телавив фаро хонд
Таҳлили Asriran аз суханони Сайидҳасан Насруллоҳ

Матолиби пурбоздид