Марди воқеӣ

Адаб

Марди воқеӣ

Мактаби инсоният

Абӯсаидро гуфтанд: касеро мешиносем, ки мақоми ӯ ончунон аст, ки бар рӯйи об роҳ меравад.

Шайх гуфт: кори душворе нест, парандагоне низ бошанд, ки бар рӯйи об по мениҳанд ва роҳ мераванд.

Гуфтанд: Фалон кас дар ҳаво мепарад.

Гуфт: Магасе низ дар ҳаво бипарад.

Гуфтанд: Фалон кас дар як лаҳза аз шаҳре ба шаҳре меравад.

Гуфт: Шайтон низ дар як дам аз шарқи олам ба мағриби он меравад. Инчунин чизҳо чандон муҳим ва қиматӣ нест. Мард он бошад, ки дар миёни халқ нишинад ва бархезад ва бихусбад ва бо мардум доду ситад кунад ва бо онон даромезад ва як лаҳза аз Худо ғофил набошад.

Манбаъ: Муҳаммад ибни Мунаввар, “Асрорут-тавҳид фи мақомотиш-Шайх Абисаид”, саҳ.215.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оини ҷавонмардӣ
Бояд ба ҳақиқат рӯ овард

Матолиби пурбоздид