Мардӣ набувад фитодаро пой задан
Ёддошти Дориюши Раҷабиён дар мавриди китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ва ҳавошии пиромуни он
Ъунвони ин матлаб фармудаи 1100-солаи ниёи мост. Мегӯяд, уфтодаро задан нашояд ва агар заррае шарафу ҷавонмардӣ дар вуҷудат боқист, дасти ӯро бигир, то бархезад (Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ). Аммо имрӯза наводагони Одамушшуъаро дар гӯшае аз зодгоҳи ӯ густохонаву бешармона дар ҳоли пой задан ба касе ҳастанд, ки бо дасисаи афроди ҷоҳталабу бенасаб ба зиндон уфтода ва ъоҷиз аз посух гуфтан ба ҳаҷмаҳои ноҷавонмардонае, ки ҳамарӯза аз чапу рост бар сару рӯйи ӯ меборад.
Тозатарин лагад мақолаест, ки таҳти ъунвони пуртумтуроқи “Бархурди номуносиби эҷодӣ ба баъзе ҳаводиси рӯзгор. Нигоҳе ба навиштаҳои дурӯғину тафриқангези Абдухалил Холиқзода дар китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” бо имзои даҳанпуркуни “Ф. Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дирӯз (15.09.23) дар трибуни ҳукуматии khovar.tj мунташир шуд.
Дар як мавриди дигар ҳам ба ин нуктаи муҳим ишора карда будам, ки зоҳиран шоёни такрор аст: Дуруст аст, ки раҳбари кишвар лагоми Фарҳангистони ъулумро ба дасти оқои Раҳимӣ дода, аммо ин бад-он маънӣ нест, ки оқои Раҳимӣ худро донои кул фарз кунаду дуррпароканиҳояш роҷеъ ба замину замону осмону ресмонро хатми калом бидонад. Ҳамагон донанд, ки Фарҳоди Раҳимӣ дар заминаи физику риёзӣ сарришта дораду ҳалолаш бод! Пиёда будани ӯ дар заминаи забону адабиёт аз ҳамон ъунвони мақолааш пайдост, ки “тафриқангез”-ро “тафриқаангез” ангоштааст. Аз ин рӯ, ин сухани оқои Раҳимӣ, ки аз банду басти китоб дар “жанри ёддошт” эрод гирифта, газофае беш нест. Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” як намунаи тамому камоли гунаи адабии ёддоштнома аст ва Фарҳоди Раҳимӣ ҳам ҷуз як эроди тӯхолӣ далеле наоварда, ки чиро набояд онро ёддоштнома ба шумор овард.
Аммо аз банди дувуми матлаби Ф. Раҳимӣ далели эроди ӯ ошкор мешавад, ки рабте ба жонр ё гунаи адабии китоб надорад. Ф. Раҳимӣ бар А. Холиқзода мешӯрад, ки чиро дар китобаш “дастоварду пешравиҳои замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳо” ва “заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонсупориву сарсупурдагиҳо, ҷавонмардиву матонат, дилсӯзиву меҳрубониҳо, ободкориву созандагиҳо, хирадмандиву дурандешӣ ва донишмандиву ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” (инҳо ҳама ному алқоби як нафар аст)-ро нодида гирифтааст. Эроде, ки батамом сиёсист. Вагарна оқои окодемисян Раҳимӣ ҳам нек огоҳ аст, ки нивисандаи ёддоштнома дар интихоби достонҳову моҷароҳои китобаш комилан мухтор аст, чун ӯ аз дидаҳову шунидаҳову андӯхтаҳову озмудаҳои худ мегӯяд, на касе дигар. “Ҳаводиси рӯзгори ман” шарҳи ҳоли Абдулхалили Холиқзода аст, на ман, на Фарҳоди Раҳимӣ. Рӯйдодҳоро ҳам ӯ аз манзари худаш баён мекунад, на аз равзанаи диди ман ё Фарҳоди Раҳимӣ.
Мушкили оқои Раҳимӣ набуди тамаллуқу чоплусӣ дар китоби оқои Холиқзода аст; ъунсуре, ки худи Раҳимӣ дар мақолааш бавузӯҳ ба намоиш гузошта ва дар ин росто банохудогоҳ ё худхоста аз инсоф ҳам гузаштааст. Ӯ муддаъӣ шуда, ки Холиқзода аз “дастоварду пешравиҳо”-и давраи Раҳмон ҳеч нагуфта, дар ҳоле, ки дар сафаҳоти 5 ва 6-уми “Ҳаводиси рӯзгори ман” мехонем: “Солҳое, ки зимистон сарду пурбарф меомад, роҳ бар ин гарданаҳо то шаш-ҳафт моҳ баста мебуд ва қисматҳои водии Фарғонаву Истаравшан ва Зарафшон ба водии Ҳисору қисмати ҷанубии кишвар тавассути қаламрави кишвари ҳамсоя роҳи заминӣ доштанд. Имрӯзҳо давлат дар ҳарду гардана тунел ё нақби нақлиётӣ зада, ҳарду қисмати кишварро дар тамоми сол ба ҳам васл кардааст… Роҳи байни қисмати ҷанубу марказии кишвар ба вилояти Бадахшон низ душворгузар ва дар зимистонҳо баста мешуд. Ҳоло давлат дар ин самт низ роҳ бино карда, ки натанҳо ин ду қисмати кишварро ба ҳам васл намуд, балки то ба Чин рафта, кишварро аз бунбасти нақлиётӣ низ раҳо сохт”.
Эроди дигари Ф. Раҳимӣ марбут ба меҳандӯстии Абдулхалили Холиқзода мешавад, ки дар бахши “Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, Меҳан, ай Меҳан” буруз кардааст. Фарҳоди Раҳимӣ нороҳат аст, ки чиро нивисандаи “Ҳаводиси рӯзгори ман” ба монанди ӯ Иттиҳоди Шӯравиро дӯст намедорад, “ба нақди замони шӯравӣ мепардозад”, ба гунае, ки “хонанда гумон мебарад мубаллиғи сарсахти шӯрависитезе пешорӯяш қарор дорад”. Оқои Раҳимӣ дар ҳоли дифоъ аз импротуриест, ки чанд рӯз пеш 32-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон аз онро ҷашн гирифт. Набояд ба як окодемисян тавзеҳ дод, ки истиқлоли Тоҷикистон бидуни фурӯпошии импротурии манҳуси шӯравӣ ҳосил намешуд. Тамҷид аз Иттиҳоди Шӯравӣ – тамҷид аз он ҳаюлои истеъмор – ситоиши бардадор (ғуломдор) аст, ки ба шакли “сандруми Истукҳулм” дар бархе аз бардагон падид меояд. Оқои Раҳимӣ дар ин дидгоҳи худ шояд банохудогоҳ истиқлоли Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравиро падидае шум донистааст. Ғофил аз ин ки тадовуми вобастагии Тоҷикистон ба Маскав ъомили аслии тирагии рӯзгори мардуми мо пас аз истиқлоли сурӣ ҳам ҳаст.
Раиси Фарҳангистони ъулуми мо аз импротурии Шӯравӣ сипосгузор аст, ки “ба мо ҳамчун миллати воҳид имкони миллатсозӣ дода буд”, ғофил аз ин ки импротурии маҳбубаш миллату сарзамини воҳиди мо – Бухороро сепора кард ва кӯчактарин пораи он ба мо расид; бидуни ҳатто як шаҳри обод. Забони якпорчаи моро чандпора кард. Оё бояд ин ҳақиқати торихиро ба раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон тавзеҳ дод?
Мегӯяд: “ин мо будем, ки ба таври бояду шояд аз он имкони таърихӣ истифода набурдем ва дар ойинаи сиёсати интернатсионалистии шуравӣ худро бохтем. Чаро дар ҳамон давр миллатҳои дигари дар қаламрави империяи шуравӣ сукунатдошта сари манофеи миллӣ тамаркуз намуда, то андозае худро сохтанд, аммо аз дасти элитаи сиёсию мадании мо дар ин замина коре барнаомад?” Дар ҳоле ки як ҷумла болотар нивишта буд: “муаллиф бо нафрат алайҳи давроне, ки дар он фарзандони шоистаи Ватан -устодон Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон ба хотири бақои миллат ҷонфидоӣ намудаанд, бархурд менамояд.”
Яъне талоши миллатҳои дигар барои худсозию худшиносӣ дар ъаҳди Шӯравӣ ба чашми Ф. Раҳимӣ меояд, аммо ҷоннисориҳои тоҷиконе чун Шириншо Шотемуру Чинор Имомуф ва ҳазорон тоҷики дигарро, ки аз дами теғи хунчакони Истолин гузаштанд, намебинад. Ё намедонад, ки далели қатли онҳо дақиқан ҳамон талошҳояшон барои худсозию худшиносӣ буд. Гӯё намедонад, ки устод Ъайнӣ ҳам бо ишғолгарони сурх сари ъинод дошт ва бо подармиёнии Абулқосими Лоҳутӣ ҷон ба саломат бурд ва то поёни ъумраш ба хатти порсӣ вафодор монд, ҳарчанд дастгоҳи таблиғотии Маскав ҳатто имрӯз ӯро падари алифбои порсикуши пириллик медонад. Гӯё нашунидааст, ки Туғрали Аҳрорӣ ҳам ба дасти сарбозони ҳамон импротурии маҳбубаш кушта шуд… Ва агар баростӣ Ф. Раҳимӣ бар ин бовар аст, ки тоҷикон дар даврони Шӯравӣ ҳеч талоше накарданду милали дигар карданд, ном бурдани ӯ аз “устодон Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон” бемаънӣ асту бо сухани худаш таноқуз дорад. Вагарна медонист, ки ҳар як аз ин бузургон дар ростои кору пайкоре, ки мекарданд, аз дасти Шӯравӣ чиҳо кашидаанд ва чигуна тавонистаанд зинда бимонанд.
Мағзшӯии Маскав иҷоза намедиҳад, ки ҳатто окодемисянҳои тоҷик далели хусумати хосси Иттиҳоди Шӯравӣ ба тоҷикону забони порсиро дарёбанд.
Теғаи найзаи фарҳангкуши Иттиҳоди Шӯравӣ ба самти тоҷикон нишона рафта буд, чун забонашон (порсӣ) танҳо забони кулли Шӯравӣ буд, ки аз русӣ сартару бартар буд; забоне куҳантар бо бунмояе бештар; ва фаротар аз марзҳои хунбори шӯравӣ мерафт. Дар натиҷа бояд ҳатталимкон тазъиф ва тикка-пора мешуд, ки шуд. Ва окодемисянҳои мо ҳамчунон дар ҳоли об рехтан ба ҳамин осиёби носавоб ҳастанд.
Ҳол, ки Абдулхалили Холиқзода меояду мегӯяд, ки Тоҷикистонро дӯст дораду аз Иттиҳоди Шӯравии ғосиб дили хуше надорад, бояд бар ӯ шӯрид? Магар дар Тоҷикистони имрӯз ҳам ватандӯстӣ накуҳида асту шӯравидӯстӣ сутуда? То ба кай косаи доғтар аз ош будан?
Фарҳоди Раҳимӣ бо шинохти батамом булшевикмаобона аз кишвару кишвардорӣ нивиштааст: “Ё ин ки муаллифи китоб бар сари болшевикон мешӯрад ва тамоми бадбахтию мусибатро ба вуруду ҳузуру истибдоди онҳо марбут медонад (С.7-8), дар ҳоле ки қабл аз болшевик тайи ҳазор сол тоҷик дар хидмати сулолаҳои бегона буда, таҳти салтанатҳои хилофати арабӣ-исломӣ, қарохонӣ, ғазнавӣ, салҷуқӣ, муғулӣ, темурӣ, шайбонӣ, аштархонӣ ва манғитӣ қарор дошт”. Агар оқои Раҳимӣ андаке фаротар аз чорчӯби мактаби булшевикӣ меандешид, ба ҳеч рӯй он дудмон (сулола)-ҳоро бегона намехонд. Масалан, Темуриён (Гуркониён)-у Шайбониён бо вуҷуди асолати муғулишон худро подшоҳони Муғулистон намедонистанд. Онҳо бо ифтихор худро подшоҳони Эронзамин мехонданд. Темуриён забони порсиро ба шибҳи қорраи Ҳинд бурданду доманаи пӯшиши онро дучандон карданд. Маҳмуди Ғазнавӣ бо ҳама баду хубаш худро аз наводагони подшоҳони “Шоҳнома” медонист. Ҳеч як дар дарбор ба туркию муғулӣ такаллум намекарданд. Амир Ъолимхон ҳам бо ҳама ҳамоқате, ки ба намоиш гузошту бар Рус такя дошт, порсиро забони модарии худ медонист ва имрӯз ҳам фарзандонаш худро тоҷик мехонанд. Аз диди қавмиятӣ ҳам, агар барои ҷаноби Раҳимӣ муҳим бошад, амирони манғит модар андар модар тоҷик (эронӣ) буданд. Муҳимтар аз ҳама, ончи то таҷовузи Артиши Сурх бар Бухорои Бузург ҳоким буд, забону фарҳанги ҷаҳоншумули тоҷикон буд. Ниҳояти шӯрбахтист, ки акнун раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон Худоро сипосгузор бошад, ки Рус омаду Бухороро аз миён бурд.
Ва агар, бар мабнои истидлоли Ф. Раҳимӣ, қавмияти раҳбарон таъйинкунандаи ҳувияти кишвар буд, Иттиҳоди Шӯравии давраи Истолин бояд “Гурҷистон” мешуд ва дар давраи Брежнеф – “Укроин”. Ва Узбакистони ъаҳди Шароф Рашидуф ё Рафиқ Нишонуф бояд “Тоҷикистон” мешуд. Ва Омрикои давраи Борок Убоморо бояд “Кениё” мехондему Бритониёи имрӯзро – Ҳиндустон… Ҳарфи масхарае нест?.. Пас беҳуда набояд ин мантиқи лангро такрор кард.
Як эроди дигари Ф. Раҳимӣ марбут ба бахши “Кунун бишнав аз ман яке достон” (с. 14-30) аст, аммо зоҳиран эродгиранда мутаваҷҷеҳ нашудааст, ки ровии он достон Абдулхалили Холиқзода нест, балки Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон аст. Ӯ дар сафҳаи 14 китобаш нивишта: “Боре дар як нишасти дӯстона Вазири умури дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода аз замони бачагияш ҳикояеро нақл кард” ва достонро баъд аз он ривоят кардааст. Пас мухотаби ин эроди оқои Раҳимӣ бояд оқои Раҳимзода бошад, на Холиқзода. Ҳарчанд ба гилаҳои арзишии оқои Раҳимӣ мешавад посухи ҷомеъашинохтӣ дод. Ӯ муътақид аст, ки достони Рамазон Раҳимзода “шаъну шарафи бонуи тоҷикро то андозае пойин мебарад” ё ин ки ӯ “бо овардани ин ҳақиқати талхи гузашта шаъну шарафи марди тоҷикро паст задааст”. Яъне ба бовари Раҳимӣ, қиссае, ки Раҳимзода ба Холиқзода таъриф кардааст, шаъну шарафи ҳам зану ҳам марди тоҷикро поин мебурдааст ва ҳатто агар ҳақиқат бошад, набояд бозгӯ шавад. Худи Раҳимӣ ҳам онро “ҳақиқати талхи гузашта” номида, аммо аз бозгӯ шудани он нороҳат аст. Шояд бо ин бовари ъомиёна, ки “сари кафида – таги тоқӣ”. Ҳарчанд бояд бидонад, ки сари кафида зери кулоҳ дармон намешавад ва бояд захмро ворасӣ кард, то мудово шавад.
Гуфтанӣ андак нест, аммо дар ин фурсати кӯтоҳ бо ҳамин сухани Абдулхалили Холиқзода аз китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” иктифо мекунам:
«Мақсад аз оинадорӣ бармало кардани заъф баҳри рафъи он аст. Ба оина наметавон шӯрид, шӯридан ба оина худшефтагист, ки дар тиб онро беморӣ медонанд!»
Ҳаққ асту рост!
26 шаҳривари 1402 (16.09.23)
Ёддошти Дориюши Раҷабиён дар мавриди китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” ва ҳавошии пиромуни он
Қаламонлайн