Мафҳуми “инсон” дар афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ

Мафҳуми “инсон” дар афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн

Доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор

Дар назарияи ҳуқуқ саволҳо дар бораи таърифи инсон борҳо ба миён гузошта шуданд, зеро зарурати ин дар натиҷаи танзими ҳуқуқӣ ва татбиқи қонунгузорӣ дар бораи оғози ҳаёт, ҳангоми муайян кардани марги шахс, вазъи ҳуқуқии ҷанин, дар бораи донории узвҳо ва бофтаҳо, табобати беморони рӯҳӣ ва шахсони дар ҳолати кома қарордошта, ба миён меоянд.

Масъалаи моҳияти инсон, пайдоиш ва мақсади инсон яке аз проблемаҳои асосии таърихи афкори фалсафӣ мебошад. И. Кант саволи «одам чист?»-ро масъалаи асосии фалсафа мешуморид.

Дар луғати энсиклопедии Ф.А. Брокхаус ва И. Эфрон омадааст, ки дар аввал истилоҳи «одам» (инсон) аз мундариҷаи ботиние, ки ҳоло ба он муносиб дониста мешавад, холӣ буд. Дар байни қабилаҳои ибтидоӣ танҳо ҳамқабилаи худро «одам» меномиданд. Дар тарҷумаи баъзе забонҳо истилоҳи «одам» ба маънои «аз деҳаи ман», «аз ин сарзамин», «маҳаллӣ» омадааст. Одамоне, ки берун аз доираи қабила, ҷамоа буданд, ё умуман ҳамчун одам дарк намешуданд, ё ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо бегонагон, онҳо ҳамчун як навъи махсуси аҷинаҳо, шайтонҳо ва ғ. ҳисоб мешуданд.

Ба ғайр аз мафҳуми «инсон», дар адабиёти ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мафҳумҳои «шахсият», «шахс» ва «шахси воқеӣ», «кас», «фард», «фардият» низ истифода мешаванд, ки гоҳо ҳамчун муродиф қабул мешаванд ва баъзан маъноҳои дигар низ доранд. Чеҳра бошад, қисми пеши сари инсон буда, кас, инсон, махлуқоти мустақили алоҳида ҳисоб мешаванд. Калимаи «кас» аз истилоҳи махсусан, яъне фард ба вуҷуд омада, ҷудо аз дигарон, фарқ кардан мебошад. «Фардиятӣ» (индивидуалӣ – аз калимаи лотинӣ – тақсимнашаванда) – шахс, фард, воҳид мебошад. Фард ин одами алоҳида, қисми табиат ва ҷамъият аст.

Оғози муайяни ҳар як фард ибтидои ҷисмӣ-табиӣ, ибтидои моддӣ мебошад. Шахс ҷудоии ҷисм ва рӯҳро дарк намекунад. Фардият он чизест, ки як шахсро аз дигараш дар ботин – дар сатҳи шуур фарқ мекунад. Фардият дорои хосиятҳои махсус, ягонаю том ва беназир мебошад. Ҳамин тавр, ҳамаи ин суханон, пеш аз ҳама, дар бораи беназирӣ, мустақилияти шахсияти инсон шаҳодат медиҳанд.

Инсон дар ҷамъият нақшҳо ва хосиятҳои нави иҷтимоӣ пайдо мекунад, ки вайро ҳамчун мавҷудияти иҷтимоӣ, иштирокчии муносибатҳои ҷамъиятӣ тавсиф мекунанд. Ин ҳолати нави ӯро мафҳуми «шахсият» фаро гирифтааст. Мафҳуми «шахсият» моҳияти маънавии шахсро ифода мекунад.

Мафҳуми «инсон»-ро бо мафҳуми «шахс» набояд омехта кард. Мафҳуми «инсон» мафҳуми табиӣ-биологӣ мебошад, мафҳуми шахс бошад, фалсафӣ (психологӣ ва (ё) иҷтимоӣ) мебошад. Шахсият хосиятҳои инсонест, ки дараҷаи муайяни инкишофи равонӣ дорад.

Дар ҳуқуқи Рим шахси воқеӣ ҳамчун одами алоҳидае эътироф мешуд, ки қодир аст субъекти ҳуқуқ бошад. Тибқи ҳуқуқи Римӣ, ҳам классикӣ ва ҳам Юстинианӣ, на ҳама одамон ҳамчун субъекти ҳуқуқ эътироф карда мешуданд. Мардум ба одамони озод ва ғуломон тақсим мешуданд.

Бо назардошти ин хусусияти ҳуқуқи Рим, шароити пайдоиши фард мураккабтар аз ҳуқуқи муосир аст, ки барои ба вуҷуд омадани одами фитрӣ танҳо як роҳ мавҷуд аст – таваллуд шудан. Аммо дар ҳуқуқи Рими замони Юстиниан роҳҳои пайдоиши шахси ҳуқуқӣ аллакай ба табиӣ ва сунъӣ тақсим шуда буданд. То таваллуд шудан шахси воқеӣ вуҷуд надорад. Насситур – ҷанин, ки дар батни модар аст, шахси воқеӣ ба ҳисоб намерафт ва ҳанӯз ҳуқуқи субъективӣ надошт.

Бо вуҷуди ин, ба андешаи ҳуқуқшиносони Рум кӯдаки дар батни модар вуҷуддошта ҳақ дорад, ки дар бораи манфиатҳои ӯ ғамхорӣ кунанд. Қатъ кардани ҳомиладорӣ (бо роҳи сунъӣ исқоти ҳамл) тибқи қонун ҷазо дода мешавад. Қонуни маданӣ кӯшиш мекунад, ки барои ӯ ҳуқуқҳоеро таъмин кунанд, ки агар ӯ аллакай таваллуд шуда бошад, бояд он ҳуқуқҳоро ба даст оварда тавонад. Масалан, агар меросгирӣ дар замоне кушода шавад, ки вориси имконпазири наздиктарин аллакай дар батни модар пайдо шуда, вале ҳанӯз таваллуд нашуда бошад, он гоҳ қабули қарор дар бораи тақдири мерос то ҳал шудани ҳомиладорӣ мавқуф гузошта мешавад. Агар шахси қобили ҳуқуқ таваллуд шуда бошад, пас ӯ мерос мегирад, гӯё вай аллакай дар лаҳзаи кушода шудани ҳуқуқи меросгирӣ таваллуд шуда бошад. Агар кӯдак мурда таваллуд шавад, мерос ба дигар шахс мегузарад.

Аммо ин маънои онро надорад, ки кӯдаки дар батни модар буда аллакай субъекти ҳуқуқ шудааст, масалан, мерос гирифтааст; вай ҳуқуқҳои субъективиро танҳо баъди таваллудшавӣ ба даст меорад. Агар кӯдак мурда таваллуд шуда бошад, пас ӯ ҳуқуқҳои ҳангоми дар батни модар ба даст овардаашро аз даст медиҳад ва дар ин маврид ҳуқуқи шахси интизорӣ бадастнаомада ҳисобида мешавад. Бораи ҳимояи манфиатҳои субъекти ҳуқуқҳои пешбинишаванда қонун ғамхорӣ намуда, ягон субъекти ҳуқуқи навро ба вуҷуд намеорад ё муқаррар намекунад.

Мувофиқи қоидаҳои ҳуқуқшиносии Рум тасдиқи таваллудёбӣ шартҳои зеринро дарбар мегирифт:

1) аз батни модар баромадани кӯдак ба таври табиӣ ё сунъӣ (кесарӣ); пурра ҷудо кардан зарурат надошт, таваллуд пеш аз буридани ноф ба амал меомад;

2) кӯдак бояд зинда таваллуд шавад, бо кадом роҳ ӯ ҳаётро зоҳир хоҳад кард, пас аз таваллуд чандон давомнокии умр аҳамият надошт;

3) кӯдак набояд исқоти ҳамл (ба таври бачапартоӣ) ба дунё ояд, яъне набояд аз синни бармаҳалии таваллуд, нотавонии зиндагӣ кардан бошад. Дар сарчашмаҳо таърифи дақиқи исқоти ҳамл вуҷуд надорад.

4) кӯдак набояд намуди зоҳирии ғайриинсонӣ дошта бошад (монстр, монструм, продигиум ва ғ.);

4) кӯдак бояд аз зани озод таваллуд шавад.

Қонунгузорӣ имкон намедиҳад, ки ба масъалаи дақиқкунии мазмуни мафҳуми «шахси воқеӣ» ҷавоб дода шавад. Истифодаи мафҳуми «шаҳрванд» ҳамчун синоними он аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар як фард бо мавҷудияти шахсияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ – қобилияти эътироф шудан ба сифати шаҳрванд ё шаҳрванди (мансубияти) давлати хориҷӣ фарқ мекунад. Воқеан, ҳуқуқи маданӣ чунин субъектҳоро шахс меномад, вале шубҳае намегузорад, ки «шахс» на ҳамаи шахсҳоро дар маҷмӯъ, балки танҳо инсонҳои алоҳидаро дар назар дорад. Оё соҳибкори инфиродӣ ба истилоҳи «шахс» дохил мешавад ё не? Албатта, ин савол дар қонунгузорӣ беҷавоб боқӣ мондааст. Маълум мешавад, ки азбаски мафҳуми «шаҳрвандон» инсонҳоро ифода мекунад ва бо истилоҳи «шахсони воқеӣ» ҳаммаъно аст, пас масъалаи «кӣ будани шахси воқеӣ» ба саволи «кӣ будани инсон» баробар аст.

Масъалаи «кӣ будани инсон»-ро, албатта, на илмҳои ҳуқуқшиносӣ, балки дар асоси маълумотҳои илмҳои табиатшиносӣ ҳал кардан имконпазир мебуд. Ба ин маъно, беҳтар аст, ки инсон ҳамчун мавҷудоти биологӣ – интиқолдиҳандаи ДНК-и сохтори муайяне муаррифӣ карда шавад. Азбаски сохтори ДНК-и одамро бо илми химия якхела ифода кардан мумкин аст, пас таърифи инсоне, ки тавассути ин хосият ба даст омадааст, дуруст ва дар айни замон дар асоси хусусияти имманентии мафҳуми муайяншуда асос меёбад. Бо вуҷуди ин, чунин таъриф ҳоло (ва дар ояндаи наздик) метавонад хусусияти ҳуқуқӣ ба даст орад, зеро таҳлили ДНК унсури воқеияти ҳаррӯза набуда, албатта, наметавонад шарти ворид шудан ба муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ ҳисобида шавад.

Дар амал мафҳуми ҳуқуқи маданӣ инсонро мафҳуми «эҳтимолияти табиати инсонӣ» иваз мекунад. Ҳар як шахсе, ки дорои аломатҳои муайяни зоҳирӣ мебошад, бояд одам ҳисобида шавад, то он даме, ки шахсони манфиатдор тартиби дигареро исбот накунанд. Ин аломатҳои зоҳирӣ кадомҳоянд? Чунин ба назар мерасад, ки мавҷудияти «ҷеҳраи инсон» аз унсурҳои муайяни анатомӣ ва физиологӣ иборат аст, аз қабили: (1) ҷисми симметрии дуҷониба; (2) дар ҳолати рост истодан ва рост ҳаракат кардан; 3) сар бо узвҳои биниш, нутқ ва шунавоӣ, ки дар он воқеъ гардида, барои муошират мутобиқ шудааст; 4) ду ҷуфти узвҳо – болоӣ, ки дар раванди меҳнат истифода мешаванд ва поёнӣ, ки барои ҳаракати ҷисм дар замон истифода мешаванд; (5) пӯсти рӯпӯш.

Ҳолатҳои деформатсияи модарзодӣ ё маъюбӣ (бадани асимметрӣ, набудани дасту пой, суст инкишоф ёфтани малакаҳои муошират ва ғайра) аломатҳои номбаршударо бекор намекунанд, балки ҳамчун зуҳуроти ғайримуқаррарӣ, ки ба одамон хос нестанд, баръакс, танҳо онҳоро тасдиқ мекунад. Ба ҳамин тариқ, аломатҳои номбаршуда ҳолатҳоеро, ки касро бо як шахси дигар фарқ кардан мумкин аст (зомбӣ, робот, манекен, дугонаи энергетикӣ (астралӣ), арвоҳ, силуэт, тасвир, контур, соя ва ғайра), надорад, зеро шабоҳати аломатҳои зоҳирӣ маънои на шахсияти онҳо ҳангоми муқоисаро надорад. Ниҳоят, баёни табиати инсон ба қобилиятҳои ғайрианъанавии хоси одамони алоҳида – қувваи фавқулоддаи ҷисмонӣ, магнетизм, телепатия, телекинез, левитатсия ва ғайра халал намерасонад, зеро мавҷудияти ин қобилиятҳо аломатҳои зоҳирии инсон, намуди зоҳирии ӯро истисно намекунад, балки онҳоро пурра мекунад. Асоси ин гуфтаҳо далели он аст, ки инсон беҳамто ва беназир аст.

Агар мо ба тарихи гузашта назар афканем, пас мебинем, ки дар баъзе давлатҳо, аз ҷумла, дар давлати Спарта аз байн бурдани кӯдакони заифро меъёр мешумурданд. Гуманистҳои Ренессанс ҳуқуқҳои асосии сиёсии занон ва камбизоатонро эътироф намекарданд. Таъсири ин бархӯрд то ҳол дар бархе аз ҷомеъаҳое боқӣ мондаанд, ки мавқеъи занон ба меъёрҳои аслии байналмилалӣ мувофиқат намекунад.

Ҳангоми таҳияи ин истилоҳот ба саволҳои зерин ҷавоб додан лозим аст:

– ҷанин инсон аст ва клонкунии он клонкунии инсон ҳисобида мешавад ё не;

– клони шахсро, шахси комилҳуқуқ ва субъекти ҳуқуқ донистан дуруст аст;

– мавқеи махлуқи клоншудаи бе майнаи сар (анитсефалия) чӣ гуна аст ва оё аз рӯи конун истифода бурдани бадани чунин махлуқ барои пайвандсозӣ имконпазир аст;

– химера, ки масалан, бо роҳи кӯчонидани ҳучайраи инсон ба овосити ҳайвон офарида шудааст ё аз модари суррогатӣ (мавридӣ) – аз ҳуҷайраи ҳайвон таваллуд шудааст, шахс ва субъекти ҳуқуқ мебошад.

Аз ин рӯ, дар асоси нишонаҳои тиббӣ низ инсонро аз махлуқи дигар фарқ кардан мумкин аст. Тавре ки таҷриба нишон медиҳад, ҳатто бо меъёрҳои равшани биологӣ, инсон ба саволи «оё ин одам аст?» ҷавоб медиҳанд. Масалан, инсонҳои маъюби равонӣ, сарфи назар аз аномалияҳои инкишофи бадан, дар ҳама ҳолат ҳамчун инсон эътироф карда мешаванд. Аз рӯи қонун ба онҳо эътироф шаъну шарафи инсон ва ҳуқуқ ба ҳимоя пешбинӣ шудаанд. Ин ба инсонҳое низ дахл дорад, ки дар инкишофи бадан нуқсонҳои модарзодӣ доранд (масалан, бе даст, дигар узвҳои бадан, бе ягон узв, ба шарти қобилияти зиндагӣ доштани чунин шахс, дугоникҳои сиамӣ ва ғайра).

Аммо вақте, ки кӯдак бе сар, майна ва дигар узвҳои ҳаётан муҳим – дил, шуш ва ғайра таваллуд мешавад, муайян кардани ҳолати ӯ ниҳоят душвор аст. Сарфи назар аз нотавон буданаш, вай метавонад якчанд соат ё дақиқа (баъзан рӯз) зиндагӣ кунад. Аз лиҳози ҳуқуқӣ, ин вазъият мушкилотро ба вуҷуд меорад, масалан, дар давраи муайяншуда бо чунин кӯдак чӣ гуна бояд муносибат кард? Ё дар мавриде, ки шахс аномалия дорад ва ғ.?

Дар хотима метавон гуфт, ки масъалаи муайян кардани мафҳуми «инсон» бори аввал ва ҳамеша дар лаҳзаи таваллуди ӯ ба миён меояд, зеро зуҳури инсон маҳз ба замони таваллудшавӣ вобаста аст, ки ягона роҳи муайян кардани дар ҳаёт зуҳур ёфтани ин ё он нафар эътироф шудааст. Дар баробари ин, барои муайян кардани вазъи ҳуқуқии инсон омили муайянкунандаи оғози ҳаёт низ муҳим аст, чунки намуди зоҳирии шахс дар айни замон дар воқеияти ҳуқуқӣ инъикос меёбад.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии

давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи

А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хотира
Устод Мӯъмин Қаноат ниёз ба муаррифии бузургворона доранд…

Матолиби пурбоздид