Маънои инсон будан
Андешаҳои устод Луқмон Бойматов
“Инсон будан – зеботарин ва болотарин сифоти одам аст. Тӯҳмат ба накӯкорон накунед, ки оини эҳсону накӯкорӣ аз миён хоҳад рафт”.
“Ҳар чӣ дар зоташ накӯст, некзост! Илм маҳсули андеша аст, бояд нек бияндешем”.
“Каломе аз таърих: Дареғо, ба номи пешвоёни палид, ҳазорон мардум зиндагии хешро ҳаром карданд”.
“Миллате, ки кучактарин ҷуръат барои дифоъ аз иззати худ намекунад, сазовори бузуртарин зиллат мешавад”.
“Миллате, ки дифоъ аз ҳақиқату озодӣ намекунад, миллати солим нест”.
“Тааммуле бар амалҳои хеш дошта бошем, зеро ки ташна будан дар сари чашма, баробар бо худкушист”.
“Боргоҳи ҳақиқату адолат он гоҳ пок мешавад, ки агар ҳама бо ҳам дӯсту бародар шаванд”.
“Дурустӣ падидоварандаи ростист. Агар боварҳои хеш дуруст нестанд, ба водии ростӣ нахоҳед расид”
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн