Маҳрум аз муноҷоти бо Худо

Адаб

Маҳрум аз муноҷоти бо Худо

Дар Бани Исроил марде буд, ки мегуфт: Ман дар ҳамаи умр Худоро нофармонӣ кардаам ва басе гуноҳу маъсият, ки аз ман сар задааст, аммо то кунун зиёне ва кайфаре надидаам. Агар гуноҳ ҷазо дорад ва гуноҳкор бояд кайфар бинад, пас чаро моро кайфаре ва азобе намерасад?

Дар ҳамон рӯзҳо паёмбари қавми Банӣ Исроил назди он мард омад ва гуфт:

— Худованд мефармояд, ки мо туро азобҳои бисёр кардаем ва ту худ намедонӣ.

Оё туро аз ширинӣ ва лаззати ибодати худ маҳрум накардаем?

Оё дари муноҷотро бар рӯйи ту набастаем?

Оё умед ба зиндагии хуш дар охиратро аз ту нагирифтаем?

Азобе бузургтар ва саҳмгинтар аз ин мехоҳӣ?

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даҳ гуфтор – ХXIY
Ниёиш

Матолиби пурбоздид