Маҳрум аз муноҷоти бо Худо

Адаб

Маҳрум аз муноҷоти бо Худо

Мактаби инсоният

Дар Банӣ Исроил марде буд, ки мегуфт: Ман дар ҳамаи умр Худоро нофармонӣ кардаам ва басе гуноҳу маъсият, ки аз ман сар задааст, аммо то кунун зиёне ва кайфаре надидаам. Агар гуноҳ ҷазо дорад ва гуноҳкор бояд кайфар бинад, пас чаро моро кайфаре ва азобе намерасад?

Дар ҳамон рӯзҳо паёмбари қавми Банӣ Исроил назди он мард омад ва гуфт:

— Худованд мефармояд, ки мо туро азобҳои бисёр кардаем ва ту худ намедонӣ.

Оё туро аз ширинӣ ва лаззати ибодати худ маҳрум накардаем?

Оё дари муноҷотро бар рӯйи ту набастаем?

Оё умед ба зиндагии хуш дар охиратро аз ту нагирифтаем?

Азобе бузургтар ва саҳмгинтар аз ин мехоҳӣ?

* * *

Паёми достон:

Гоҳе бо дидани ҳолу аҳволи хубу хуши одамони бадкор ва ситамгар ва ин ки бо вуҷуди садҳо гуноҳу маъсият, ки аз онҳо сар мезанад, аммо ҳеч кайфаре намебинанд, пеши худ ба фикр фурӯ меравем ва ҳатто аҳёнан кор ба ҷойе мерасад, ки дар вуҷуди Худо шакку тардид дар мо роҳ меёбад. Ғофил аз он ки худобехабарии ҷамоати бадкору бадкирдору ситамгар ва маҳрумияташон аз ибодати Худо ва аз лаззату ширинии муноҷот бо Офаридгор, худ бузургтарин кайфар ва ҷазои илоҳӣ ба онҳост. Зеро кайфар ва ҷазои моддӣ (мисли он ки одам бо мушкилоте дар зиндагӣ рӯ ба рӯ шавад) дар муқоиса бо ҷазои руҳӣ ва маънавӣ чизе нестанд, ва аслан қобили қиёс нестанд.

Аз ин рӯ, вақте дар худ коҳилӣ ва танбалӣ дар адои намоз эҳсос бикунем ва ё дидем, майли хондани Қуръон ва дуову муноҷот бо Парвардигор дар мо кам шудааст, фавран бояд тавба кунем ва бибинем, чӣ гуноҳе аз мо сар зада, ки ин ҳолат барои мо пеш омадааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Намоз дар биҳишт
Пайғоми баҳор

Матолиби пурбоздид