Миср фарохони сафири худ аз Исроилро баррасӣ мекунад
Ахбори байналмилал
Wall Street Journal
Рӯзномаи омрикоии Wall Street Journal, (шанбе, 27 январ) навиштааст, ки ду мақоми мисрӣ ба ин рӯзнома гуфтаанд, давлати Қоҳира ба таври ҷиддӣ дар ҳоли баррасии фарохони сафир худ аз Исроил аст.
Wall Street Journal навишт, ки мақомоти мисрӣ бар ҳимояти худ аз Фаластин ва ташкили кишвари фаластинии мустақил исрор доранд ва ҳамвора дар хусуси кӯчи иҷбории фаластиниҳо аз хокашон ҳушдор медиҳанд.
Wall Street Journal таъкид кард: “Равобити Миср ва Исроил аз ду даҳаи гузашта то кунун дар пойинтарин сатҳи худ қарор дорад ва ҷанг дар Ғазза ба шиддат бар равобити ду тараф соя андохтааст”.
Wall Street Journal
Қаламонлайн