Муаррифии осори Мӯъмин Қаноат
Нахустин маҷмӯаи ашъори Мӯъмин Қаноат соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расидааст.
Ин шоири маъруфи тоҷик, дар соли 1977, барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт намудааст.
Ин достонҳо сипас чун осори сарфарозшуда ба ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо мунташир ва ба дигар забонҳо баргардон шудаанд: аз он ҷумла, ба русӣ «Голоса Сталинграда», «Советский писатель», 1979 ва нашриёти «Ирфон» (1979), дар Фрунзе ва Нуқусе (1980). Чопи қирғизии ин осор «Достони Оташ» ва ғазалҳои устодро низ дар бар дошт.
Мӯъмин Қаноат, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будаанд. То кунун беш аз 12 маҷмӯаи ашъори ин шоири тоҷик нашр шудааст. Достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Тоҷикистон — исми ман», «Гаҳвораи Сино», «Масъуднома» ва силсилаи «Созҳои Шероз» ӯро ба унвони яке маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 муаррифӣ намудааст.
Яке аз тозатарин осораш достони «Масъуднома» аст, ки дар бораи Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд суруда шудааст.
Дар идома, ба як намуна аз ашъори баланди ин шоир таваҷҷуҳи мухотабро ҷалб мекунем.
* * *
Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ эй ҷаноб,
Ҳарчи меҷӯйӣ, биҷӯ,
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳарчи меҷӯйӣ, биҷӯ.
Порсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,
Ҳарчи мегӯйӣ, бигӯ.
Лафзи ишқу дилбарӣ гӯйӣ варо,
Ҳарчи мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист
Ҳамчу меҳри модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки шири модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн