Мулоҳизаҳо дар бораи ҳарфи “ъ”

Адаб

Мулоҳизаҳо дар бораи ҳарфи “ъ”

Рустами Ваҳҳоб

Маълум аст, ки ҳарфи “ъ” (асосан дар калимаҳои иқтибосии арабӣ) дар забони мо дар ду маврид ба кор бурда мешавад: дар баёни ҳарфи “ъайн” (ع ва аломати “ҳамза” – ء и арабӣ, ки номи ин ҳарф ҳам дар алифбои мо ба эътибори мавриди дувумӣ (ҳамза ء ) “аломати сакта” номида шудааст. Зеро ҳамзаи арабӣ маҳз ҳамон нишони “сакта” дар қироат аст. Ҳамчунин маълум аст, ки мо гӯё ба асоси табиати забони худ барои он қоидае сохтаем, ки тибқи он ин ҳарф, ово, фонема дар аввали калимаҳо ва дар байни калимаҳо, агар аз ду сӯяш овои садонок ояд, хонда намешавад. Мисли: ъамал амал; матбуъот матбуот.

Агарчи воқеан ин шакли навишт ба табиати гуфтори мо ва боқии форсизабонон мусоид аст, вале дар натиҷаи ин тарзи навишт як силсила мушкилоте ба миён меояд, ки нишон медиҳад дар ҳар ҳоле беҳтар аст, ин ҳарф навишта шавад, то аз иштибоҳот эминтар бошем. Масалан, дар навишти калимаҳое аз қабили “самои ирфонӣ” (سماع عرفانی ба маънои рақси орифона), мисрау (мисраву, мисраъву) байт, мавзӯву (мавзӯъву) мундариҷа чандин калимаи дигар, ин мушкил ба назар мерасад. Агар мо эҳсос мекунем, ки мавзуу гуфтан дуруст нест, чаро бо талаффузи сакта дар миёни ду “у” мавзӯъу нанависему нагӯем ва як ҳарфи комилан зиёдӣ, яъне “в”-ро ин ҷо биёрем ва калимаи ғариби “мавзӯъву”- ро ихтироъ бикунем.

Ё вақте нигоранда “самои ирфонӣ”-ро ба маънои суруду рақси орифона ба кор мебарад, ҳатто гоҳо боқии матн ҳам барои мо ба сароҳат маълум намесозад, ки ин ҷо манзур самоъ аст, на само (осмон). Масалан, дар ин шеъри як шоири ҷавон:

Шеъри ту дар самои ирфонӣ,
Мекашад бол мисли қуи сафед…

Ва шоир, ки ба қоидаи навишт пойбанд аст, маҷбур мешавад бо аломат гузоштан дар поварақи дафтари шеъраш шарҳ диҳад, ки ин ҷо манзур “самоъ” (سماع) аст, на “само” (سما). Дарди ба хайр аст, агар ин ҳолат танҳо ба як ду маврид маҳдуд бошад. Хеле зиёд пеш меояд. Ҳамчунин ҳазфи батакрори ин ҳарф дар калимаҳое чун “мисраъ” дар зеҳни ҷои онро комилан тиҳӣ кардааст ва аксаран чунин калимаҳоро бидуни ҳарфи охир дар назар мегирем ва ба кор мебарем. Камтар афроде аз шоирони тоҷик ҳастанд, ки ба ин сабаб дар истифодаи калимаи “мисраъ” ва дигар калимаҳои назири он ба сактаи вазн роҳ надода бошад. Аз қабили:

Мисраҳои ман миёни дафтарам,
Шохаи гулҳои хушканд, эй дареғ…

Агар мо тибқи қоида дар ин байт “ъ” охири мисраъро нависем, ки бояд ҳам ҳатман навишта шавад, вазн хароб мегардад. Аммо ба сабаби ҳазфи батакрори он дар зеҳни як соҳиби забон, ҳатто шоир, ин ҳарф (фонема) дигар аслан вуҷуд надорад. Ҳамчунин, бисёре аз сактаҳои бисёр душворёби вазн, ки шоиронро “дар ғафлат мегузорад”, ҳамин тариқ аз зеҳну тасаввурҳо нопадид шудани ҳарфи ъайн дар аввали калимаҳо аст ва сактаҳои пуршумори вазн дар намунаи зерин ба ҳамин сабаб аст:

Зебанда ба чашм айнак,
Ин зебу фараш барфӣ.

Дар ин байт ъайни аввали калимаи “айнак” (عینک) аз эътибор соқит шуда, сактаи вазн ба миён омадааст. Чунин вазъ бо калимаҳои пуркорбурде дар шеър чун ишқ, (عشق) ақл, (عقل) илм (علم) ва… зиёд дучор меояд.

Бояд ба ёд овард, ки дар забони мо садоҳои арабии сод ص ва сеи сенуқта ث , зол ذ , зодض , зо (изғӣ) ظ , то (итқӣ) ط , ҳеи ҳуттӣ ح низ вуҷуд надоранд, вале мо онҳоро бо ҳарфҳои наздикмахраҷашон се س , зе ز , те ت ва ҳе ه (як фонема) адо мекунем ва асосан масъалае ба миён намеояд. Ба ин тартиб агар ъайн ҳам хосс арабист пас бадали наздикмахраҷи онро дар забони худ бояд ба кор бибарем ва на чандон онро сарфи назар кунем, ки масалан мисли бархе муҷриён бигӯем: “мазаррат мехоҳам”, ба ҷойи “маъзарат мехоҳам”, чаро ки маънои “мазаррат” зарару зиёнҳо (ҷамъ) аст. Пас фонемаи наздикмахраҷ бо ъайни арабӣ дар забони мо, ки шояд дар ҳамаи забонҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, ҳамон сакта аст.

Шарт нест, ки мо ъайни ҳалқии арабиро аз жарфои гулу (дар ғайри мавриди тиловати Каломуллоҳ) талаффуз кунем, вале шарт аст, ки барои равшан шудани маънои калима ба ҷои он садое мисли сактаро риоя бикунем. Ҳамчунин ба ҷои ҳамзаи арабӣ дар калимаҳои маъмур مأمور ва маъмурият مأموریت , масъала مسأله ва масъулият مسؤلیت ва ғайра. Охир мумкин нест, ки ба ҷойи “маъмур” “мамур” ва ба ҷои “масъул” “масул” бигӯему бинависем. Дар ин сурат калимаҳое ҳастанд, ки иштибоҳоти аз ин ҳам бадтар ба миён меояд. Агар ҳарфи “ъ” барои ин мавридҳо ба назари мо муносиб намерасад, пас метавон онро ба аломати дигар иваз кард, вале ҳатман бояд дар навишт ва дар талаффуз мутобиқ ба ба вижагиҳои овоии забонамон онро риоят намоем, то аз чунин иштибоҳоти ногузир эмин бошем.

Ба қалами Устод Рустами Ваҳҳоб

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Се ҳафта монда ба интихоботи риёсати ҷумҳурӣ
Ҳикояти қавми пароканда

Матолиби пурбоздид