Мушакҳои Ҳизбуллоҳ чӣ гуна Омрикоро ба такопӯ андохт?

Таҳлили хабарӣ

Мушакҳои Ҳизбуллоҳ чӣ гуна Омрикоро ба такопӯ андохт?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон

Бо ташдиди амалиёти Ҳизбуллоҳ дар умқи Фаластини ишғолӣ, давлати Омрико бо дастпочагии фаровон фиристодаи вежаи худро дар сафаре аз пеш барномарезинашуда роҳии сарзаминҳои ишғолӣ ва Бейрут кардааст.

Ба гузориши рӯзномаи “Раъюл-явм”, Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари барҷастаи фаластинӣ ва сардабири ин рӯзнома, дар мақолаи ҷадиди худ, ба иқдоми Омрико дар фиристодани Амос Хохштейн, фиристодаи вежаи ин кишвар ба Фаластини ишғолӣ ва Бейрут ишора карда ва навишт: “Ҳангоме, ки Хохштейн, фиристодаи Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико, бо аҷала омодаи сафар ба сарзаминҳои ишғолӣ ва сипас Бейрут мешавад, ин бад-он маъност, ки эҳтимоли вуқӯъи як ҷанги густарда миёни Лубнон ва режими саҳюнистӣ вуҷуд дорад.”

Атвон афзуд: “Ин фиристодаи Омрико, ки дар артиши Телавив фаъолият мекард, барои саҳюнистҳо силоҳ, муҳиммот ва таҷҳизоти пешрафта ва барои лубнониҳо таҳдидҳои пинҳон ба ҳамроҳи худ меовард, то ба ҷанги фарсоишӣ, ки Ҳизбуллоҳ бо маҳорат ва шуҷоат дар ҳимоят аз навори Ғазза алайҳи ишғолгарони саҳюнист ба роҳ андохта ва тайи ҳафтаҳои ахир амалиётҳои худро ба шакли қобили таваҷҷӯҳе шиддат бахшидааст, поён диҳад. Давлати Омрико, ки натавонист муқовамат дар навори Ғаззаро дар музокирот фиреб диҳад; музокироте, ки таъми талае бо тавофуқи заҳрогин аз тариқи миёнҷиҳои араб медод ва тайи он қарор буд дар изои як оташбаси муваққат, асирони саҳюнист аз Ғазза озод шаванд, акнун ба шиддат нигарони густариши доираи ҷанг дар ҷабҳаи шимоли Фаластини ишғолӣ аст; ҷанге, ки на танҳо Телавив маҷбур аст баҳои сангине барои он бипардозад, балки ба қимати аз байн рафтани нуфузи Омрико ва нобудии амнияти пойгоҳҳои он дар минтақаи мо тамом мешавад.”

Дар идомаи ин ёддошт омадааст: “Ҷанги густарда дар ҷануби Лубнон ҳамзамон бо ҷанги Ғазза ва низ ҷанге, ки дар Укройн ҷараён дорад, ҳама бо ҳам ё ба шакли ҷудогона, табдил ба чолише бузург барои Омрико шудаанд. Бинобар ин давлати Бойден хеле сареъ иқдом ба фиристодани Хохштейн ба сарзаминҳои ишғолӣ ва Бейрут кард, то қабл аз ин ки дер шавад танишҳоро коҳиш диҳад. Хохштейн умедвор аст дар коре, ки Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида тайи 8 сафари худ ба минтақа аз замони набарди “Тӯфон ал-Ақсо” то кунун натавонист анҷом диҳад, муваффақ шавад ва таваҳҳуме ба номи роҳкори ду давлат ва ҳазфи муқовамат дар навори Ғазза ва поён додан ба ҳокимияти Ҳамос дар Ғаззаро рақам бизанад.”

Ин таҳлилгари фаластинӣ дар идома ба амалиёти чашмгир ва бесобиқаи Ҳизбуллоҳ алайҳи ишғолгарон дар шимоли Фаластини ишғолӣ ишора ва таъкид кард: “Вуруди 400 мушак ва даҳҳо паҳпод ба Сафад ва Табариё дар 35 километрии ҷануби Ҷалил, оташ гирифтани аксари шаҳракҳои шимолии сарзаминҳои ишғолӣ тайи танҳо 4 рӯз дар канори мушакборони ягони падофанди ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ дар пойгоҳи Ромун, сарнагунии паҳподҳои пешрафтаи Исроил яке пас аз дигаре, сарнагунии болуни ҷосусии режими саҳюнистӣ дар канори соири дастовардҳое, ки Ҳизбуллоҳ дар набард бо душмани ишғолгар рақам зада, ҳамагӣ шикастҳои майдонии силсилавори артиши Исроил маҳсуб мешаванд, ки нишон медиҳад боздорандагии Исроил на танҳо фарсоиш ёфта, балки ба таври комил дар марзи нобудӣ аст.”

Абдулборӣ Атвон дар идомаи ин мақолаи худ тасреҳ кард: “Дар ҳоле, ки машғули навиштани ин ёддошт будам, оқои Амил Лаҳуд, раисиҷумҳури асбақи Лубнон ва дӯсти азизи ман, ки аз ҳомиёни бузурги муқовамат аст тамос гирифт ва иди қурбонро табрик гуфт. Ӯ ба маънои воқеии калима ба ман гуфт: “Саҳюнистҳо ва омрикоиҳо мехоҳанд бо фиребкорӣ ва ваъдаҳои дурӯғин, чизеро, ки дар ҷанги июли 2006 натавонистанд ба даст биёваранд, яъне дур кардани Ҳизбуллоҳ аз марзҳо ба самти шимоли рӯдхонаи Литонӣ, ба баҳонаи коҳиши танишҳо ва ҷилавгирӣ аз густариши ҷанг, акнун муҳаққақ созанд.”

Вай идома дод: “Амил Лаҳуд ба ман гуфт, ки омрикоиҳо ба дунболи наҷоти Исроил ва бозгашти шаҳракнишинони саҳюнист ба шимоли Фаластини ишғолӣ ҳастанд, аммо ба шакли ваҳшатноке шикаст хоҳанд хӯрд, зеро муқовамати Лубнон ба раҳбарии Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ, ки ман ӯро хеле хуб мешиносам ва бо дироят ва огоҳии боло набардро мудирият мекунад, барномаҳои худро пеш мебарад ва ҳатто як милиметр ҳам аз марзҳо ақибнишинӣ нахоҳад кард. Муқовамати Лубнон ба раҳбарии Сайидҳасан Насруллоҳ ба ҳамбастагӣ ва ҳимоят аз мардум ва муқовамат дар навори Ғазза идома хоҳад дод. Ҳизбуллоҳ имрӯз аз он чи дар соли 2006 буд қавитар шудааст ва ман ба ҳама итминон медиҳам, ки нақша душман ба натиҷа нахоҳад расид ва мо пирӯз мешавем.”

Сардабири “Раъюл-явм” хотирнишон кард: “Мо ба ҳеч ваҷҳ хостори ҷанг чӣ дар Лубнон ва чӣ дар ҷойи дигар нестем, аммо агар ин ҷанг ба муқовамат ва қаҳрамонони он таҳмил шавад, бузургтарин ва хатарноктарин ва албатта охирин ҳамоқате аст, ки Исроил анҷом медиҳад ва мунҷар ба нобудии Исроил хоҳад шуд. Ин амр чанд иллат дорад, ки шомили мавориди зер аст:

– муқовамати исломӣ дар Лубнон ба раҳбарии Ҳизбуллоҳ, душмани саҳюнистиро хаста карда, шаҳракҳои онро ба оташ кашида, пойгоҳҳои низомии артиши саҳюнистиро мунҳадим карда ва 200 ҳазор шаҳракнишинро аз шимоли Фаластини ишғолӣ фирорӣ додааст;

– равшан шудани ҷараққаи оташи ҷанг дар шимоли Фаластини ишғолӣ бо Ҳизбуллоҳ ба маънои пайвастани ҳамаи гурӯҳҳо ва кишварҳои Меҳвари Муқовамат ба ин ҷанг аст ва муқовамати Лубнон ҳаргиз дар ин ҷанг танҳо нахоҳад буд.”

Дар идомаи ин ёддошт таъкид шудааст: “Амос Хохштейн бо ваъдаҳо ва тазминҳои дурӯғини худ дар бораи истихроҷи нафт ва гоз ва хориҷ кардани Лубнон аз бӯҳронҳои иқтисодӣ ба дунболи фиреби лубнониҳост, аммо шикаст хоҳад хӯрд ва дасти холӣ аз Бейрут бармегардад, дуруст монанди Блинкен.”

Бар асос ин мақола, режими саҳюнистӣ тавассути мардони муқовамат дар навори Ғазза, ки аз беш аз 8 моҳи гузашта ҳамчунон устувор мондаанд, шикаст хӯрд ва хисороти ҷонӣ ва молии бесобиқаеро мутаҳаммил шуда, ки тозатарини он марбут ба амалиёти гурдонҳои Қассом дар инҳидоми худрави низомии “Намир” ҳомили низомиёни артиши саҳюнистӣ буд, ки мунҷар ба ҳалокати онҳо шуд. Муқовамати исломӣ дар Лубнон ба дунболи ҷанг нест, аммо аз он ҳам наметарсад ва интиқоми хуни шуҳадои худро бо оташ задани шаҳракҳои Ҷалил гирифт.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Риояти назм, беҳдошт ва покизагӣ дар хонавода
Оини ҳамсардорӣ

Матолиби пурбоздид